ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ҲАМБАСТААНД

Зиндагии инсон бо ахлоқи ҳамида зебост. Масъалаи оила, тарбияи ҷавонон, ахлоқу одоби онҳо дар ҳама давру замон муҳим арзёбӣ мешавад. Пеш аз ҳама, дар оила меҳру муҳаббат, якдигарфаҳмӣ бояд ҳукмрон бошад. Таваллуди фарзанд барои мустаҳкам шудани оила аҳаммияти бузург дорад. Фарзанд риштаи меҳру муҳаббати зану шавҳарро мустаҳкам намуда, масъулияти онҳоро барои таълиму тарбия зиёд мегардонад. Фарзанди хубу ботарбия давомдиҳандаи ному кори волидайн ва ояндаи ҷамъияти инсонӣ мебошад.
Бузургворе гуфтааст: «Модар аввалин мураббӣ ва тарбиядиҳандаи тифл мебошад». Муаллими ахлоқ Саъдии Шерозӣ чунин мешуморад, ки дар хурдсолӣ ба бачагон бояд тарбияи маданӣ, ақлӣ ва ҷисмонӣ дода шавад. Падару модар, пеш аз ҳама, бояд ба фарзанд некӣ ва некукориро ёд диҳанд. Дар осори худ дар бораи навъҳои тарбия сухан ронда, Саъдӣ барои насли наврас се навъи тарбияро муҳим ва лозим шумурдааст: тарбияи фикрӣ, ахлоқӣ ва корӣ. Ӯ ба қувваи ақлии инсон баҳо дода, инсониятро ба омӯхтани илму дониш даъват намудааст. Ба ақидаи ӯ, модом ки инсон аз дигар мавҷудот бо ақлу дониши худ фарқ мекунад, ин хусусияти инсонии ӯро ба воситаи омӯхтани илму дониш инкишоф додан лозим аст. Сарчашмаи асосии хирадмандӣ ва тарбияи ақлии инсон омӯхтани дониш аст.
Мақсад ва вазифаҳои тарбияи ахлоқиро Саъдии Шерозӣ дар насли наврас тарбия намудани шаъну шарафи инсонӣ донистааст. Мушоҳида мешавад, ки донишу малака, таълиму тарбияи хонандагон имрӯз то ҷое заиф гардидааст. Сабаби ин душвориҳо аз бисёр ҷиҳат ба ҳамдигар мувофиқат накардани тарбияи мактабӣ бо тарбияи оилавию ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, дар тарбияи маънавию ахлоқии фарзандон ҳамкории мустаҳками таълимгоҳ, оила ва ҷомеа нақши ҳалкунанда мебозад. Камбудии асосие, ки имрӯз дар масъалаи таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон ба чашм мерасад, бетарафӣ ва дар сатҳи зарурӣ дар ҳамоҳангӣ амал накардани се ниҳод — оила, мактаб ва ҷомеа мебошад.
Таълиму тарбия кори дастаҷамъона буда, аз аҳли ҷомеа масъулияти бештар тақозо менамояд. Муваффақияти кори омӯзгорон аз робитаи доимии падару модарон бо мактаб вобаста аст. Хонандагони хурдсол хислатҳо, одобу рафтор ва сатҳи донишомӯзии яксон надоранд. Вақте ки аз тарафи ин ё он хонанда ё ҷавон камбудие зоҳир мешавад, бояд ҳам оила, ҳам мактаб ва ҳам ҷомеа баҳри ислоҳи он кӯшиш намоянд. Барои ҳалли муваффақонаи мушкилот дар самти мазкур, пеш аз ҳама, андешидани чунин тадбирҳо муҳим аст:
1. Бо падару модарон мунтазам ба роҳ мондани вохӯриҳову корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби омӯзгорони таълимгоҳҳо;
2. Таъминоти моддии фаъолияти мактабҳо аз ҳисоби самаранок ба роҳ мондани механизми рӯёнидани товони зарар ба моликияти мактаб ва падару модари толибилме, ки бадқасдона чунин зарар расонидааст;
3. Сари вақт ошкор намудан ва ба корҳои тарбиявӣ ҷалб намудани хонандагоне, ки рафтори ношоиста доранд ва мунтазам ба ҳуқуқвайронкунӣ роҳ медиҳанд.
Ғайр аз ин, боз дигар самтҳои ҳамкории мактаб, ки ба беҳтарсозии талаботи таълиму тарбия бо хонандагон ва волидайни онҳо ҷавобгӯ ҳастанд, мавҷуданд. Корҳои асосӣ дар самти пешгирии қафомонӣ ба дарс инҳоянд.
— кумак ба кӯдакони сустхон ва шавқманд намудани онҳо ба хондан;
— мустаҳкам намудани обрӯю эътибори чунин хонандагон дар синф дар байни дӯстону рафиқон, ҷалби онҳо ба корҳои ҷамъиятӣ дар мактаб;
-роҳ надодан ба тафриқаандозӣ байни кӯдакон ҳангоми ба таҳсил омода кардани онҳо.
Бидуни таълиму тарбия тартиботи ҷомеаро наметавон пойдору устувор кард ва ба ояндаи дурахшони давлату миллат умед баст. Яке аз омилҳои муҳимме, ки дар таълиму тарбияи насли наврас таъсири мусбат мерасонад ва кори омӯзгоронро осон менамояд, тарбияи фарзанд дар оила мебошад. Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» тадбири муҳим буда, падару модарро ба тадбирандешиҳои ҷиддӣ вомедорад. Волидайнро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо таълимгоҳ, ҷиҳати татбиқи нишондодҳои ин қонун пайваста ҷидду ҷаҳд намоянд.
Худойдод АЛИЕВ,
омӯзгори географияи МТУА
№111-и ноҳияи Рӯдакӣ