Мусоҳиба бо адабиётшиноси маъруфи тоҷик Абдураҳмон Абдуманнонов
— Муаллими муҳтарам, нахуст мехостем назари шуморо дар масъалаи зуҳури устод Садриддин Айнӣ ҳамчун шахсияти таърихӣ, ки ба рушду такомули адабиёту фарҳанги миллӣ таъсири мондагор гузошт ва ба сифати адиб, олим, публитсист, дар маҷмуъ, мутафаккиру маорифпарвар ва равшанфикру зиёии асил хидмати барҷастаеро анҷом дод, бифаҳмем. Сабаби чун падидаи таърихию адабӣ ва фарҳангӣ дар асру замони худ буруз намудани устодро дар кадом омилҳо мебинед?
— Решаҳои ба мартабаи бузург расидани устод Садриддин Айниро аввалан дар истеъдоду фаҳмиш ва зеҳни ғайримуқаррарии ӯ бояд ҷуст. Ин омил дар асари безаволи устод – «Ёддоштҳо» ба таври комилу ҳамаҷониба инъи кос ёфтааст. Аз ҳикоятҳои китоб, ки ёддоштӣ мебошанд, ба хубӣ пай бурдан мумкин аст, ки устод дар наврасию ҷавонӣ чӣ андоза ҳушманду закӣ ва кунҷкову даррок будаанд. Ҳар чизе, ки ба назараш қобили омӯзиш бошад, аз пайи дарёфту ҷустуҷӯ ва мутолиаи он мешуд. Тавре ки медонем, солҳои дар мадраса ҳамроҳи бародараш будан, дар назди мударрисони кунҷакӣ таҳсил кардан (ин муддарисон баъд аз дарсҳои расмӣ ба онҳо таълим медоданд), баъдан дар хонаи Садри Зиё қарор доштанаш Айнӣ илмҳои замонро омӯхтаю аз суҳбатҳои пурфайзи олимону донишмандон баҳраҳо бардошта буд. Солҳои наврасӣ ва ҷавонӣ дар ҳамин гуна муҳити созгор шахсияти илмӣ ва адабии Айнӣ, инчунин, ҷаҳонбинӣ ва тафаккуру фаҳми ӯ ташаккул ёфт… Аз ин рӯ, устод Айнӣ дар таърихи фарҳанг, илм ва адабиёти мо шахсияти нотакрорест, аллома аст. Дар шахсияти устод беҳтарин хислатҳои фарзандони фарзонаи миллати тоҷик, аз қабили донишмандӣ, адолатхоҳӣ, зи ра кӣ, заҳматкашӣ, инсон дӯстӣ, миллатдӯстӣ, ватанпарварӣ, кӯшиши пайваста барои такмили донишу малакаи худ ва дигарон таҷассум ёфта буд. Бино бар ин, агар устод Айниро яке аз рамзҳои миллӣ бигӯем, хато нахоҳад буд. Эҳсоси ояндабинии устод барои муайян кардани самти зиндагӣ ва фаъолияти адабию ҷамъиятии он кас хеле мусоидат кард. Аз ҳамнаслони устод Садриддин Айнӣ дар масъалаи миллатдӯстӣ ва халқпарварӣ (фуқаропарварӣ) касеро дар баробари ӯ гузоштан душвор аст. Ин абармарди соҳаҳои адабиёту фарҳанги миллӣ аз рӯзҳои аввали сохти нав (болшевикӣ – Шуроӣ) аз «Марши ҳурриёт» (илҳом аз «Морселйёза»-и фаронсавӣ) то охирин осори таълифнамудааш (чи бадеӣ ва чи илмӣ) барои миллат, барои худшиносӣ ва худафрӯзии миллат хидмати таърихӣ кард.
— Аммо ҳамин гуна шуҳрати нуфуз ва обрую шарафмандии таърихӣ ба ашхоси донишманду пурхонда, олиму нависанда чун Абдурауфи Фитрат, Бектош, Саидризо Ализода, ки дар паҳлуи Айнӣ буданд, насиб нагардид.
