ДИЛИ ПОКИ ФАРЗАНД НАФИС АСТУ НАҚШПАЗИР

Яке аз махсусиятҳои сиёсии кишвари маҳбуби мо ҳуқуқбунёд буданион аст, яъне, дар ҷумҳурии соҳибистиқлоламон қонунҳо ҳукмфармоянд ва фаъолияти шаҳрвандонро дар тамоми самтҳо роҳбарӣ менамоянд. Тамоми қонунҳои мамлакат муҳим ва раҳнамову ҳомии мардуманд, аммо дар ин миён қонунҳое ҳастанд, ки аҳаммияти бештар доранд, доираи васеи амал доранд ва дар пешрафти ҳаёту фаъолияти аҳли ҷомеа нақши барҷаста мебозанд, марҳилаи наверо дар зиндагии ҳамагон ифтитоҳ мебахшанд. Аз ҳамин гуна қонунҳои муҳимму самаровар аст Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд». Ин қонун аз ҷониби сокинони мамлакат истиқболи гарму самимӣ ёфт ва инак, беш аз даҳ сол аст, ки дар кишвар бомуваффақият амал мекунад ва пайваста ҳамагонро ба масъулият нисбат ба тақдири фарзандон ҳидоят менамояд. Бояд зикр кард, ки таҳия ва қабули қонуни мазкур бо сиёсати маорифпарваронаву дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртибот дорад.
Сарвари кишвар соҳаи маорифро дар меҳвари сиёсати худ гузоштаанд ва пайваста ба он мекӯшанд, ки ин соҳаи тақдирсози миллат пешраву муваффақ ва аз камбудиҳо орӣ бошад. Мо, аҳли кишвар, шоҳидем, ки бо дастуру дастгирӣ ва ҳидоятҳои Пешвои миллат дар саросари мамлакат марҳила ба марҳила таълимгоҳҳои нав бунёд ва бо таҷҳизоти муосири таълимӣ муҷаҳҳаз мегарданд, омӯзгорон аз имтиёзҳо бархурдоранд, барои зиндагӣ ва фаъолияти шоистаашон имконоти мусоид фароҳам оварда мешаванд. Дар мамлакат батадриҷ ислоҳоти соҳаи маориф амалӣ мегардад, барномаву нақшаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ таҷдиди назар мешаванд, сохтори маориф такмил меёбад, дар соҳа тозакориҳои зиёде ба вуқуъ мепайванданд ва дар маҷмуъ, кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки сатҳи таълиму тарбия дар Ватани азизи мо ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ карда шавад. Дар ин самт, бешубҳа, Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» неруи тавонои пешбар хоҳад буд.
Нахустҳадафи ин қонун бештар кардани масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзандон ва дар руҳияи эҳтиром ба Ватану арзишҳои миллӣ, дӯстию башарпарварӣ ва ваҳдатпарастӣ тарбия намудани онҳо мебошад. Мавриди зикру ёдоварист, ки халқи тоҷик табиатан нисбат ба тарбияи фарзанд ва омӯзиши ӯ масъулиятшинос аст ва қонуни мазкур ҳамин масъулиятро заминаи ҳуқуқӣ мебахшад. Гузаштагони соҳибхиради мо ба ҳар васила волидайнро ба он даъват кардаанд, ки нисбат ба қисмати фарзандон бепарво набошанд, онҳоро дастгирию раҳнамоӣ бикунанд. Таълифи китобҳои пурмуҳтавое, аз қабили «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус, «Насиҳатнома»-и Имоми Аъзам, «Ахлоқи Носирӣ»-и Насируддини Тӯсӣ, «Кимиёи саодат»-и Ғаззолӣ, «Ахлоқи Муҳсинӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ ва даҳҳо китоби дигар гувоҳ ба ин гуфтаҳоянд. Масалан, бинед, ки донишманди бузург ва маъруф Муҳаммад Ғаззолӣ дар тавсифи фарзанд ва таъкиди тарбияти ӯ чӣ суханони баланду дилписанд гуфтааст: «Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили поки фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар нақше, ки ба ӯ гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ҳар тухме, ки дар вай бикорӣ, бирӯяд. Агар тухми хайру некӣ аст, ба саодати дину дунё расад ва падару модару муаллим дар он савоб шарик бошанд.
Агар тухми бадӣ афкандӣ ва ӯро ба ҳолаш гузорӣ, то ҳар чи хоҳад, кунад ва бо ҳар ки хоҳад, ки шинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ накунӣ».
Дар Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» таъкид мешавад, ки таълиму тарбияи фарзанд бо се ниҳоди тавоно иртиботманд аст: оила, мактаб ва ҷомеа. Агар ин се ниҳод бо ҳам муттаҳид, ҳаммаром ва дар робитаи ҳамешагӣ набошанд, дар таълиму тарбияи насли наврас ба натиҷаҳои дилхоҳ расидан муҳол аст. Бояд иқрор шуд, ки солҳои охир ин ҳамбастагӣ то ҷое коҳиш ёфтааст.
Қисме аз волидайн, ки мутаассифона, теъдодашон меафзояд, таълиму тарбияро танҳо кори мактаб медонанд, нисбат ба таҳсилу рафтори фарзандонашон бепарвоянд, барои омодагӣ ба дарсҳо ба онҳо дар хона шароит фароҳам намеоваранд ва боре ҳам як сари қадам ба таълимгоҳи фарзандашон намеоянд, бо омӯзгорону роҳбарони синфҳо ҳамкорӣ надоранд. Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ баъзан рафтори ношоистаи калонсолон (ҷангу хархаша, суханони қабеҳ, амалҳои манфур, носу сигоркашӣ…) дар ҳузури кӯдакон мушоҳида мешавад, ки сахт нохушоянду бадтаъсир аст. Коҳиш ёфтани ахлоқи қисмате аз фарзандон, ҷалб гардидани зумрае аз ҷавонону наврасон ба ҳаракату равияҳои бегонаву иртиҷоӣ, ба ҷиноят даст задани чанде аз ноболиғон аз ҷумлаи ҳодисоти ташвишоваранд, ки пеш аз ҳама, дар натиҷаи бепарвоии падару модарон рух медиҳанд…
Тавзеҳу ташреҳи мазмуну муҳтаво ва ҳадафҳои асосии Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар аксар машғулиятҳои мо бо шунавандагон дар курсҳои такмили ихтисоси филиали ДҶТИБКСМ дар шаҳри Душанбе ҷой дорад. Шунавандагони курсҳо-омӯзгорони пойтахт бар он назаранд, ки қонуни мазкур ба хеле боло рафтани масъулияти волидайн ва сатҳи таълиму тарбия мусоидат кард.
Татбиқи ин қонун бояд ҳамеша зери назорат бошад ва волидайни бемасъулият ҳатман ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Насли наврас ояндасози Ватан аст ва бояд некандешу некрафтор ва масъулиятшиносу бохирад бошад. Қонуни мазкур, пеш аз ҳама, ҳамин нуктаро таъкид мекунад. Ин маъниро Пешвои миллат ба таври хеле муассир иброз доштаанд: «Ҳар шахсе, ки миллати худ, Ватани худро дӯст медорад ва эҳтиром менамояд, бояд ба қадри ин арзишҳо расад ва дар масъалаи муҳимтарини зиндагӣ – таълиму тарбияи фарзандон бетафовут набошад».
Ситора ПАЛЛАЕВА,
мудири кафедраи методикаи таълими
фан дар муассисаҳои томактабӣ, ибтидоӣ
ва миёнаи умумии филиали ДҶТИБКСМ дар
шаҳри Душанбе