Дар урфият мегӯянд: «Амали нек шарофатбор аст, шарофаташ ба ҳама мерасад». Ба ҳақиқати ин ҳикмат, албатта, шубҳае нест. Амалҳои неки бисёр касон борҳо онро собит кардааст. Аммо сиёсати башарпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асолату воқеияти ҳикмати мазкурро ба таври хеле барҷаста ва дар сатҳи байналмилалӣ собит кард. Агар дар давоми солҳои 90-уми садаи бист аҳли сайёра сухан аз сулҳи тоҷикон мегуфтанду ситоиши корномаи сулҳу ваҳдатгароёнаи Сарвари кишвари моро мекарданд, пасонтар ба ин амали неки Президенти Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ба миён гузоштани масоили марбут ба об зам гардид ва аҳли сайёраро ба ваҷд овард. Вобаста ба сиёсати сулҳдӯстонаи Пешвои миллати мо Президенти Россия В.Путин чунин гуфта буд: «Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷастаи ҷаҳонӣ буда, дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ мамлакате дида намешавад. Ҳар он чи дар ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хубест барои бисёр халқҳои мамолики дигар». Бруно Оберле – директори генералии Иттиҳоди Байналмилалии ҳифзи табиат бошад, чунин ибрози назар кардааст: «Агар амиқ назар афканем, аз бисёр ҳадафҳои байналхалқӣ муҳимтаринашон ба об иртибот дорад. Об як қисми ҳаётбахши табиат аст ва ба он бояд хеле эҳтиёткоронаю ғамхорона муносибат намоем. Ба ибораи дигар, ҳастии мо бо об алоқаманд аст ва инро ҳамеша дар мадди назар бояд дошта бошем. Дар ҳалли ин масъалаи муҳим дар сатҳи ҷаҳонӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ташаббус кор ва пешгом аст». Ҳамакнун ба ибтикороту ташаббусҳои байналмилалии Сарвари кишвари мо масъалаи дигар зам гардид: Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарзанди дилсӯзу бедору ҳушёр ва ояндабини сайёра масоили ҳамбаста ба ҳифзи пиряхҳоро чун сарчашмаи оби тоза дар сатҳи ҷаҳонӣ ба миён гузоштанд. Аз ин лиҳоз, боз як иқтибоси дигар меоварем, ки ба Петери Таалас – дабири кулли Созмони байналмилалии обуҳавошиносӣ тааллуқ дорад: «Мо аз Тоҷикистон барои нақши фаъол дар масоили обу пиряхҳо сипосгузор ҳастем. Моҳи июни соли гузашта (2022) мо аз диёри тоҷикон дидан намудем ва шоҳиди он гаштем, ки бо пиряхҳо чӣ ҳодиса рух медиҳад ва аз ин рӯ, комилан мефаҳмем, ки Тоҷикистон чаро ин қадар ба масъалаи об ва пиряхҳо таваҷҷуҳ дорад. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи муҳимми об ҳастанд ва барои тамоми Осиёи Марказӣ неру мебахшанд. Мо аз Ҳукумати Тоҷикистон ва Президент, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми барҷастаашон дар ҳалли масоили муҳимми вобаста ба иқлими сайёра сипосгузорем».
Рӯзҳои 22-24 марти соли равон таваҷҷуҳи тамоми сокинони сайёра ба шаҳри Ню-Йорки ИМА ҷалб шуда буд. Ин ҷо Конфронси СММ оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар сатҳи олӣ баргузор гашт. Даҳсолаи мазкур бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шудаву аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтааст. Дар ин ҳамоиши бонуфузи таърихӣ Сарвари кишвари тоҷикон иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҳамкориҳо дар бобати об, тағйирёбии иқлим ва таъсири оқибатҳои он ба захираҳои об, пешгирии офатҳои табиӣ, рушди иқтидорҳои тавлиди «неруи сабз», қабули Қатъномаи Маҷмаи умумии СММ аз рӯи ташаббуси панҷуми Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо аз мавзуъҳои асосии конфронси мазкур буданд. Зимни суханрониашон Пешвои миллат, аз ҷумла, иброз доштанд: «Ҳадаф аз ташаббусҳои мо дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо тавассути дипломатияи об ва истифодаи оқилонаи захираҳои он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид намудани мушкилоти ин соҳа ва дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо мебошад… Обшавии босуръати пиряхҳо, ки сарчашмаи асосии оби тоза ба шумор мераванд, раванди нигаронкунанда мебошад ва мо бояд барои пешгирӣ аз он чораҳои муассир ва муштарак андешем». Нигарониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин лиҳоз, дарвоқеъ, асоси ҷиддӣ доранд ва бо тақдири сайёра алоқаманданд. Дар чанд соли ахир, ба таъкиди коршиносон, таъсири шадиди гармшавии глобалӣ дар табиат беш аз пеш мушоҳида мешавад. Босуръат об шудани зиёда аз ҳазор пирях дар Тоҷикистон воқеаи ташвишовар аст; сол то сол ҳаҷми пиряхҳо кам шуда, дар даҳсолаҳои минбаъда хатари пурра аз байн рафтани қисмате аз онҳо ба миён меояд. Мисол оварда мешавад, ки бар асоси таҳқиқоти илмии табиатшиносӣ яке аз пиряхҳои машҳури кишвар – Хирсон (дар саргаҳи ҳавзаи дарёи Ванҷоб) зери хатари ҷиддии обшавӣ қарор дошта, забонаи пирях ҳоли ҳозир нисбат ба соли 2021 ба андозаи беш аз як метр ва даҳанаи он зиёда аз се метр қафо рафтааст. Пиряхҳои дигар, аз қабили пиряхи Федченко, пиряхи Грум-Грижимайло, пиряхи Гарморо низ вазъ нигаронкунанда аст. Ҳамин гуна ҳолат бо пиряхҳо дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон ба қайд гирифта шудааст. Сарвари кишвари мо, ки табиатан башардӯсту тамаддунпарваранд, нисбат ба фардои сайёра бетарафу бепарво буда натавонистанд ва ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳифзи фаъолонаи табиат ва муҳити зист даъват карданд. 14 декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ҳамовозии 153 кишвари олам ташаббуси панҷуми ҷониби Тоҷикистон дар бораи эълон гардидани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» қабул гардид. Аз соли 2025 ҳар сол дар тамоми дунё 21 март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таҷлил мешавад. Барои маблағгузории ҳифзи пиряхҳо дар сохтори СММ фонди махсус таъсис дода шуд. Боиси ифтихори мост, ки соли 2025 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад. Ташаббусҳои Пешвои миллати мо, аз ҷумла, оид ба ҳифзи пиряхҳо ҳамчун муҳимтарин сарчашмаи оби тоза, аз як тараф, бо ҳифзи ҳаёти осудаву пурнишоти аҳли олам мусоидат кунанд, аз ҷониби дигар, боиси боз ҳам боло рафтани обрӯю эътибор ва мақому манзала-ти тоҷикон дар арсаи ҷаҳон мегарданд.
Зайнура ЮСУФОВА,
омӯзгори калони Донишгоҳи байналмилалии
сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон