Тарбия мафҳуми васеъ ва шаклҳои гуногун дорад. Аммо муроди мо тарбияи ахлоқӣ-маънавист, ки имрӯз бо он мушкил дорем. Албатта, “тарбия суст аст”, “корҳои тарбиявӣ хуб ташкил нашудаанд” ва дигар гапҳоро гуфтану эрод гирифтан кори душворе нест, вале худи тарбия як раванди бисёр мушкилу давомдор аст. Фарде, ки худ бевосита ба ин кор машғул нашудааст, онро як кори осону одӣ мепиндорад, вале барои одамоне, ки ба ин фаъолият машғуланд, тарбия як ҷараёни мушкилу тоқатфарсост.
Бо одам, бо инсони зинда сару кор гирифтану солҳо ӯро ба роҳи дурусте ҳидоят намудан ва дар ниҳоди вай хислатҳои ҳамидаро ҷо додану парваридан раванди мураккаб мебошад. Худ қазоват кунед, имрӯз бисёр волидон мегӯянд, ки фарзандамон ба гапи мо гӯш намекунад. Гапи мо, ки ба як ё ду фарзандамон намегузарад, оё бисту сӣ нафарро идора ва дуруст тарбия намудан кори осон аст?!
ТАЛАБА ДАР ХОНА
Ҳангоме ки бача дар хона бошад, падару модараш баробари иҷрои вазифаи хонагӣ аз вай, бахусус, дар деҳа анҷом додани баъзе корҳои хоҷагӣ (оббиёрӣ, даводав аз пушти молу гов)–ро тақозо мекунанд, ки ин ҳам як навъи тарбия аст. Яъне, бача бо кор кардан, заҳмат кашидан хӯ мегирад. Аммо инро ҳам ба ҳадди ифрот расонидан лозим нест. Дар ин миён бачаро сари ин ё он кор, вақти дарстайёркунӣ, зимни шомхӯрӣ насиҳат мекунанд. Одатан, ин тарбияи мо бо “ин корро накун”, “ин кор хуб нест” ва ғайраву ғайра сурат мебандад. Баъзе аз падару модарон ба ин ҳам ҳавсала надоранд. Акнун ин тарбия ба талаба чӣ медиҳад? Аз ҳар рӯз шунидани ин гапу таъкидҳои якрангу такрор ба такрору дилбазан фарзанд дилгир мегардад, вале таъсири дурусте ба ӯ намерасад. Оё бо ин гуна тарбия метавон иктифо кард?! Аз ин гуна тарбия талаба чӣ мегирад, дар ҳоле ки бисёр волидон худ низ маълумоти миёна доранду бас. Бо вуҷуди ин, миёни ин гурӯҳ ҳам одамони оқил кам нестанд. “Накун”–у “нарав”, “рӯят сиёҳ” тарбия нест. Нақли воқеаҳои таъсирбахш аз ҳаёт, овардани ҳикояву қиссаҳои дилписанд аз бузургони илму адаб, байту шеърҳои сара ба инсон таъсири мусбат мерасонанд. Ин гуна падару модарон ҳастанд, лекин нисбатан каманд. Ҳоло худ хулоса кунед, ки ин тарбия дар хона ба бача чӣ медиҳад. Бадтар аз ин, мо беҳтарин арзишҳои суннатӣ ё бобоии тарбияро аз даст додем. Ин арзишҳои ахлоқӣ – дурдонаҳое аз таҷрибаи рӯзгор ба инсон одоби шину хез, равиши ҳурмату адабро ёд медоданд.
Аз ҷониби дигар, таъсири телевизору интернет, телефони мобилӣ хеле афзудааст. Яъне, иттилооти зиёду тамошои филмҳои гуногун, бозӣ бо телефони мобилӣ хоҳу нохоҳ ба бача таъсир мерасонад. Ҳатто падару модароне бо фахр даст ба сина мекӯбанд, ки писар ё духтари чандмоҳа, яксола ё дусолаам бо телефони дастӣ бозӣ карда метавонаду онро медонад. Хуб, қарсак бизанем? Телефонро ба дасташ кӣ медиҳад? Бале, аз мост, ки бар мост. Вақте шогирди мактаб ё кӯдакистон бо иҷозати падару модар ё ҳамроҳ бо онҳо “боевик”–у дигар филмҳои фаҳши барои синну солашон мамнуъро тамошо мекунад, чӣ чизи хубе аз ин “тарбия” мегирад? Замоне кӯдак мебинад, ки одам одамро мекушад, мепаронад ё рафтори фаҳше анҷом медиҳад, хаёл мекунад, ки зиндагию қоидаи ҳаёт ҳамин асту ман ҳам бояд ин гуна бошам.
