Зиёбой Ҷалилов яке аз зиёиёни шинохтаи шаҳри Панҷакент мебошад. Ӯ солҳои сол дар пешбурди илми филологияи тоҷик заҳматҳои зиёде ба харҷ додааст. Натиҷаи меҳнати пурбаракати устод Ҷалилов дар китобу дастурҳои таълимии “Насиҳат гӯш кун, ҷоно!”, “Усули истифодаи тест дар ҷараёни забони тоҷикӣ”, “Бахтиёрнома”, “Асрори мадрасаи Олим Додхоҳ”, “Маҷмуи диктантҳо аз фанни алифбои ниёгон”, “Назаре ба осори илмии Ҳаким Умари Хайёми Нишопурӣ” ифода гардидааст. Аксари осори ин устоди таҷрибадору пуркор ҳангоми дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент фаъолият намуданаш мунташир гардидааст.
Устод Зиёбой Ҷалилов ҳам омӯзгори асил асту ҳам муҳаққиқи пуркор. Ҳамеша ба дарсҳо бо омодагии комил ҳозир мешуд. Борҳо шоҳид шудаем, ки мавзуи дарсро бо маҳорати баланд ва шавқу ҳаваси зиёд ба шогирдон мефаҳмонд. Азбаски сермутолиа аст, дараҷаи таҳқиқи мавзуи мавриди назар ва сатҳи омӯхташудани рӯзгори адибонро хуб медонад ва барои мутолиаи бештар ба донишҷӯён сарчашмаҳои арзишмандтарини таҳқиқотро тавсия менамояд. Мавсуф, ҳамчунин, солҳои тӯлонӣ (1975-1977 ва 1985-1987) дар хоки Ҷумҳурии Афғонистон адои вазифа намудааст. Баъди бозгашт ба Ватан боз ба касби омӯзгорӣ пардохтааст. Ӯ ба корҳои илмӣ — таҳқиқотӣ ва эҷодӣ аз солҳои донишҷӯӣ оғоз намудааст. Нахустин навиштаҳояш, яъне, маводи фолклории гирдовардааш соли 1967 дар маҷмуаи дастаҷамъӣ таҳти унвони “Сумане аз ҳар чамане” (Нашриёти давлатии Тоҷикистон) ба табъ расидааст.
Баъдан, дар тарҷумонӣ ва омӯзгорӣ китобу рисолаҳои дигари илмӣ, методӣ, таълимӣ, таърихӣ, адабӣ, бостоншиносӣ ва публитсистии ӯ аз қабили “Муҳовараи русӣ ба дарӣ” (Афғонистон, 1986), “Бахтиёрнома”, (Панҷакент, 1989), “Ҳикоятҳои ширини форсӣ”, (Душанбе, 1990), “Муҳовараи русӣ — тоҷикӣ” (Панҷакент, 1995), “Луғати мухтасари техникии русӣ-тоҷикӣ” (Душанбе, 1998) “Риёзун носеҳин”–и Муҳаммад Рибҳомӣ (Хуҷанд, 2007, қисми 1 ва 2), “Ҳикояту ривоятҳо аз рӯзгори ашхоси таърихӣ” (Хуҷанд, 2008), “Истифодаи усули тест дар ҷараёни дарси забони тоҷикӣ”, (Панҷакент, 2008), Ҳикоятҳои пандомези аҳди Султон Маҳмуди Ғазнавӣ” (Панҷакент, 2010-2012), “Нигоҳе ба асотиру сарчашмаҳои таърихӣ оид ба пайдоиши ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз” (Панҷакент, 2012), “Гулчини луғатҳои душворфаҳми адабиёти асрҳои 10-15-и тоҷик” (Панҷакент, 2013) аз чоп баромада, дастраси хонандагон гардидаанд. Инчунин, даҳҳо мақолаи илмию методӣ ва оммавию публитсистии ӯ дар саҳифаҳои рӯзномаю маҷаллаҳои ноҳиявию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ба табъ расидаанд.
Хизматҳои шоёни устод Зиёбой Ҷалиловро раёсати донишкада, ҳукумати шаҳри Панҷакент ва вилояти Суғд борҳо бо сипосномаю ифтихорномаҳо қадрдонӣ намудааст.
Мо, устодони донишкада, ба собиқ ҳамкори хеш, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон, дорандаи медалҳои “Барои шуҷоат” ва “Аз халқи афғон”, муҳаққиқи пуркору номвар Зиёбой Ҷалилов дар ҷашни 75-солагии зодрӯзаш барору комёбиҳо таманно намуда, хоҳони тансиҳативу хонаободии ҳамешагиаш ҳастем.
Гулпарӣ ШАРИФОВА,
Фотима СИРОҶЗОДА,
устодони Донишкадаи
омӯзгории Тоҷикистон дар
шаҳри Панҷакент