— Ин ҷо чанд омили таърихӣ мавҷуд аст, ки зикри онҳо аз аҳамият холӣ нест. Фарқи устод С.Айнӣ аз шахсони донишманде, ки дар боло зикр кардед, дар он буд, ки онҳо (масалан, Фитрату Ализода) ба ҳаракатҳои сиёсӣ пайваста (дар мисоли пантуркизм), ба дигар тараф «ғелида» рафтанд ва аз ормонҳои ҳазорсолаи миллати тоҷик пуштибонӣ накарданд. Ҳол он ки устод Садриддин Айнӣ дар «Намунаи адабиёти тоҷик» қудрати истеъдоди Фитратро эътироф карда навишта буд:
«Сайёҳи ҳинд» ва «Сайҳа» аввалин намунаҳои насри нав дар адабиёти форсист». Саидризо Ализода аз нигоҳи маърифату тарғиби сохти нави инқилобӣ ҳаммаслаки Айнӣ буд, вале вай дар гурӯҳи («команда»)-и Файзулло Хоҷаев монд.
Дар тақдири устод Садриддин Айнӣ раиси Шурои нозирони халқи ҶМШС Тоҷикистон Абдулқодир Муҳиддинов (писари аввалин Раиси Шурои нозирон Муҳиддин Мансурзода) нақши муҳим бозидааст. Маҳз бо супориши Абдулқодир Муҳиддинов устод ба таълифи «Намунаи адабиёти тоҷик» камар бастанд.
— Замоне (охири солҳои 90-уми асри XX) дар байни аҳли илму адаб, иддае аз зиёиён баҳси тӯлоние дар хусуси аз воқеияти солҳои 20-30 канор рафтани шоиру нависандагон ва таҳрифи ҳақиқати зиндагӣ ба амал омада буд. Бархе аз донишмандон ба осори устод Садриддин Айнӣ низ ишораҳо карда буданд. Ба андешаи шумо, ин баҳс ва зуҳури афкори гурӯҳе аз зиёиён то чӣ андоза ҳақиқат ва замина дорад?
— Ин масъала хеле доманадор аст, вале он чиз чун офтоб равшан аст, ки Инқилоби Октябр воқеаи ногузири таърихӣ маҳсуб мешуд. Сохти нав ба мардуми тоҷик хушбахтӣ овард, бори аввал тоҷикон соҳиби ҳуқуқу озодиҳои худ гардиданд. Худи он далели таърихӣ, ки бо таҳкими ҳукумати ҷадид Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт, аз соҳиби тамаддуну фарҳанги қадимӣ будани миллати бузурги тоҷик шаҳодат медод. Дар асарҳои устод С.Айнӣ воқеияти талхи замон бо тамоми паҳлуҳояш инъикос ёфтааст. Инқилоб ба устод имкон дод, ки ҳақиқати ҳаётро тасвир кунад. Он андеша, ки ҳақиқати ҳаёт аз ҷониби шоиру нависандагони инқилобӣ таҳриф мешуд, ба воқеият рост намеояд.
Дар таълифи асари бадеӣ ҳаёти иҷтимоӣ ва зиндагии шахсии адиб нақши бузург дорад. Асарҳои устод С.Айнӣ таҷриба ва намунаҳои аввалини насри нав дар адабиёти тоҷик ҳисоб меёфтанд. Магар дар «Одина», «Дохунда», «Ёддоштҳо», «Марги судхӯр» ва ғайра ҳақиқати рӯзгори пуразобу вазнини мардум ба риштаи тасвир кашида нашудааст? Охир, воқеият айнан ҳамон таврест, ки дар асарҳои устод таҷассуми бадеӣ ёфтаанд.
Аз ҳамин сабаб, асарҳои Айниро мардуми тоҷик, аз хурд то бузург дӯст медоштанд ва медоранд. Барои намуна, ду шоҳкори устод – «Ёддоштҳо» ва «Марги судхӯр»-ро иҷмолан баҳогузорӣ мекунем. «Ёддоштҳо» таърихи тақрибан 70-солаи мардуми тоҷикро дар мисоли зиндагӣ ва саргузаштҳои худи муаллиф ва баъзе ҳамзамононаш дар сатҳи баланди бадеӣ таҷассум намудааст. Бо мутолиаи ин асар тарзи тафаккур дигаргун мешавад, доираи дониш фарохтар мегардад. «Ёддоштҳо» лаззату ҳаловати ба худ хос дорад. Насли мо ва наслҳои баъди мо тавассути «Ёддоштҳо» Бухорои шарифро мешиносанд, бо рӯзгор ва урфу одати қишрҳои гуногуни мардуми ин шаҳр, муҳити иҷтимоиву маънавии аморати Бухоро шинос мешаванд. Ба худ меандешам, ки агар умри устод вафо мекарду ҳодисаҳои аз солҳои 1900 то инқилоб рӯйдодаро, ки худ бевосита шоҳид ва иштирокчии онҳо буд, чун идомаи «Ёддоштҳо» менавишт, мо соҳиби «Шоҳнома»-и дигаре мешудем.
Дар «Марги судхӯр» бошад, барои пулу сарват ҷамъ овардани тоифаи судхӯрон бо танзу зарофат ва ҳаҷви шадид нишон дода шудааст, ки дар ин роҳ аз ҳеҷ пастию разолат рӯ намегардонанд.
— Тавре ки маълум аст, устод Садриддин Айнӣ ҳамчун маорифпарвар низ дар ибтидои солҳои 20-уми асри XX хидмати бузургеро ба анҷом расонда, дар бедории шуури миллӣ ва тарбияи худшиносии фарзандони мардуми заҳматкаш саҳми босазо гузоштааст.
— Воқеан, устод С.Айнӣ дар баробари Абдулқодири Шакурӣ яке аз муассисон ва муаллимони мактаби нав дар Самарқанд буданд. «Яке аз соҳаҳои муҳимми фаъолияти иҷтимоии устод С.Айнӣ, — таъкид кардааст Раҳим Ҳошим, — муаллимӣ, хидматҳои педагогӣ, таълифоти дарсӣ, умуман, фаъолияти маорифпарварии вай мебошад». Ба ғайр аз таълифи китоби дарсии «Таҳзиб-ус-сибён» (солҳои 1909 ва 1917 ду бор нашр шудааст) устод Айнӣ соли 1919, дар ҳоле ки ҷароҳати тахтапушташ аз зарбаҳои ҷаллодони амир ҳанӯз комилан сиҳат наёфта буд, дар Самарқанд яке аз аввалин мактабҳои Шуравиро ташкил намуда, худ дар он муаллимӣ кардааст.
Ҳамон сол бо ташаббуси устод барои кӯдакон ба забони ӯзбекӣ маҷаллаи «Болалар йулдоши» («Ҳамсафари кӯдакон», аз он сол то таъсиси рӯзномаи «Овози тоҷик» матбуот ба забони тоҷикӣ нашр намешуд) таъсис ёфт, ки ҳамагӣ се шумора чоп шуд. Ҳангоми муаллимӣ карданашон дар аввалин мактабҳои шаҳри Самарқанд, бино бар набудани китобҳои дарсӣ, худи устод ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ шеъру ҳикояҳо навишта, онҳоро тибқи барнома ба хонандагон менависондаасту мехонондааст. Аксари китобҳои дарсии тоҷикии солҳои 20-30-и асри гузашта бо таҳриру такмили устод Айнӣ чоп шудаанд ва дар онҳо шеъру ҳикояҳои махсус барои он китобҳо навиштаи устод ҷой доранд, ки қисме аз онҳо дар ҷои дигаре чоп нашудаанд ва аз «Куллиёт»-и ӯ низ берун мондаанд.
— Чунонки шумо ишора кардед, дар бораи фаъолияти гуногунҷабҳаи устод шогирдони он кас, олимону донишмандон мақолаю китобҳо таълиф кардаанд. Дар ин таълифот перомуни хислатҳои неки устод низ андешаҳои нобу ҷолиб баён гардидаанд. Аз ҷумла, дар китобҳои шодравон Раҳим Ҳошим, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Атахон Сайфуллоев, Аламхон Кӯчаров…
-Воқеан, Раҳим Ҳошим то охири умр дар суҳбатҳо ва навиштаҳояш шогирди содиқи устод Айнӣ буданашро таъкид мекард ва пайваста ба устод аҳсану офарин мехонд.
Инро ҳар кас аз китобҳои «Сухан аз устодон ва дӯстон» ва «Солҳо дар саҳифаҳо»-и муаллими зиндаёди мо метавонад эҳсос бикунад. Дар мусоҳибаю мубоҳисаҳо касе нисбат ба асар ё шахсияти устод Айнӣ андак беэътиноӣ зоҳир мекард, Раҳим Ҳошим сахт меранҷид, озурда мешуд, фавран ва ё пайту маврид ёфта, ҷавоби шоиста медод. Ҳоло мехоҳам лаҳзаеро аз хотирпосдории устод Айнӣ, ки аз муаллим Раҳим Ҳошим шунидаам, ҳикоят кунам. Ҳангоми бори дувум ҳабс шудани Раҳим Ҳошим ҳамсари ӯ Фаина Борисовна дар китобхонаи Донишгоҳи Самарқанд кор мекардааст. Муносибати роҳбарияти донишгоҳ ба ӯ (ҳамсари «душмани халқ») тағйир ёфта, ба гӯши устод Айнӣ миш-миши эҳтимолияти аз кор сабукдӯш шудани ҳамсари Раҳим Ҳошим расидааст. Он замон устод Айнӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ба шарофати аллома Бобоҷон Ғафуров мавриди меҳрубониву ғамхории хосса қарор гирифта, мошини хидматии сабукарав низ доштааст. Ҳамон рӯзҳо дар донишгоҳ ҷаласаи тантанавие баргузор мегардаду устод Айнӣ ба он ба сифати меҳмони ифтихорӣ даъват мешавад. Ӯ аз ҷойи нишасташ мебинад, ки дар толор Фаина Борисовна бо духтарчааш ҳузур дорад. Баъди ҷаласа устод саросема нашуда, аз ину он суҳбат карда, ноаён баромадани Фаина Борисовнаву духтарашро интизор мешавад. Вақте ки мебароянд, бо онҳо хеле гарм салому ҳолпурсӣ мекунад ва ронандаашро даъват карда мегӯяд, ки «Фаинаву духтарашро ба хонаашон бурда расону зуд биё». Ҳамин муносибати устод Айнӣ кофӣ буд, ки Фаина Борисовна дар ҷои кораш монд ва рӯзгори худу фарзандонашро таъмин намуд. Дилбастагии Раҳим Ҳошим ба шахсияти инсонӣ ва адабиву илмии устод Айнӣ ба андозае буд, ки ҳангоми тарҷума аз забони ӯзбекӣ ва ба нашр омода кардани китоби «Таърихи инқилоби Бухоро» мекӯшид тамоми нозукиҳои навиштори устодро риоят намояд ва агар кас надонад, ки матни ин китоб тарҷума аст, гумон мекунад, ки худи устод С.Айнӣ онро ба забони тоҷикӣ навиштааст. Дар ин ҷо овардани ду лаҳзаро аз ҷумлаи чунин муносибату ғамхориҳо бамаврид медонам, ки солҳои таҳсилам дар Москва аз забони писари устод Айнӣ-Камол Айнӣ шунида ва дар рӯзномаи хотиротам сабт карда будам. Моҳи апрели соли 1951 Академияи илмҳои Тоҷикистон таъсис ёфт. Бобоҷон Ғафуров устод Айниро ба ҳузур пазируфта, пешниҳод мекунад, ки роҳбарии академияро ба уҳда гирад. Баъд аз табодули назар устод пешниҳодро мепазирад, вале ҳангоми гусели ӯ Ғафуров ногоҳ, гӯё чизеро ба ёд овада бошад, мегӯяд, ки устод, Академияи илмҳо муассисаи муътабари ҷумҳуриявист, президентии академия вазифаи пурифтихор ва масъулиятнок аст, чӣ мешуд, ки як ариза барои шомил шудан ба Ҳизби коммунист менавиштед? Устод Айнӣ як лаҳза ба андеша мераваду сипас, бо лаҳни нарм мегӯяд, ки Бобоҷон Ғафурович, худатон гуфтед, ки президенти Академияи илмҳо вазифаи бисёр пурмасъулият аст, синни ман ба ҷое расидааст ва ман шояд аз уҳдаи ин кор набароям. Биёед, ягон олими ҷавонтарро ба ин вазифа таъйин кунед, ман ҳар чи аз дастам ояд, ёрӣ мерасонам. Б.Ғафурови закӣ фавран дарк кард, ки устод Айнӣ аз рӯи фаросат нахост пешниҳоди ӯро оид ба шомил шудан ба ҳизб руйрост рад намояд ва баҳонаи синну солро пеш овард. Ғафуров табассуми маънидоре карду устодро гусел намуда, андешид, ки сухан гуфта шуд, новобаста ба баҳонаи пешовардаи устод, пайе дар пардаи дилу хотири ӯ мегузорад. Бинобар ин, масъаларо бо зинаҳои болоӣ мувофиқа карду устоди солхӯрдаи ғайриҳизбиро ба вазифаи аввалин президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон (ҳоло АМИТ) интихоб намуд, ки ин иқдом дар он замон кори осон набуд.
Лаҳзаи дуюм вобаста ба даргузашти устод Айнист ва аз дурбиниву оқибатандешии аллома Бобоҷон Ғафуров гувоҳӣ медиҳад. Устод Айнӣ, ки аз соли 1917 дар Самарқанд мезист, ба он шаҳр хеле дил баста буд. Баъди президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон интихоб шуданашон ҳам бештари вақт дар Самарқанд иқомат дошт. Тибқи ҳидояти Бобоҷон Ғафуров дар Самарқанд мошини сабукрав бо ронанда ва тамоми хароҷоташ аз ҳисоби Ҳукумати Тоҷикистон дар ихтиёри Айнӣ буд, мусофирати устод байни Самарқанду Душанбе тавассути вагони ҳукуматии қатора сурат мегирифт.
Моҳи апрели соли 1954 устод Айнӣ барои гузаронидани маҷлиси солонаи Академияи илмҳои Тоҷикистон ба Душанбе омада, баъди чанд рӯзи маҷлис бемор мешавад. Агарчи дар Душанбе хонаи ободу барҳаво дошт (ҳоло ин бино Осорхонаи устод Садриддин Айнист), бо маслиҳату салоҳдиди Бобоҷон Ғафуров ӯ дар бӯстонсарои ҳукуматӣ зери назорати муттасили духтурон қарор мегирад. Бемории устод рӯз ба рӯз авҷ мегирифт ва ӯ ҳар замон майли ба Самарқанд рафтан мекарду аз духтурон барои баромадан ба роҳ иҷозат мепурсид. Бобоҷон Ғафуров аз тамоми ҷузъиёти бемории устод воқиф буд ва медонист, ки ӯро рӯзҳои башумор мондааст. Бино бар ин, ба табибон супориши қатъӣ дода буд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ба устод иҷозати сафар надиҳанд…
Дар охир ба таври мухтасар гуфтанием, ки устод Айнӣ дар ибтидои сохти Шуравӣ фаъолтарин журналист ва публитсисте буд, ки дар ҳама мавзуъҳои рӯзмарра мақолаҳои пурмазмуну муассир менавишт ва аввалин пояҳои журналистика ва публитсистикаи нави тоҷикиро бунёд мегузошт. Ҳамзамон, он кас луғатшинос ва луғатдони камназир буд. Роҳбарии гурӯҳи панҷгонаеро, ки соли 1929 бо қарори СКХ РСС Тоҷикистон барои тартиб додани луғати русӣ-тоҷикӣ таъсис ёфта буд, ӯ бар дӯш дошт. Луғати нимтафсилии устод, ки дар «Куллиёт»-и ӯ ва дар шакли китоби алоҳида низ нашр шудааст, ёвари беминнати ҳар қаламкаши тоҷик аст. Дар рисолаҳову мақолаҳои илмиву адабиётшиносӣ ва дар мукотибаҳо бо адибон устод ба масъалаҳои забон, хусусан, ис-тифодаи бамаврид ва мутаносуби калимаҳо хеле таваҷҷуҳ мекард.
Мусоҳиб
Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»
