ҲИФЗИ НЕЪМАТИ БУЗУРГ ЗАРУР АСТ

Об ганҷи нодиру бебаҳои табиат ва сарчашмаи зиндагӣ буда, чун манбаи ҳаёт боиси сарсабзию шукуфоӣ, ободию хушҳолӣ ва таровату зебоӣ дар рӯйи замин мебошад. Аз замонҳои қадим об дар баробари хок, оташ ва бод яке аз чор унсури барои ҳаёт муқаддас шумурда мешуд, зеро об чун муъҷизаи беҳамто асоси ҳастии тамоми мавҷудоти олам аст.
Боиси сарфарозӣ ва хушнудист, ки Тоҷикистони биҳиштосои мо кишвари чашмасорони шаффофу шифобахш, обҳои ширину мусаффо буда, дар ҷаҳон аз лиҳози захираи об ҷойи ҳаштумро ишғол менамояд. Дар ҷумҳурӣ 985 дарё, 1300 кӯл ва 9550 пирях мавҷуд аст, ки диёри моро шодоб мегардонанд. Пиряхҳо захираи азими оби тозаи ошомиданӣ мебошанд, ки барои хоҷагии халқи кишвар аҳамияти бузурги иқтисодӣ доранд. Алҳол дар кишвари мо 54,8%-и захираи оби Осиёи Миёна мавҷуд аст. Мо аз 100% захираи оби дар кишварамон мавҷудбуда ҳамагӣ 20%-и онро истифода мебарем, боқимондаи он ба дигар давлатҳои ҳамсоя ҷорӣ мешавад. Бояд зикр кард, ки дарёҳои Тоҷикистон аз кӯҳҳои осмонбӯс сарчашма гирифта, баҳри Аралро, ки имрӯзҳо хушк шуда истодаасту ба Осиёи Миёна зиёни зиёд ба бор оварданаш аз эҳтимол дур нест, сероб мекунанд.
Айни ҳол об асоси энергетикии кишвари мо маҳсуб мешавад. Дар ҷумҳурӣ 98%-и неруи барқ дар неругоҳҳои барқии обӣ истеҳсол мегардад, ки кӯчаву хиёбон, боғу гулгаштҳо ва хонадони ҳар яки моро равшанӣ мебахшад. Дар Тоҷикистон бо мақсади безарар ва муътадил нигоҳ доштани вазъи экологии сарзаминамон диққати асосӣ ба истифода бурдан аз «энергияи сабз» равона карда шудааст. Ҳамин аст, ки ҷумҳурии мо дар миқёси ҷаҳон дар қатори шаш кишвари истеҳсолкунандаи неруи барқи безарар қарор дорад. Минбаъд низ неругоҳҳои барқии обӣ сохта ба истифода дода мешаванд, ки ин шаҳодати аз об ғанӣ будани Тоҷикистон буда, дар раванди солимию дарозумрии аҳолӣ нақши муҳим дорад.
Мутаассифона, дар асри XXI инсоният садҳо чӯлу биёбонро обёрӣ намуда, ба боғу бӯстон табдил дода бошад ҳам, баъзан истифодаи нодуруст ва исрофкорона аз об боиси нигаронии аҳли башар гардидааст. Ҳамчунин, зиёд гардидани техникаҳои гуногун, бунёд шудани корхонаҳои бузурги саноатӣ, ки боиси заҳролуд шудани ҳаво ва олуда гардидани оби пок мегарданд, аз мушкилоти сайёра маҳсуб мешаванд. Имрӯз таъмини аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ мушкилоти танҳо як минтақа набуда, ба мушкилоти ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, зеро тағйирёбии иқлим ва гармшавӣ дар сайёраи Замин боиси об шудани пиряхҳо ва кам гардидани захираи оби ошомиданӣ гардида истодааст. Ҳоло дар чандин кишвари ҷаҳон мардум аз норасоии оби нӯшокӣ ранҷ мекашанд. Ҳамин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати ҷаҳониёнро ба ин масъала ҷалб намуда, ташаббускори қабули қатъномаҳо доир ба масъалаи об дар Созмони Милали Муттаҳид мебошанд.
Оқилона истифода бурдани оби тоза на танҳо дар кишвари мо, балки дар тамоми мамлакатҳо аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Азбаски масъалаи обу ҳифзи пиряхҳо бо талошҳои Сарвари мо дар сатҳи байналмилалӣ баррасӣ шудааст, аҳаммияти давлатӣ дорад ва мояи ифтихор ва сарфарозии ҳамаи мост. Ин ташаббус мо — соҳибватанонро водор менамояд, ки саҳми хешро дар амалӣ шудани он ба қадри маърифату фарҳанг ва тавони худ гузорем.
Бояд гуфт, ки ба масъалаи об рӯ овардани Президенти мамлакатамон бесабаб нест, зеро мувофиқи маълумоти оморӣ, аксари аҳолии рӯйи замин бо сабаби ифлос гардидани об дар шароити ғайрисанитарӣ умр ба сар бурда, дар як сол дар олам зиёда аз 5 миллион нафар аз истеъмоли оби чиркин мефавтанд ва беш аз 3 миллиард ба беморӣ гирифтор мегарданд. Солҳои охир 80 мамлакати дунё аз оби ошомиданӣ ранҷ мекашанд. Бинобар ин, як қатор давлатҳо маҷбуранд оби ошомиданиро аз дигар давлатҳо бихаранд. Масалан, Норвегия аз Нидерландия, Амрико аз Канада, Олмон аз Шветсия, Арабистони Саудӣ аз Малайзия ва Дания аз Швейтсария оби ошомиданӣ харид мекунанд.
Хушбахтона, дар Тоҷикистони азизи мо захираи об беохир аст. Бо шарофати ин неъмати бебаҳо солҳои охир бо заҳмати мардуми заҳматқаринамон даштҳои ташналаб шодоб ва боғҳои нав бунёд шуда, диёрамон боз ҳам зебову дилрабо мегардад. Танҳо моро зарур аст, ки ин неъмати бузургро чун ниёгонамон поку беолоиш нигоҳ дорем, арҷгузорӣ намоем ва нагузорем, ки ин муъҷизаи табиат олуда гардад.
Холмурод ҒИЁСПУР,
омӯзгори МТМУ №6,
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин