ХУРОФАЗАДАГӢ — ФАСОДИ ФАРҲАНГӢ

Вақте ки андешаи инсон наметавонад вуҷуди воқеии ҷаҳонро инъикос намояд, фард ҷаҳонро ба назари хираду мантиқ бинаду шиносад, вазъияту воқеиятҳоро таҳлил намуда баррасӣ созад, дар он фасоди андеша ба вуҷуд меояд. Фасоди андеша тафаккурро нозо мекунад. Аз он чизи наве ба вуҷуд намеояд. Он дарки каҷу ворунае дар зеҳният аз ҷаҳон аст, ки ба ҷаҳони физикӣ ҳеҷ иртиботе надорад. Моҳияти инсон дар он ифода мегардад, ки ӯ ҳаводисро аз тариқи абзорҳои ҳиссиву ақлӣ дарк намуда, дар баробари воқеият тасмим мегирад. Тадбир меҷӯяд. Хулоса мебарорад.
Миллате, ки дучори фасоди фарҳангӣ мешавад, дар он хирадандешӣ аз байн рафта, бештар хурофаандешӣ ва таассубу нодонӣ рушд мекунад. Ин фасод дар он ифода мегардад, ки набуди андешаи солим ва ҳар чӣ бофтаҳои зеҳниву хаё-лианд, ба ҳайси арзиш қабул меёбанд ва аксар бошандагони ин ҷомеа ба ҷои аз шеваи таҳлилию хирадӣ истифода намудан ҳамин навъи боварҳоро ҳамчун арзиши мутлақ қабул мекунанд.
Хурофот як шеваест, ки замири фардро аз хирад тиҳӣ мегардонад ва дар он ҳамоқатро боло мебарад. Фарди хурофазада наметавонад бо андешаи солим ва таҳлили вазъиятҳои бавуҷудомада ба воқеият баҳогузорӣ намояд. Ӯ шефтаи хаёлоти хурофотии худ аст, ки онҳоро айни ҳақиқат шумурда, ҳар гуна андешаи ба он мухолифро инкор менамояд. Ин фард бо пиндорҳои эҳтимолии худ такя намуда, онҳоро ҳамчун неруи таскиндиҳанда ба кор мегирад.
Фарди хурофазада наметавонад воқеиятро бо диду назари хеш таҳлилу баррасӣ намояд. Ӯ ҳамеша побанди мутаваллиёне қарор мегирад, ки аз тарвиҷ намудани хурофот баҳракашӣ менамоянд. Фарди хурофазада эҳсоси озодӣ надорад. Ӯ бештар зери таъсири дигарон аст ва андешаҳои онҳо баёндоштаро содалавҳона бидуни таҳлилу баррасӣ айнан қабул дорад.
Вай эҳсосу дарки моҳияти озодиро надорад. Ҳамин аст, ки ҳамеша пойбанди фикру назари дигарон мемонад ва ба як абзори барномакунонидашудаи дасти дигарон табдил меёбад. Ин гуна вазъро мубаллиғони афкори хурофӣ мавриди суистифода намуда, афроди хурофазада ҳамеша мавриди баҳракашӣ қарор медиҳанд. Вақте ин раванд хусусияти иҷтимоӣ пайдо мекунад, аксар аз бошандагони ин ҷомеа афкори таҳлилӣ ва дарку баррасии оқилонаву мантиқиро аз даст медиҳанд ва маҷзуби маҷмуи хурофот аз ҷониби гурӯҳҳои баҳракаши иҷтимоӣ табдил меёбад. Ин ҳолат ҳолати фасоди фарҳангӣ — иҷтимоӣ ба шумор меравад ва ҷомеае, ки ба фасоди фарҳангӣ дучор мешавад, дигар дар он тариқаи дурусти хулосабарорӣ вуҷуд надорад.
