БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ РАҲИМ САИДЗОДА АЗ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ РАҚАМИ 29-И НОҲИЯИ АЙНӢ

17 апрели соли равон вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 29-и ба номи Султон Мергандови деҳаи Гузари Боди ҷамоати деҳоти Рарзи ноҳияи Айнӣ боздид намуда, бо рафти таълиму тарбия дар муассисаи мазкур шинос гардид.
Зимни боздид аз муассисаи мазкур ба вазири маориф ва илм иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаи мазкур 276 нафар хонандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, 24 нафар омӯзгорон, ки аз онҳо 20 нафар дорои маълумоти олӣ мебошанд, ба онҳо таълим медиҳанд.
Бинои муассиса соли 1972 сохта шуда, соли 2021 аз ҳисоби маблағҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ аз таъмири капиталӣ бароварда шудааст. Ҳамчунин, соли 2012 дар мавзеи Кунзар 4 синфхонаи иловагӣ барои хонандагони аз мавзеъҳои дурдаст сохта шудааст, ки Айни замон дар ин синфхонаҳо 48 нафар хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар як баст ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Дар рафти боздид Раҳим Саидзода қайд намуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо ба таълиму тарбия, махсусан сифати таҳсилот диққати махсус дода мешавад. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки дар ҷавоб ба ғамхориҳои Пешвои миллат рисолати омӯзгории худро бо масъулияти баланд иҷро намоем. Зимни суҳбат бо хонандагону омӯзгорон оид ба вазъи омодагии хатмкунандагони муассисаи таълимӣ ба имтиҳонҳои Маркази миллии тестӣ, интихоби касб, омӯзиши забонҳои русию англисӣ, аз бар намудани 400 вожаҳои серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русию англисӣ, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм — фурӯғи маърифат», «»Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат», «Тоҷикистон — Ватани азизи ман » изҳори назар кард. Ба масъулин ва омӯзгорон таъкид кард, ки баланд бардоштани сифати таълим аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар як корманди соҳаи маориф аст. Қайд гардид,ки таваҷҷуҳу дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ зиёд аст. Ба ин хотир, маҳз ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ диққати алоҳида дода шавад.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон