САТҲУ СИФАТИ ТАҲСИЛОТРО БАЛАНД БАРДОРЕМ

5-уми апрели соли ҷорӣ дар коллеҷи технологии шаҳри Душанбе ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он фаъолияти вазорат дар се моҳи соли равон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ҷаласа Раҳим Саидзода – вазири маориф ва илм, муовини аввал ва муовинони вазири маориф ва илм, намояндагони вазорату идораҳои дахлдори марбута, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм, ректорон ва директорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, сардорон ва мудирони шуъбаҳои маориф ва кормандони муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии кишвар ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд. Оид ба фаъолияти вазорат дар давраи ҳисоботӣ вазири маориф ва илм суханронӣ кард.
Мавсуф иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ (23.12.2022) ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми паҳлуҳои соҳаи маорифи кишварро таҳлилу баррасӣ намуда, доир ба рушду нумуъ ва мавқеи он дар ҷомеаи муосир чунин таъкид карданд: «Бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад. Бино бар ин, ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад.
Маҳз ба ҳамин хотир, мо дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳимми низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодаем». Дар робита ба гуфтаҳои Пешвои миллат мо – кормандони соҳаи маорифро мебояд, ки вазифаҳои худро сари вақт ва босифат иҷро намуда, ҷиҳати рушди соҳа, беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсилот ва дигар дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷаҳду талоши худро дучанд намоем.
Таҳсилоти томактабӣ ҷиҳати ташаккули шахсияти кӯдак ва омода намудани ӯ ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, он дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, вазорат ҷиҳати татбиқи ин сиёсат тадбирҳои амалӣ меандешад. Теъдоди муассисаҳои томактабӣ дар давраи ҳисоботӣ ба 707 адад расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 адад зиёд гардидааст. Шумораи тарбиятгирандагон дар ин муассисаҳо 102525 нафарро ташкил медиҳад.
Бо мақсади фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 2111 Маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 68891 нафар таъсис дода шудааст. Дар муқоиса бо соли 2022 ин нишондиҳанда 301 марказ ва 17626 кӯдак зиёд мебошад.
Дар маҷмуъ, теъдоди марказҳои инкишофи кӯдак афзуда бошад ҳам, бино бар риоя нагардидани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ миқдори онҳо дар ноҳияҳои ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои Лахш 1, Турсунзода 1, Исфара 4 адад кам гардидааст.
Ҳамзамон, дар ҷумҳурӣ 139 муассисаи томактабии хусусӣ ва 39 Маркази хусусии инкишофи кӯдак фаъолият менамояд. Дар маҷмуъ, фарогирӣ ба зинаи томактабӣ 171416 нафар ё 16%-ро ташкил медиҳад.
Бо назардошти ин, ба сардорони сарраёсат, раёсат ва шуъбаҳои маориф супориш дода шуд, ки дар мавриди заминагузорӣ ҷиҳати фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ ва тибқи талаботи Стратегияи рушди маорифи Тоҷикистон то 30% расонидани фарогирӣ то соли 2025 тадбирҳои амалӣ андешанд.
Ҷиҳати таҳкими шарикии давлат ва бахши хусусӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2022, №484 Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027 тасдиқ гардид, ки тибқи он дар соли 2023 бояд 25 муассисаи томактабии хусусӣ таъсис дода шавад. Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар вилояти Суғд 2 муассиса ва дар шаҳри Душан-бе 1 муассисаи хусусӣ сохта, ба истифода дода шуд. Яке аз мушкилоти асосии зинаи томактабӣ дар дараҷаи зарурӣ қарор надоштани маҳорати касбии мураббиён ба шумор меравад, ки ба сифати таълиму тарбия бетаъсир намемонад. Бино бар ин, дар доираи иҷрои “Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” дар семоҳаи соли 2023 бори аввал 381 нафар корманди соҳаи томактабӣ аз курсҳои такмили ихтисос гузаштанд, ки 56%-и нақшаи семоҳаро ташкил медиҳад. Нишондиҳандаи пасти фарогирӣ ба курсҳои такмили ихтисос аз ҳисоби кам будани фарогирӣ дар ДҶТИБКСМ (14,7%), филиалҳои он дар шаҳрҳои Кӯлоб (28,8%) ва Бох-тар (46,4%) мебошад. Ҷиҳати ҳалли масъалаи мазкур дар доираи амалишавии Лоиҳаи “Инкишофи барвақтии кӯдакон барои гу-стариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон”-и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 339 нафар мураббӣ ва 14 нафар мушовири муассисаҳои томактабии шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои такягоҳӣ аз курсҳои омӯзишӣ мегузаранд. Бо ин мақсад аз ҷониби мутахассисон барномаи махсуси фарогирии усулҳои инноватсионӣ таҳия карда шуд, ки дар самаранокии омӯзиш ва такмили маҳорати касбии мураббиён мусоидат хоҳад намуд. Соли таҳсили 2022-2023 теъдоди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 3967 ададро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта як гимназия ва ду литсей зиёд мебошад. Муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ 301, муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ 431 ва муассисаи миёнаи умумӣ 3235 ададро ташкил дода, теъдоди муассисаҳои типи нав 159 адад буда, аз ҷумла, 76 гимназия ва 83 литсей ба қайд гирифта шудааст.