Шинохти вазъиятҳо ва дарки ҳаводиси иҷтимоӣ на бар пояи таҷрибаву илм, балки бар пояи эҳсосот, хаёлот ва бовару эътиқод сурат мегиранд. Яъне, ин фасоди фарҳангӣ ҷомеаро куллан аз хирадандешӣ берун месозад ва онро ба як ҷомеаи тақдирзадаи хурофотӣ табдил медиҳад. Табиист, ки вақте хурофазадагӣ ба раванд табдил меёбад ва аксар аз афроди ҷомеаро ташкил медиҳад, дар ин ҳолат гурӯҳи афроде, ки огоҳанд ва ё бар пояи хираду огоҳӣ андеша мекунанд, ба хотири ҳифзи ҳаёти хеш маҷбур мешаванд, худро дар инзиво (канорагирӣ) қарор диҳанд, зеро дониш тарзи андешаи онҳо ба мафкураи пешбари ҷомеа мухолифат мекунад ва чун хурофот ҳамчун арзиш дар ҷомеа мутлақ арзёбӣ мешавад, дар ин ҳолат андешаи дигареро бар он мухолиф баррасӣ кардан сахт шикананда ва осебпазир аст.
Таърих борҳо собит кардааст, ки вақте ҷомеа тафаккури асосиашро таассубу хурофот ташкил медиҳад, инсонҳои донишманду озода ҳамеша мавриди бархурди руҳияи замон қарор мегиранд, зеро арзишҳои мутлақшуда ҳар гуна андешаи дигарро маҳдуд намуда, онро бидъату ноҷоиз эълон менамоянд.
Дар дарозои таърихи ҳазорсола мо ба ҳамин гуна вазъиятҳое бархурд мешавем, ки хирадандешону донишмандони мавриди таҳдиду таҳқири мутаваллиёни хурофапардозу таассубзада гардидаанд. Масъалаи асосӣ дар он ифода мегардад, ки аксаран аз мутаваллиёни хурофапардоз чунон вонамуд мекунанд, ки гӯё масъулияти тамоми ҳарфу ҳиҷои онҳо худашон не, балки Офаридгори ҷаҳониён аст. Чунин ба назар мерасад, ки гӯё онҳо ба олами мовароӣ робитаи бевоситае доранд ва ҳар гуна дастуру амалкардро бевосита аз он мегиранд. Ин гурӯҳҳо дар аксари ҳолатҳо бо маҳдуд кардани дарку андеша, ки он ҳамаро бидъату гуноҳ мешуморанд, як навъе аз тарсу ваҳшатро дар дили мардумон эҷод мекунанд.
Воқеият ин аст, ки мафҳуми гуноҳ як бовари тарбиятист, ки он ба шууру виҷдони мо алоқамандӣ дорад. Вале мутаваллиёни таассубу хурофот онро ба дараҷаи як амали ҳавлноку ваҳмангезе баррасӣ мекунанд, ки дар зеҳнияти инсонҳо онро ба як ҳолати ҷаҳаннамӣ баробар месозанд. Як чиз мусаллам аст, ки ҳар қадар зеҳнияти тарсу таваҳҳум боло гирад, ҳамон қадар ҷойгоҳи хираду андеша камтар гардида, сатҳи бовармандӣ меафзояд.
Инсони тарсу ҳамеша дар ин маҳдуда боқӣ мемонад, ки набояд амале анҷом диҳад, ки берун аз меъёрҳо бошад ва муртакиби ҷурму гуноҳ шавад. Тасаввуру таҷассуми мубҳаму пӯшидае, ки аз ҳаводиси ҷаҳон бо таблиғи гурӯҳҳои хурофапардоз берун меояд, фардро намегузорад, ҳатто дар бораи вазъу воқеияти ҷаҳон дуруст андеша кунад. Ҳарчанд дар аксар мавридҳо ба чунин ҳолате дучор меояд, ки иддае аз афкори таблиғу таҷассумшуда дар бораи ҷаҳон, ки аз тарафи гурӯҳҳои хурофапарокан ироа мешаванд, бо воқеият бегонаанд. Аммо тарсу таваҳҳуми гуноҳ содир накардан, онҳоро аз андешаи бохирадона ва таҳлилӣ бозмедорад ва ҳатто аз вокуниш кардан дар баробари ин навъи тафаккури сохтаву бофта парҳез меварзанд. Мутаассифона, чунин таваҳҳумот аксаран дар байни миллатҳои шарқӣ ва адёни сомӣ ҷой доранд.
Гурӯҳҳои хурофотпардоз гоҳе навъе аз андешаи ғайрро, ки дар он таҷассуми воқеияти илмӣ бошад, ҳар ҷо ки дарёбанд дар зудтарин фурсат ба он метозанд, меситезанд ва саъй мекунанд, чунин шахсонро тавба диҳанд ва аз баёни андешаи ин гуна минбаъд пешгирӣ намоянд.
