Дар оғози соли нави таҳсили 2022-2023 китоби «Ҳуқуқи инсон» барои синфҳои 10 ва 11 дастраси хонандагон гашт. Китобҳое, ки пеш истифода мекардем, солҳои 2010 (синфи 10) ва 2011 (синфи 11) аз чоп баромада буданд. Доир ба китоби синфи 10 ва мавзуъҳои алоҳидаи китоби синфи 11 фикру мулоҳизаи худро дар ҳафтаномаи «Омӯзгор» баён карда будам. Аз чопи нави китобҳо хурсанд шудем. Пеш аз ҳама, баъзе мавзуъҳо кӯтоҳ ва бархе тамоман хориҷ карда шудаанд. Дар саҳифаи аввали китоб (10) қайд шудааст, ки «нашри 3 бо тағйироту иловаҳо ва коркарди нав».
Дар ду шумораи «Омӯзгор» (№ 41 ва 42, соли 2022) андешаҳои омӯзгори гимназияи хонандагони лаёқатманди ба номи А. Балъамии шаҳри Ваҳдат Собирҷон Ғуломовро таҳти унвони «Сифати китоби дарсиро такмил бояд дод» хондам, ӯ овардааст: «Мо, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, умедвор будем, ки дар давоми зиёда аз даҳ сол муаллифон пешравӣ ва тағйиротро дар ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб гирифта, доир ба мавзуъҳои китоби дарсии зикршуда далелу навгониҳои ҷомеаро пешкаши хонандагон мегардонанд. Мутаассифона, дар китобҳои нави дарсии зикршуда далелу рақамҳое, ки дар китобҳои дарсии пештара буданд, айнан оварда шудаанд».
Ба ҳамаи он эродҳо ва иловаю пешниҳодҳои устод розиям. Дар баробари ин, мехостам фикру андешаи худро нисбат ба камбудиҳои дигаре, ки дар мақолаи устод С. Ғуломов ишора нашудаанд, баён созам.
Китоби «Ҳуқуқи инсон», синфи 10
Дар китоби мазкур дар мавзуи «Таснифи ҳуқуқҳои инсон» ҳуқуқу озодиҳои инсонро аз рӯйи соҳаҳои фаъолияти ҳаётӣ ба шахсӣ (шаҳрвандӣ), сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҷудо намудаанд. Дар китоби пештара ҳам чунин буд ва ҳар яки онро дар боби алоҳида («Ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ») ба хонандагон муддати даҳ сол омӯзондем. Аммо дар нашри нави китоб ҳуқуқҳои фарҳангиро аз боби «Ҳуқуқу озодиҳои фарҳангӣ» бароварда, боби «Ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа ва ҳуқуқ ба таҳсил» номгузорӣ кардаанд. Инчунин, боби «Ҳуқуқу озодиҳои иқтисодӣ»-ро бе тавсифи умумӣ овардаанд. Шояд муаллифон ҳақ бошанду мо нодуруст шогирдонро даҳ сол омӯзондаем. Мавзуъҳои муҳими барнома «Вазифаҳои инсон ва шаҳрванд», «Ҳуқуқи инсон ва проблемаҳои коррупсия», «Механизми миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон», «Механизмҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқҳои инсон»-ро ҳамчун замима дохил кардаанд. Чаро ин мавзуъҳоро «замима» гӯён ҷой додаанд, бароямон норӯшан монд. Тавре ки пештар гуфтам, баъзе аз мавзуъҳоро дар китоби нав кӯтоҳ кардаанд. Баъзе ҷумлаҳо нотамом монда, маънии худро гум кардаанд, мисол, дар саҳифаи 34 чунин омадааст: «Шаъну эътибор ва қадру қимат категорияҳои муҳимтарини маънавӣ ва ахлоқие мебошанд, ки муносибати боэҳтиромонаро ба ҳар одам»…?? давомаш номаълум.
Камбудии аз ҳама калон дар ин китоб, ба назари мо, он тағйироту иловаҳое, мебошанд, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бори сеюм, (22 майи соли 2016) ворид гардидаанд, бетағйир мондаанд ва чун пешина истифода шудаанд. Аз ҷумла, дар саҳифаи 69, қисми 2-и моддаи 19, дар саҳифаи 84, моддаи 24, дар саҳифаи 90, моддаи 27, саҳ. 91, моддаи 6 , дар саҳ. 93, моддаи 28, дар саҳ. 98, моддаи 29 , дар саҳ. 103, моддаи 31, дар саҳ. 107, моддаи 32, саҳ. 110, моддаи 35, саҳ. 127 моддаи 40, саҳ. 129, моддаи 41 хато омадаанд. Дар саҳифаи 40 ба ҷои моддаи 1 моддаи 41 омадааст.
Китоби «Ҳуқуқи инсон», синфи 11
Дар саҳифаи 142, моддаи 6-и Конститутсияро чунин овардаанд:
«Халқи Тоҷикистонро сарфи назар аз тааллуқоти миллӣ шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил менамоянд». Ба ҷои «тааллуқоти миллӣ» бояд «миллаташон» навишта мешуд. Дар саҳифаҳои 60 шарҳи принсипи ихтиёрӣ, дар саҳифаи 108, ҷумлаи «Агар солҳои 1985-1986 ….» саҳ. 139, дар сухани Маҳатма Ганди маъно коста менамояд ва дар саҳ. 196, баъди «Дар Эъломия боз ду нуктаи дигар таъкид мешавад:» … матн афтодааст ва маълум нест, ки хамон ду нукта кадомҳоянд? Инчунин, дар саҳ. 201 аз «истифодаи кадрҳои танқисӣ дар таъминоти моддӣ- техники мактабҳо» ба омӯзгор маълум нест, ки муаллифон чӣ мехоҳанд? Дар ҳамин саҳифа, поёнтар калимаи «зерин» афтидааст. Дар саҳифаи 124 ба ҷои се принсипе, ки муаллифон мехостанд, мисол биёранд, танҳо ду принсипро овардаанд. Дар саҳифаи 158, дар мавзуъчаи «Таркиби муҳоҷирони иҷборӣ» дастаро бо гурӯҳ омехта кардаанд.
Дар бисёр саҳифаҳо, шояд бо айби нашриёт бошад, чандин хатои имлоӣ дида мешавад, ки ба қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ (имлои ҳарфи ӣ, ӯ ташдид ва ғайра) вобастагӣ доранд. Аммо Анри Дюнанро Андри Дюан ва ЮНИСЕФ-ро ЮНИФЕС навиштан хатои маҳз аст. Инчунин, муаллифон дар китоби дарсӣ расмҳоро доир ба мавзуъҳо кам истифода кардаанд.
Хулоса, бори дигар пешниҳоди якуми устод С. Ғуломовро такрор карданиям, ки мефармояд: «Ба муаллифон зарур аст, ки дар муддати кӯтоҳтарин дастури иловагӣ ба китобҳои «Ҳуқуқи инсон» барои синфҳои 10-11-ро омода намуда, тавассути раёсат, шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва нашрияи «Омӯзгор» дастраси хонандагони ин фан гардонанд. Яъне, нуқсонҳои дар китобҳо ҷойдоштаро бартараф намоянд». Баъди ин, ба назари мо, сифати китоби дарсӣ беҳтар хоҳад шуд.
Ҳ. СИРОҶОВ,
мушовири шуъбаи маорифи
ноҳияи Тоҷикобод
