РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОД ДАР ДПДТТ

Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, дар шаҳри Хуҷанд Рӯзи дарҳои кушод барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят, литсейю коллеҷҳо баргузор гардид.
Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд аз навтарин муассисаи олии кишвар мебошад, ки ҷиҳати амалишавии чор ҳадафи стратегии мамлакат мутахассисони соҳаҳои сохтмон, меъморӣ, алоқа, энергетика, нақлиёт, саноати сабук ва хӯрокворӣ, барномасозу иқтисодшинос, корманди молияву тарроҳ ва агротехнолог омода карда мешавад.
Беш аз ҳазор нафар довталаб аз 7 толори лексионӣ, 48 озмоишгоҳ, 2 сехи истеҳсолӣ ва 1 минтақаи таълимию таҷрибавӣ, 1 маркази таълимӣ, 26 синфхонаи компютерӣ, 4 кабинети лингафонӣ, 2 толор ва майдони варзишӣ дидан намуданд. Ба толибилмон, махсусан, самаранок истифода бурдани 134 тахтаҳои электронӣ ва 312 адад видеопроекторҳо, ҳамкории мутақобила бо ширкату коргоҳҳои ҳудуди кишвар, ташкили кафедраи сайёр ва ҳамвора илмро ба амалия татбиқ намудани устодони донишкада писанд афтод.
Нуъмон РАҶАБЗОДА,
вилояти Суғд,
“Омӯзгор”