Ҳузури ҳамин гуна боварҳои пешипоафтодаи таассубию хурофотӣ дар афкори умумист, ки тӯдаҳои миллионнафарии авомунносро ба самти боз ҳам дар чорчӯбҳои хурофотӣ боқӣ мондан ҳидоят менамоянд. Аз онҳо бардаҳои беҳуввият ба вуҷуд меоваранд. Мутаассифона, агарчи танҳо як даста ва ё гурӯҳи кӯчаке метавонанд аз ин ҳолат манфиат ба даст оварад, вале дар сатҳи умум чунин навъи тафаккур боиси дармондагии ҷомеа ва вопасгароии миллияту халқиятҳо мешавад.
Вақте ки инсон хираду огоҳии худро аз даст медиҳад, наметавонад муроқиби амалу рафтори худ бошад. Ҳатман вақте ки ӯ наметавонад амалу рафтори худро дар чорчӯби хираду андеша муроқибат намояд, дигарон муроқиби амалҳои ӯ мешаванд. Ҷоҳил касест, ки ба муроқибаи дигарон эҳтиёҷ дорад. Ба он эътимод мекунад ва ҳарчиро, ки барояш мегӯянд, айни ҳақиқат қабул медорад. Ҳол он ки агар каме бар умқи ҳама аз ин таблиғот таваҷҷуҳ кунад, бебунёдию дур аз воқеият буданашон дарк карда мешавад. Вале агар заррае ба чунин таблиғот таваҷҷуҳ накард, дурӯғҳои боз аз он бузургтареро барояш ироа мекунанд. Яъне, ҳар қадар барои ин шахсон афкори таваҳҳумзадаву тарсомезро бар сараш мубаллиғин бор мекунанд…
Манфиатбортарин ва саҳлтарин кореро, ки гурӯҳҳои хурофапардоз анҷом медиҳанд, таблиғи густардаи ҷаҳлу нодонӣ ва бовармандӣ аст, ки таърихи ҷаҳонро бар боварҳои кӯчаки хеш инъикос намуда, ҳама гуна тамаддуну арзишҳои қаблии инсониро инкор мекунанд. Махсусан, барои қавмҳои бузурги ориёие, ки сароғози тамаддуни башар ба номи онҳо рақам хӯрдааст, он ҳамаро нодида гирифта, қадимӣ будани ин мардумро ба даврони ниҳоят навин мансуб мегузоранд.
Гурӯҳҳои хурофапардоз ҳамеша саъй мекунанд, ки аз ритуалу рамзу розҳое кор гиранд, то ки ҷалби омма барояшон осон бошад. Онҳо ҳамеша аз тамҷидот ва чизҳои муқаддасшудае кор мегиранд, ки ба ин восита тавонанд нуфузи худро бар гурӯҳҳои дигар ҳамл кунанд. Инҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то инсонҳо дарке аз худу худсозӣ надошта бошанд, то дар тобеияти ақидатӣ ва сарнавиштии онҳо қарор бидиҳанд. Ин гурӯҳҳо бештар аз мафҳуму ҳаводиси марг кор мегиранд ва онро ҳамчун як василаи таъсиррасонӣ ба зердастони худ истифода менамоянд. Як мавзуъро ҳеҷ гоҳ матраҳ намесозанд, ки ҳар навъи зинда аз рӯи он қонунмандие, ки мавҷуд аст тавлид мешавад, рушд мекунад, ҷуфт мешавад, насл мегузорад ва мемирад.
Гурӯҳҳои мубаллиғи хурофа аз он кор мегиранд, ки маргро дар наҳваи чигунагии мурдан арзёбӣ мекунад. Вале онҳо ҳеҷ гоҳ ин ҷиҳатро матраҳ намекунанд, ки чӣ фарқе дорад, ки марг мурдан аст ё як тамом шудан. Чун дар олами ҳастӣ ҳеҷ чизе пойдор ва собит нест ва ҳама дар ҳоли тағйиру табдил қарор доранд ва агар ин ҳолатро ба ҳама шаклу анвои вуҷуд татбиқ намоем, пас танҳо худи марг аст, ки ҳамеша ва дар ҳар ҷо ҳузур дорад ва як чиз вақте, ки аз доираи худ берун шуду ба чизи дигаре табдил шуд, он ҳеҷ гоҳ ба ҳолати аввал нахоҳад гашт. Аз ин лиҳоз, агарчи шаклҳо метавонанд такрор шаванд, вале бозгашти як чиз ба ҳамон мазмун ва ҳамон моҳият имкон надорад, зеро ҳар чиз марбут ба фазо ва макони муайян аст. Агар чизи дигаре ба он монанд ҳам такрор шавад, он айни ҳамон чиз нест. Он чизи моҳиятан нав аст. Вобаста ба ин муқаддима яке аз мавзуъҳое, ки аҳли хурофот матраҳ мекунанд, меоди ҷисмонии инсон аст. Аммо дар қонунмандии олами ҳастӣ ҳеҷ қазову қадаре вуҷуд надорад, ки он идорашаванда бошад.
Ҳастии ҳар чиз ё навъ бар пояи қонунмандии илмӣ устувор аст, ки бо шинохт аз онҳо мо метавонем олами мавҷударо дарк намоем. Ҳеҷ замон устураҳои беруномада аз боварҳои инсон наметавонанд ва нахоҳанд тавонист ба воқеияти ҷаҳон ва он дастовардҳое, ки инсонҳо аз роҳи илму хирад кашф намудаанд, посух бигӯянд. Заъфи ин асотиру хурофот аз он аст, ки онҳо аз рӯи тасаввурот содаи омиёна ба вуҷуд омадаанд ва ҷуз хаёлу тасаввур чизе нестанд. Онҳоро мо инсонҳо бардошт кардаем, муқаддас гардонидаем ва худро тобеи зеҳниятҳои муқаддасшудаи худ гардонидаем.
Қобили қайд аст, ки танҳо ахлоқи аз заруратҳои иҷтимоӣ буруномада, ки барои танзими равобиту муносибатҳои гуногуни иҷтимоӣ инсонҳо дуруст кардаанд ва он танҳо ба хотири дар ҳамзистию ҳамгироии осуда ба сар бурдани худи инсонҳост, метавонад ба вазъу ҳолоти инсонҳо ҷавобгӯ бошад. Эътиқод ба бозгашт ва ҷаҳони дигар беруномада аз тарс ва ваҳми нобудии худи мо — инсонҳост.
Мо, инсонҳо ҳеҷ гоҳ ва ба ҳеҷ қимат нобудию нестиро қабул надорем, фақат ба хотири тасаллӣ бахшидани хеш аз роҳи боварҳо ва имону эътиқод бозгашт ва дунёи дигарро ба вуҷуд овардаем, то ки худро аз ваҳми нобудӣ наҷот бидиҳем. Ҳолати аҷиб дар ин ҷо он аст, ки моро чӣ ҳосил ба фаҳми ин, ки баъд аз марг боз мурдан ва боз мурдани дигаре дошта бошем ё надошта бошем.
Вақте ки дар таваллуди мо оғози як марг ногузир аст, чун ҳама чиз тағйирёбандаву фанопазир аст, пас, чӣ қадар аҳмақона аст, ки саъй кунем будани феълии худро бо шудане, ки намедонем чист фиреб диҳем. Ҳол он ки агар шудание ҳам бошад, боз дар ҳамин ҷо хоҳад буд ва он маоде, ки бо асотиру ақоид ва бовару таваҳҳум аз ҷониби хурофапардозон таблиғ мешавад, ба назар мерасад, ки як фиребе беш нест, зеро онро бо ҳеҷ таҷриба ва далоили илмию мантиқӣ собит карда наметавонем.
Вобаста ба гуфтаҳои боло моро зарур аст, ки аз дидгоҳҳои таассубию хурофотӣ мардуму миллати худамонро берун биёварем, ба донишҳои аз илму таҷриба беруномада такя кунем.
Эътиқоду боварро кори фард қарор диҳем. Ҷаҳонро ба чашми хираду дониш шиносем. Андешаи худро аз зангори хасу хошоки таассубу хурофот тоза намоем. Аз фасодию нозоии тафаккур бипарҳезем. Танҳо аз роҳи улуми ақлӣ ва табиию риёзӣ ба қонунмандии табиат ва дар маҷмуъ, олами ҳастӣ огоҳ шавем, дар заминаи он фанноварию чизҳои моҳиятан навро барои саодати инсонии худу ҷомеаи худ ба вуҷуд оварем ва ҷомеаву миллати худро дар сатҳи рушд бар пояи кишварҳои пешрафта бирасонем.
Исомиддин ШАРИФОВ,
мудири кафедраи фанҳои
гуманитарии ДТТ,
номзади илми фалсафа