«МАКТАБИ НУРИ РАҲМОН»

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Ашт бо фаъолияти муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии «Мактаби Нури Раҳмон» шинос гардид.
Ин муассисаи таҳсилоти умумӣ соли 2012 аз ҷониби оилаи Раҳмоновҳо дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шудааст. Муассиса дорои 2 бинои таълимӣ бо фарогирии 24 синфхонаи таълимӣ, 1 синфхонаи компютерӣ (бо 20 адад компютер), 1 синфхонаи лингафонӣ (бо 17 адад компютер), толори варзишӣ, ошхонаи замонавӣ (бо 100 ҷои нишаст) ва китобхона бо 60 ҷойи нишаст мебошад.
Дар муассиса 21 гурӯҳи таълимӣ бо забони русӣ ва 4 гурӯҳи таълимӣ бо забони тоҷикӣ мавҷуд буда, дар он беш аз 450 нафар хонанда таҳсил мекунад. Шумораи омӯзгорони мактаб 35 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 5 нафарашон шаҳрванди Федератсияи Ро-сия мебошанд.
Дар асоси нақшаи корҳои ободонӣ ва сохтмонии муассиса барои соли ҷорӣ сохта, ба истифода додани маҷмаи варзишӣ иборат аз 3 майдонча барои футболи хурд, волейбол ва баскетбол ба нақша гирифта шудааст.