ҲАМБАСТАГӢ СУДМАНДУ ХУШОЯНД АСТ

Тафсири фишурдаи шумораи нави ҳафтаномаи “Омӯзгор”, №16, 20 апрели соли 2023
Барои аҳли ҳафтаномаи “Омӯзгор” иртиботи ҳамешагӣ бо хонандагон хушоянду судманд аст. Фикру мулоҳизаҳо ва эроду пешниҳодоти онҳо ба боз ҳам ҷолибу рангину пурмуҳтаво шудани ҳафтанома мусоидат мекунад. Бузургон фармуда, ки “Аз ҳар чи меравад, садои дӯст хуштар аст”. Бо чопи ҳар шумораи нашрия, бо гузоштани шакли пурраи электронии он дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бо ироаи фишурдаи мундариҷаи хабару мақолаҳои шумораи нав ва ба василаҳои дигар кормандони эҷодии “Омӯзгор” нахуст бар он умеданд, ки хонандагон ҳамбаста бо мутолиаи нигоштаҳо андешаҳои худро иброз медоранд ва ба ин тариқ барои батадриҷ боз ҳам хонданию фарогиртар шудани ҳафтаномаи ҳиссаи шоиста мегузоранд…
Инак, боз як шумораи тозаи ҳафтанома (№16, аз 20 апрели соли 2023) дастраси хонандагони арҷманд гардид. Дар он чун ҳамеша силсилаи гузоришу хабару мақолаҳое ҷой дода шудаанд, ки асосан ба соҳаи маорифи ҷумҳурӣ дахл доранд ва навгониҳои ин соҳаи афзалиятмандро тавзеҳ мебахшанд. Чандест, ки дар саросари кишвар ҳамагон аз афзудани мақоми байналмилалии Ватани азизамон, ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихору қаноатмандӣ суҳбату гуфтугӯ мекунанд ва аз лаҳзаҳои сафари пурбору бобарори Сарвари кишвар ба шаҳри Ню-Йорки ИМА ва баргузории ҳамоишҳои бонуфуз вобаста ба масоили марбут ба об ва ҳифзи пиряхҳо ёдовар мешаванд. Воқеан, ин яке аз ҳодисаҳои хеле муҳиму нусратбахш барои мо – тоҷикистониён дар давоми чанд соли охир буд. Нахустмақолаи шумораи нави “Омӯзгор” ба ҳамин мавзуи мубрами рӯз бахшида шудаасту “Пешниҳоди наҷотбахшу таърихӣ” ном дорад (муаллиф Ф.Шарифзода, номзади илмҳои филологӣ). Мақолаи “Об омили покизагист” (А.Умарҷонов, Б Ӯзбекова), ки дар саҳифаи дувум омадааст, ин мавзуъро мукаммалтар мекунад. Дар мақолаи “Ғалатҳоро ислоҳ мебояд» (Ҳ.Сироҷов) ба мавзуи сифати китобҳои дарсӣ бахшида шудааст. Муаллиф перомуни китобҳои дарсии «Ҳуқуқи инсон» (барои синфҳои 10, 11) ибрози андеша карда, бо таассуф иброз медорад, ки дар онҳо ғалатҳои зиёди имлоиву мантиқӣ, носаҳеҳиҳо дар истифодаи далелу арқом роҳ ёфтаанд ва онҳоро ҳар чи зудтар ислоҳ мебояд кард.
«Накун» — у «нарав» тарбия нест» — чунин ном гирифтааст мақолаи мухбири ҳафтанома дар ВМКБ Ҷ.Улфатшоҳ ва он ба масоили марбут ба тарбияи насли наврас бахшида шудаасту мулоҳизоти ҷолибу судмандро дар бар мегирад.
Матни фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани муассисаҳои соҳаи маорифи ҷумҳурӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024» ва Нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023, №125 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024» дар се саҳифаи ҳафтанома ҷой дода шудааст (саҳ. 4-6). Шиносоӣ бо ин аснод ва амалиёт дар заминаи онҳо барои омодагии комил ба зимистонгузаронӣ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ хеле судманд хоҳад буд.
Ду мақола дар саҳифаи 7 – «Файзи даврони истиқлол» (М.Мамадназарбекова) ва «Таваҷҷуҳ ба омӯзиши таърих» (Р.Сангов) дар сатҳи муайян дастовардҳои кишварро дар даврони истиқлол дар соҳаи маориф ва баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла, «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат»-ро ҳамчун омили муҳимми таҳкими хештаншиносӣ тавзеҳ мебахшанд. Дар саҳифаҳои 8-9-и нашрия ва дар чанд саҳифаи дигар хабарҳо вобаста ба навгониҳо дар Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дарҷ шудаанд ва бозгӯи онанд, ки ҳамарӯза дар вазорат баҳри пешрафти пайвастаи соҳа корҳои зиёде анҷом дода мешаванд.
Ҳафтанома мавзуъҳои худшиносии миллӣ ва муқовимат бо ифротгароиро мунтазам пайгирӣ мекунад. Дар ин шумора (саҳ.10) мақолаҳои устодон Б.Саидзода, Б.Саидов ва Ф.Гадозода («Ҷавонон-неруи созандаю бунёдкор», «Мубориза бо ифротгароӣ ногузир аст») ба ҳамин мавзуъҳо бахшида шудаанд.
Профессори ДДК ба номи устод Рӯдакӣ Ислом Ғуломов, ки аз муаллифону ҳаводорони дерини ҳафтанома мебошад, оид ба дониш ва аҳамияту моҳияти иҷтимоию фалсафии он дар се боб мақолаи ҳикматбору фарогире нигоштааст, ки боби аввали он – «Нигоҳе ба осори файласуфони аҳди қадим» дар саҳифаи 11-и нашрия ҷой дода шудааст.
Мутолиаи мусоҳибаи мухбири «Омӯзгор» Ш.Раҷабзод бо мутахассиси шуъбаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ А.Байзоев барои кулли алоқамандони соҳаи маориф муфид хоҳад буд (саҳ.12). Дар мусоҳиба, ки дар шумораи оянда идома хоҳад дошт, сухан аз дастовардҳои соҳа дар даврони истиқлол ва баъзе масоили умдаи таълиму тарбия ба миён омадааст.
Мақолаҳои «Олами суруд ва мусиқӣ» (М.Ҳусейнов), «Бетараф набошем» (С.Давлатова), «Чашмаи саршори илм» (Л.Ғуломова) ва «Табодули таҷриба самар меорад» (Ш.Нурматов) саҳифаи «Таълим»-и нашрияро муҳтавобахш шудаанд. Дар саҳифаҳои минбаъдаи ҳафтанома мақолаҳо оид ба фаъолияти чанде аз омӯзгорони варзида чоп гардидааст. Ду мақола «Қадамҷои Чилчанор» (Н.Ҳасанов) ва «Гулистони муаттари умр» (Б.Сафаров) ба озмунҳои «Тоҷикистон диданист» ва «Омӯзгор –машъалафрӯзи ҷомеа» бахшида шудаанд ва дорои далелу мулоҳизоти ҷолиб мебошанд. Дар саҳифаҳои ҳафтанома, инчунин, якчанд эълон ҷой дода шудааст.
Умедворем, ки шумораи навини ҳафтанома низ чун шумораҳои пешин мақбули хонандагон мегардад ва мавриди баҳрабардориҳои онҳо қарор мегирад.
Навбатдори шумора: А.Муродӣ