ИФРОТГАРОИРО РЕШАКАН БОЯД КАРД

Дар шароити ҷаҳони имрӯза ва пайомадҳои манфии солҳои ахир ҳимояи манфиатҳои миллӣ аз масъалаҳои асосист, зеро Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил дар арсаи ҷаҳон қадамҳои нахустини худро дар солҳои 90-уми асри XX гузошт.
Акнун ҷомеаи тозаистиқлол ба ҷиноятҳои ҳам анъанавӣ ва ҳам нави асри XXI, аз қабили терроризму экстремизм рӯ ба рӯ шуд. Бо иродаи мустаҳками мардуми шарафманди тоҷик ин кишвари тозаистиқлол ба равандҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваст ва аз рӯзҳои аввали давлатдории хеш ҷиноятҳои террористию экстремистиро маҳкум карда, бо ташкилотҳои расмии байналмилалӣ робитаҳову ҳамкориро ба роҳ монд ва ҳама гуна зуҳуроти террористию экстремистиро қотеона маҳкум кард. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2000-ум то кунун 23 бор Паёми солонаи хешро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намудаанд. Пешвои миллат дар мавриди маҳкум кардани ин падидаҳои номатлуб, яъне, ифротгароии динӣ, терроризму экстремизм андешаҳояшонро равшан иброз медоранд. Сарвари давлат дар ҳар Паёмашон оқибати бади зуҳуроти номатлуб, терроризму экстремизм ва ифротгароии диниро бозгӯ мекунанд. Мақсад аз ин ҳама шинохти дуруст ва муборизаву истодагӣ дар муқобили ин вабои аср аст. Дар чунин маврид ва вазъи мураккаби ҷаҳон ҳар шаҳрванд бояд огоҳ бошаду зиракии сиёсиро аз даст надиҳад.
Истиқлол майдони фарохеро барои ихтиёрдорӣ ба қабули санадҳои ҳуқуқӣ дода бошад ҳам, ҷомеасозию миллатофарӣ ва бунёди давлати пешрафта ба аксари гурӯҳу қувваҳои алоҳида хуш намеояд. Ҳаракатҳои ифротгаро на барои ислоҳи шуури ҷомеа, балки барои вайрон кардани асосҳои он дар ҷомеа ва ниҳоят, барои амалӣ сохтани мақсадҳои сиёсӣ таъсис ва таҳмил дода шуданд. Дар ин майдон имрӯз баъзе аз тарафдорони гурӯҳҳои тундраву ифротгаро худро шоҳиди воқеаҳои муҳимми сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар нишон дода, ба муваффақиятҳои кишвари маҳбубамон – Тоҷикистон санг мезананд, ки ба ҳақиқат рост намеояд.
Аслан, барои гурӯҳҳои ифротгаро арзишҳои миллие, ки хусусияти умумидавлатӣ доранд, забони миллӣ, меҳвари асосии тамоми барномаву нақшаҳои илмӣ, фарҳангӣ ва динӣ рушди илму маорифи миллӣ аҳаммияте надорад, зеро қувваҳои ифротӣ ҷиҳати таъсис додани пойгоҳ барои таълим додани ҷавонони бехабар, ки фардо дар куштани мардуми бегуноҳ, вайрон кардани шаҳру деҳоте, ки худ дар он ҷо ба воя расидаанд, даст мезананд ва мардумро ба ташвиш меоранд, мавқеи муайян доранд.
Бино бар ин, вуҷуд доштани ташкилоте, ки хусусияти террористию экстремистӣ доранд, ғайримантиқӣ буда, боиси тафриқаандозию нооромӣ дар байни мардуми кишвар мегардад. Ба ҳамагон маълум аст, ки ташкилотҳои террористию экстремистӣ дар ҳама ҳолат мардуми осударо ба вартаи ҳалокат, торикии асримиёнагӣ (дар мисоли кишвари ҳамсояамон Афғонистон) мебаранд, тамоми пешрафтро зери танқид қарор дода, ниятҳои ғаразнок доранд. Пас, мо — ҷомеаи солиму ваҳдатофар, дорои мулки ободро зарур аст, ки ба ин ифротгароёни вайронкор ҷавоби қатъӣ дода, лонаи ин гурӯҳҳои иғвогарро вайрон ва дарахтеро, ки он лона болояш ҷойгир аст, решакан кунем.
Сайфиддин МУРОДОВ,
«Омӯзгор»