Дар ҳама давру замонҳо аз илм, мактаб, маориф ва муаллим… ситоиш кардаанд ва илмро «тоҷи сари ҷумла ҳунарҳо» гуфтаанд, ки ин бесабаб нест. Маҳз илму мактабу маориф аст, ки инсонҳо босаводу роҳашон кушода мешавад, ба ҳама мақсадҳои худ мерасанд, ҷамъият пеш меравад, зиндагии мардум беҳбуд меёбад ва давлат тавоно мешавад.
Биёед, ба ҷаҳони имрӯз назар афканем ва бубинем, ки тавассути илм баъзе кишварҳо ба чӣ дастовардҳое ноил гардидаанд.
Ҷопонро бубинем, ки дар ҳама соҳаҳо пайваста пеш мераваду иқтисоду саноаташ беназир аст. Ин ҷо илму мактабу маориф пешрафтаанд ва мардум аз хурд то бузург ба илму маориф рӯ оварданд. Ва ё Чинро бигирем: 3 даҳсола қабл то ба дараҷаи имрӯза пешрафт надошт, вақте ки илмро дар мадди аввал қарор дод, оламиёнро дар ҳайрат монд: имрӯз чизе нест, ки чиниҳо истеҳсол ва ба оламиён пешниҳод накунанд…
Чунин мисолҳо зиёданд. Ин далели он аст, ки ҳар давлате ба илм рӯ оварда, мактабу маорифро инкишоф диҳад, бар пояҳои баланди иқтисодиву саноативу технологӣ… расида метавонад.
Бузургони мо фармудаанд:
Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм,
Қуфлкушои ҳама дарҳост илм.
Яъне, танҳо илм қодир аст, ки гиреҳкушои ҳама мушкилҳо бошад.
Хушбахтона, пас аз ба истиқлол расидани кишвари мо таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба соҳаи мактабу маориф зиёда гашт ва ҳамагон шоҳидем, ки дар саросари мамлакат садҳо мактаб бунёд ва дар онҳо технологияҳои муосир ба ихтиёри толибилмон супорида шудаанд. Давоми ин солҳо донишгоҳу донишкада, литсею коллеҷҳои нав таъсис ёфтанд, ки аксарашон бо биноҳои замонавӣ ва таҷҳизоти навин таъмин гардидаанд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Ҳукумати мамлакат ба илму маориф бо диди нав нигоҳ мекунад ва хоҳони он аст, ки мутахассисони кишвар ҳамқадами замон бошанд…
Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои васеъ намудани тафаккури техникии насли наврас ва боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиш ва дар амал татбиқ намудани илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ солҳои 2020-2040-ро “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намуданд. Чунонки Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ироа намуда буданд: “Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад”.
Шодем, ки дар коллеҷи мо имрӯз тамоми шароит барои аз худ намудани фанҳои таълимӣ муҳайё шудааст. Мо бояд ҷавобан аз ин ҳама ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат ба шогирдон талқин намоем, ки танҳо ва танҳо илму дониш заҳмати пайваста ва дӯст доштани Ватану миллат моро ба ҳама дастовардҳои назаррас комёб мекунад ва кишварамонро пешрафта мегардонад.
Ақлимо МУМИНШОЕВА,
ассистенти кафедраи фанҳои табиию
риёзии коллеҷи технологии Тоҷикистон,
Аълочии маорифи Тоҷикистон
