ИЛМ ЧУН БАР ДИЛ ЗАНАД, ЁРЕ ШАВАД

Рӯзигул Розиқова соли 1989 ба факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1994 онро бо ихтисоси омӯзгори биология хатм намуд. Фаъолияти кории ӯ аз давраи донишҷӯияш шуруъ гардидааст. Солҳои 1989-1990 ҳамчун лаборанти шуъбаи “Генезис ва картограф”, солҳои 1991-1998 омӯзгори биология дар МТМУ №19, ноҳияи Файзобод, солҳои 1999-2007 омӯзгори биология дар МТМУ №200, ноҳияи Рӯдакӣ, солҳои 2010-2022 омӯзгори биология дар МТМУ №63, ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кор карда, аз моҳи августи соли 2016 то имрӯз ба ҳайси муовини директор оид ба корҳои таълим ва тарбия дар ҳамин даргоҳ фаъолият дорад.
Ӯ касб, мактаб ва шогирдонашро дӯст медорад. Шиори муаллима дар зиндагӣ тарбия намудани шогирдон дар руҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ мебошад. Рӯзигул масъулиятшинос буда, ҳамеша дар ҷустуҷӯю такопӯ аст. Ҳеҷ гоҳ ӯро бекор намеёбӣ, ҳамеша саргарми корест, ки бар уҳда гирифтааст. Дар аснои кор, агар байни ҳамкорон касе чизеро нафаҳмад, ё дар иҷрои вазифаи душворе дармонад, ҳатман аз он кас ёрӣ мепурсанд ва вай бо нармию мулоимӣ ба эшон кумак мерасонад. Ҳар коре то имрӯз анҷом додаасту медиҳад, на ба он хотир аст, ки аз касе таърифу тавсиф бишнавад ё барояш ҷоизае бидиҳанд, балки барои Ватан, бо мақсади ободиву гулгулшукуфии ин диёри нозанин аст.
Шогирдони Р.Розиқова дар олимпиадаву озмунҳои зиёди ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои намоён ва ифтихорномаву ҷоизаҳо гаштаанд. Чанд мақолаву матолиби навиштааш дар ҳафтаномаву маҷаллаҳои кишвар нашр гардидаанд.
Муаллима Рӯзигул Розиқова дар баробари омӯзгори хуб будан, инчунин, модар аст. Ӯ соҳиби ҳамсар ва чор фарзанд — ду писару ду духтар мебошад, ки се нафари онҳо соҳибмаълумот буда, фарзанди хурдӣ дар муассисаи таҳсилоти миёна таҳсил дорад. Мо ба муаллимаи азиз тансиҳатию рӯзгори хуш ва муваффақиятҳои беназир орзумандем.
Дилбар МИРОВА,
омӯзгори МТМУ №63,
ноҳияи Шоҳмансур