ШУКРГУЗОРӢ АЗ КИШВАРИ СЕРОБ

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор дар самти ҳалли мушкилоти оби сайёра мешиносанд ва иқдомҳои онро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд. Тоҷикистон дар миқёси Осиёи Марказӣ дорои захираҳои калони обӣ мебошад. Аз тарафи дигар, дар аксар кишварҳои ҷаҳон норасоии об, хусусан, оби нӯшокӣ ба масъалаи аввалиндараҷа мубаддал гаштааст.
Маҳз масъалаи оқилона истифода бурдани захираҳои обӣ Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро водор намуд, ки оид ба ин мушкилоти глобалӣ аз минбари баланди Иҷлосияи 54 –уми Созмони Милали Муттаҳид (соли 1999) соли 2003-ро соли Оби тоза эълон намоянд. Ин иқдом аз тарафи бисёр мамлакатҳои ҷаҳон дастгирӣ ёфт. Қобили зикр аст, ки ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Созмони Милали Муттаҳид ба инобат гирифта, соли 2003-ро Соли байналмилалии “ Оби тоза “, солҳои 2005-2015 –ро Даҳсолаи амалиёти “Об барои ҳаёт”, соли 2013-ро Соли ҳамкорӣ дар соҳаи об ва Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, дар солҳои 2018-2028” эълон намуд. Ин иқдом аз ҷониби 197 мамлакати ҷаҳон дастгирӣ ёфта, обрӯву эътибори халқи тоҷик ва Тоҷикистонро баланд бардошт.
Гуфтан бамаврид аст, ки 23 апрели соли 2022 дар шаҳри Кумамотои Ҷопон Самми-ти чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором баргузор гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи он бо паёми видеоӣ суханронӣ намуданд.
Зимни суханронӣ дар саммити мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёни онро ба Конфронси дуюми байналмилалии амал “ Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки 6-9 июни соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват карданд.
Бори нахуст дар Созмони Милали Муттаҳид конфронс бахшида ба масоили оби тоза баргузор гардида буд. Мавриди зикр ва ифтихор аст, ки маротибаи дуюм, баъди 50 сол, соли 2023 конфронс дар ин мавзуъ таҳти ҳамраисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва подшоҳии Нидерланд баргузор шуд. Боиси зикр аст, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудани даъвату ташаббусҳои Пешвои миллат обрӯву эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ боз ҳам баландтар бардошт ва муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун сиёсатмадори барҷаста дар ҳалли проблемаҳои экологии об дар арсаи байналмилалӣ маъруфу маҳбуби оламиён гардонид. Вақте аз ҷониби Президенти кишвар соли 2003 ҳамчун Соли байналмилалии оби тоза пешниҳод гардида буд, мардуми олам мамлакати моро кишвари камоб гумон мекарданд. Ҳол он ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги об аст ва дар ҷаҳон баъди чунин давлатҳои аз ҷиҳати масоҳат бузург: Россия, ИМА, Чин, Бразилия, Конго, Ҳиндустон, Канада ҷойи 8-ум, дар миқёси ИДМ ҷойи 2-юм ва дар Осиёи Миёна ҷойи аввалро ишғол менамояд. Захираҳои оби равони Тоҷикистон ба ҳисоби миёна соле 62,0 км3-ро ташкил медиҳад, ки аз он 12 км3 дар қаламрави ҷумҳурӣ сарф мешавад. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 947 дарё, 8492 пирях, 1300 кӯлу обанбор ва бештар аз 200 чашмаи шифобахш мавҷуд аст.
Аз пешниҳодҳои Сардори давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо, омӯзгорони макотиби олии мамлакат, руҳбаланд гардидем. Дар заминаи он моро лозим аст, ки шогирдонро бо захираҳои обии мамлакат шинос намуда, онҳоро дар руҳияи оқилона истифода ва ҳифз кардани ин неъмати бузург тарбият намоем.
Дар дунё бисёр кишварҳое ҳастанд, ки аз норасоии оби нӯшокӣ ва одитарин шароити санитариву гигиенӣ душворӣ мекашанд. Шукр, ки мо дар мамлакати сероб, соҳиби дарёҳои фаровону чашмаҳои оби мусаффо ва пиряхҳои азим зиндагӣ мекунем. Месазад, ки бо чунин диёри зебоманзар ифтихор намоем, шукри ҳар пора замину ҳар қатраи обаш кунем ва ин ҳама дороияшро, ки сарчашмаи ҳаёти мост, тозаю озода нигаҳбон бошем.
Ҳотам КАМОЛОВ,
ассистенти кафедраи идораи
минтақавӣ ва географияи иқтисодии ДДД