Об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам аст. Об захираи бузургест, ки ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзию озодагӣ мебахшад. Ҳастии гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, рустанию инсоният, хосса зиндагии осудаву обод ва озодагию пурбаракати ҳама ба об вобастагӣ дорад. Мо, тоҷикистониён, аз сероб будани сарзамини бузургамон бояд ҳамеша биболем. Тоҷикистон аз захираи об ғанӣ буда, қариб 7000 пирях, 155 кӯли гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор чашмаи одию маъданӣ ва обанборҳои зиёд дорад. Чор унсур дар ҳаёт муқаддасанд: об, хок, оташ, бод. Тамоми мавҷудоти олам ба онҳо эҳтиёҷ доранд.
Зиндагии инсон аз ибтидо то интиҳо ба об марбут аст. Об ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзию покизагӣ мебахшад.
Обро инсон на танҳо барои нӯшидан, пухтани хӯрок, шустушӯй, сохтани манзил, тозагии кӯчаву хиёбонҳо, обёрии заминҳои кишт истифода мебарад, инчунин, об барои мо ҳамчун роҳи нақлиётӣ хидмат мекунад. Ба воситаи дарёву баҳру уқёнусҳо киштиҳои гуногунҳаҷм мусофирон ва бору маҳсулотро мекашонанд. Ба воситаи неругоҳҳои барқи обӣ қувваи барқ ҳосил мешаваду хонаҳои моро равшан мегардонад.
Барои соҳаи саноат низ об яке аз ҷузъҳои асосӣ ба ҳисоб меравад, зеро ҳар як корхонаву коргоҳ барои тайёр кардани маҳсулоти худ аз об истифода мебарад. Модом ки асоси зиндагии ҳамаи мавҷудоти олами зинда об аст, пас, мо вазифадорем, ки ин ганҷи бузургро чун асоси ҳастӣ, чароғи равшандиҳандаи дунёи ҳастӣ эҳтиром намоем ва тозаву покиза нигоҳ дорем.
Олимон исбот кардаанд, ки инсон бе хӯрок метавонад то 3 моҳ ва бе об танҳо 2-3 рӯз зиндагӣ кунад. Дар организми кӯдак 80,6%, миёнсол 75,9% ва калонсолон 60-70% — ро об ташкил медиҳад. Ҳатто 50% организмҳои ҳайвонот ва рустаниҳо аз об иборат аст. Инсон дар як сол тақрибан 60 тонна об менӯшад.
Абуалӣ ибни Сино дар асари ”Қонуни тиб” дар қатори дигар воситаҳои муолиҷаи беморон обро нигоҳдорандаи саломатӣ гуфтааст.
Вобаста ба афзоиши аҳолӣ дар ҷаҳон, талабот ба оби ошомиданӣ низ зиёд гаштааст, вале на ҳамаи давлатҳо имкони таъмини аҳолияшонро бо оби тоза доранд. Онҳоро зарур меояд, то бо сарфи маблағи зиёд аз дигар кишварҳо об ворид намоянд. Ҳоло дар ҷаҳон зиёда аз 600 млн нафар аз норасоии оби тоза азият мекашанд ва ҳамасола зиёда аз 5 млн. нафар аз истеъмоли оби ғайрисанитарӣ ба ҳалокат мерасанд, ки қисми зиёди он ба Африқо, махсусан, ба биёбони Саҳрои Кабир рост меояд.
Бо зиёд шудани муассисаҳои истеҳсолӣ ва воситаҳои техникӣ иқлим гарм шуда, боиси хушк шудани дарёҳо ва аз меъёр зиёд об шудани пиряхҳои кӯҳӣ ва материкӣ гаштааст. Агар ин раванд давом кунад, баъди 100-150 сол 90%-и ҳудуди Африқо ба биёбон табдил ёфта, 5 млрд нафар дар тамоми кураи Замин аз истеъмоли об маҳрум мешаванд.
Моҳияти ин масъаларо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарк намуда, соли 1999 дар ҷаласаи 54-уми СММ пешниҳод намуданд, ки соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза» эълон карда шавад. Пешниҳоди мазкур аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфт. Ҳадафи асосии ин пешниҳод ҳалли проблемаи об дар рӯи Замин буд. Соли 2003 дар Симпозиуми байналмилалие, ки дар шаҳри Токио ба муносибати «Соли оби тоза» гузашт, бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2005-2015 Даҳсолаи амалиёт «Об барои ҳаёт» эълон карда шуд.
Тоҷикистон яке аз кишварҳое мебошад, ки дар саргаҳи дарёҳои бузург воқеъ буда, дорои захираҳои бузурги об мебошад ва аз рӯи захираи оби тоза дар ҷаҳон дар ҷойи 7-ум ва дар ИДМ дар ҷойи 2-юм қарор дорад. Захираи умумии оби Тоҷикистон 88,6 млрд м3-ро ташкил медиҳад, ки ин зиёда аз 60%-и захираи обии Осиёи Миёна мебошад. Бояд гуфт, ки Даҳсолаи байналмилалии амалии “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки аз ҷониби давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид якдилона қабул шуд, бори дигар эътирофи созандагӣ ва ташаббускории ин миллат аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Аз ин рӯ, мо бояд ҳар лаҳзаро ғанимат шумурда, бо роҳи амалӣ кардани қарордодҳои нав, мувофиқати механизмҳои ба ҳамдигар мувофиқ ва аз ҳама муҳим, иродаи некхоҳонаи кишварҳоро эҷод намуда, мушкилоти истифодаи обро дар сатҳи байналмилалӣ аз байн барем.
Абдусафо УМАРҶОНОВ,
муовини ректор оид ба илм,
инноватсия ва робитаҳои
байналмилалии Донишкадаи
кӯҳию металлургии Тоҷикистон,
Баҳринисо ӮЗБЕКОВА,
директори китобхонаи
илмӣ – электронии
ҳамин донишкада