ТАЛАБА ДАР МАКТАБ
Соати ҳашти саҳар талаба бояд дар синф бошад, ки дарс оғоз меёбад. Дарс баробари таълим тарбия аст. Ҳар дарс, қатъи назар аз кадом фан буданаш, хусусияти тарбиявӣ дорад. Хусусан, дарсҳои адабиёту таърих сар то по тарбияанд. Дар дарс омӯзгор аз зиндагӣ ва воқеаҳои ҷаҳон мисолҳои зиёде оварда, бо ҳамин ҷараёни тарбияро густариш мебахшад. Худи зиндагиномаи Носири Хусраву Синову Ҳофиз ва дигар абармардони адаб як мактаби бузурги тарбия аст. Лекин гап сари он меравад, ки оё ҳамаи мо қодирем, оё ҳамаи мо донишу маҳорату малакаи кофӣ дорем, ки тарбияро дуруст ба роҳ монем ва он натиҷаи хубе дошта бошад? Афсӯс, ки не! Нахуст ҳамин нуктаро бояд таъкид кунам, ки дар муассисаҳои таълимӣ омӯзгорони даврони Шуравӣ кам вомехӯранд. Чанд соли ахир бисёре аз онҳо, ҳатто муаллимони бардаму солимро ҳам ба нафақа гуселондем, қисмате худ баъди нафақа корро бас карданд, иддае ба муҳоҷират рафтанд, қисмате даргузаштанд. Чаро омӯзгорони даврони Шуравиро ёд кардам? Гапам ҷон дорад, зеро як чизи бисёр муҳимро бояд бигӯям. Омӯзгорони замони Шуравӣ, пеш аз ҳама, ПЕДАГОГУ ПСИХОЛОГИ хуб буданд. Мактабу муаллими Шуравӣ, ҳарчанд паст занему наҳ занем, таъсири бузурге дар зиндагию кори мо гузоштанд. Мо гуфтанӣ нестем, ки омӯзгорони имрӯза аз уҳдаи таълиму тарбия намебароянд, имрӯз ҳам муаллимони бомаҳорату соҳибистеъдод кам нестанд, вале қисмате аз педагогикаву психология огоҳии кофӣ надоранд. Аз ин ҷост, ки дар тарбия мушкилот ба вуҷуд меоянд.
ТАЛАБА ДАР КӮЧА
Фарзандони мо ба бозию саёҳат ниёз доранд. Гоҳе ин бозии онҳо ба дарозо мекашад. Бевақт бозгаштан ба хона барои баъзе бачагон ба одати маъмулии ҳаррӯза табдил меёбад ва агар ин маврид падару модар дахолат накунанд, фарзанд одатҳои бад пайдо мекунад. Таъсири муҳит ва кӯча ба бача зиёд аст, ин аст, ки самараи тарбияи хона ва мактабро бар бод медиҳад. Аз тарафи дигар, одамони манфиатхоҳ аз содагию зудбоварии талаба истифода мекунанд ва бача худ нафаҳмида, ба муҳити носолиме ворид мегардад. Ин ҳолат гоҳе ба сар задани ҳодисаҳои номатлуб сабаб мешавад. Бача хоҳ дар шаҳр бошад, хоҳ дар деҳа, беҳудагардӣ барояш мушкил ба вуҷуд меорад. Барои ҳамин, муҳити берунӣ яке аз сабабҳои асосии костани ахлоқ мегардад. Аз ин рӯ, аз ду – се соат зиёд дар берун мондани фарзанд хуб нест.
Ҳоло бисёре аз падару модарон фарзандони худро ба машғулиятҳои иловагӣ дар мактаб ё дигар курсу омӯзишҳо ҷалб менамоянд, ки монеи кӯчагардии онҳо мешавад. Ин як воситаи хубе дар тарбия аст, фарзанди мо ба омӯзиш дода мешавад ва вақти зиёде барои кӯчаравӣ надорад ва ду ё се соати истироҳат ё бозӣ барои бача кофист. Одамоне, ки шароиташон хубтар аст, ҳатто барои фарзандони худ омӯзгор киро мекунанд, то фарзандонашон бисёртар омӯзанд. Дар ин маврид худи падару модар ба тарбияи ворисашон бояд таваҷҷуҳи зиёдтаре зоҳир кунанд, агар робитае миёни таълиму тарбия бошад, ё онҳо дар як радиф қарор гиранд, натиҷаи хуберо чашмдор шудан мумкин аст.
Ҷангибеки УЛФАТШОҲ,
“Омӯзгор”, ВМКБ