Истифода аз баъзе зарбулмасалу мақолҳои халқӣ дар дарсҳои физика барои ба хубӣ аз худ кардани мавзуъҳо ба хонандагон ҳамчун воситаи ёрирасон хидмат мекунад.
Ба ин восита таълими фанни физика ба дигар фанҳои таълимӣ алоқаманд карда мешавад. Масалан, маънои зарбулмасали «Мӯйро аз хамир ҷудо кардан» ба таври осон ба анҷом расидани ин ё он амалро ифода мекунад, маънои физикии он бино бар хурд будани масоҳати соишхӯрии сатҳи мӯй ба осонӣ аз хамир ҷудо шудани мӯй ва нисбат ба мӯй мулоимтар будани хамирро ифода мекунад. Яъне, он чизҳое, ки барои хамир тайёр кардан истифода бурда мешаванд ва бо мӯй ба реаксия надаромадани онро мефаҳмонад.
Инчунин, дар ҷараёни омӯхтани боби «Механика» омӯзгор ба хонандагон мазмун ва моҳияти физикии зарбулмасал ва мақолҳои зерро мавриди баррасӣ қарор дода метавонад:
«Ҷӯянда ёбанда аст».
«Ҳар кас бо ваҷаби худ чен мекунад».
«Пиёда бо савора ҳамроҳ намешавад».
Барои омӯхтани мавзуи «Физикаи молекулӣ» ба мақолҳои зер муроҷиат кардан мумкин аст:
«Бо ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад».
«На сих сӯзад, на кабоб».
«Оҳанро дар гармияш мекӯбанд».
Ҳангоми омӯхтани мавзуи «Лаппиш ва мавҷи садо» моҳияти мавзуъ дар муқоиса бо зарбулмасалҳои зайл фаҳмонда шавад, хонандагон мавзуи баррасишавандаро боз ҳам хубтар хоҳанд фаҳмид:
«Қарс аз ду даст мебарояд».
«То шамол набошад, шохи дарахт намеҷунбад».
Хулоса, зарбулмасал ва мақолҳои дар боло ишорашуда ва мазмунан ба онҳо наздик барои боз ҳам хубтар ва осонтар фаҳмидани ин ё он мавзуи фанни физика ба таълимгирандагон таъсири мусбат хоҳанд расонд.
Фирӯза АСФИЯЕВА,
омӯзгори физикаи МТМУ №8,
ноҳияи Шаҳринав