Шумораи омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 126 354 нафар, аз ҷумла, 81 822 нафарро занон ташкил медиҳанд. Аз ин шумора 76,2% дорои таҳсилоти олӣ, 22% дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 1,8% дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд. Шумораи умумии хонандагон бошад, 2 232 114 нафарро ташкил медиҳад, ки аз он 1 079 197 нафар (48,3%) духтарон мебошанд. Ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2023, №АП-330 оид ба озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва дар сатҳи баланд баргузор гардидани даврҳои якум, дуюм ва сеюми озмуни мазкур семинарҳои машваратӣ барои ҳайати комиссия ва ҳакамон дар шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Бохтар, Хуҷанд, Ҳисор ва ноҳияҳои минтақаи Рашт аз 24 то 28 феврали соли 2023 баргузор гардида, ҷараёни онҳо тавассути телевизионҳои давлатӣ, нашрияҳои соҳавӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ инъикос карда шуд.
Бо мақсади ҳалли мушкилоти шаҳрвандон аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рафъи камбудиҳои соҳаи маориф ва саривақт расидагӣ намудан дар ҳалли мушкилоти онҳо рӯзи қабули вазири маориф ва илм дар маҳалҳо, аз ҷумла, санаи 4 феврали соли 2023 дар ноҳияи Мастчоҳ, 18 феврали соли 2023 дар ноҳияи Муъминобод, 4 марти соли 2023 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ноҳияи Нуробод барои ноҳияҳои минтақаи Рашт ҷаласаи сайёри кории вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Дар соли 2023 тибқи маъ-лумоти омории дастрасгардида дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 219 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 53148 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст. Дар ин давра, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 17 муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 5718 ҷойи нишаст дар як баст сохта, ба истифода дода шуд.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди таълимӣ ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта вобаста ба сохтмону азнавсозии иншооти соҳаи маориф ва норасоии ҷойи нишаст дар вилояти Хатлон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2022, №533 “Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027” қабул гардид. Дар маҷмуъ, дар доираи амалигардонии нақшаи амали барномаи мазкур дар марҳилаи якум (солҳои 2022-2024) дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 13 бинои муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 4260 ҷойи нишаст бо маблағи 23 млн. 700 ҳазор сомонӣ сохтаву азнавсозӣ гардид. Инчунин, дар доираи нақшаи амали барнома бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 67 иншооти дигар идома дорад. Таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ ва илмию методӣ аз фаъолиятҳои асосии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ 17 номгӯй китоби дарсӣ ба миқдори 1 млн. 40 ҳазор нусха нашр шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 90 500 нусха зиёд аст. Айни замон чопи 18 номгӯйи китоби дарсӣ ва 3 номгӯй китоб барои соатҳои тарбиявии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо теъдоди умумии 1 млн. 752 ҳазору 900 нусха дар чопхонаҳои ватанӣ идома дорад, ки давра ба давра нашр ва ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дастрас карда мешаванд.
Ба раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се моҳи аввали соли 2023 ва муассисаҳои дигари таълимӣ 94 номгӯйи китоби дарсӣ ба миқдори 1 млн. 803 ҳазору 385 нусха дастрас карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 857 ҳазору 724 нусха зиёд аст.
Дар ҷумҳурӣ 62 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият дошта, дар онҳо 19 980 нафар хонанда таҳсил менамояд. Ҳамчунин, дар ҷумҳурӣ 84 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷ) аз рӯйи 9 равия: омӯзгорӣ, тиббӣ, техникӣ, технологӣ, иқтисодӣ, кишоварзӣ, фарҳанг, ҳуқуқ ва варзиш мутахассис омода менамояд. Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар сессияи зимистонаи соли таҳсили 2022-2023 дар шуъбаи рӯзона аз 76400 нафар донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии дар имтиҳонҳо иштирокдошта 76104 нафар донишҷӯ ба сессияи зимистона роҳ дода шуданд, ки ин 99,6%-ро ташкил медиҳад. Аз инҳо 68193 нафар ё 89,6% имтиҳонҳои ҷориро бо муваффақият ҷамъбаст намуданд. Мавриди зикр аст, ки дар ин давра ба “Таснифоти давлатии равия ва ихтисосҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ” тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Низомномаи Шурои олимони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар таҳрири нав), Низомномаи низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар таҳрири нав), Низомномаи таҳсили ғоибонаи равия ва ихтисосҳои омӯзгории муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илм ва Тартиби аз таълими пулакӣ ба таълими ройгон ва аз таълими ройгон ба таълими пулакӣ гузаронидани донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардиданд.
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар даври ниҳоии сессияи санҷишию имтиҳонии зимистона сатҳи донишазхудкунии донишҷӯён ба 95,1% баробар шуд. Шумораи донишҷӯёни қарздор, дар маҷмуъ, 6081 нафар (4,9%)-ро ташкил намуд.
Дар соли 2023 дар 16 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар, ки аз рӯйи равия ва ихтисосҳои омӯзгорӣ мутахассисонро омода мекунанд, 12 754 нафарро ташкил медиҳанд. Аз онҳо 4 217 нафар тариқи буҷавӣ, 646 нафар тибқи квотаи Президентӣ ва 7891 нафар тариқи шартномавӣ мебошанд.
Айни замон тибқи ҳисоботи оморӣ дар ҷумҳурӣ 5340 нафар кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмидошта фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 865 (16,2%) нафар доктори илм (аз ин 131 нафар занон (15,14% )), 4370 нафар номзади илм ва 105 нафар доктори фалсафа, (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос мебошанд. Аз шумораи умумии номзадони илм ва доктори фалсафа, (PhD), доктор аз рӯй ихтисос 1247 (27,9%) -ро занон ташкил медиҳанд.
Шумораи олимони ҷавони то 35-солаи дорои дараҷа ва унвони илмидошта дар кишвар ҳамагӣ 740 нафар (аз ин 177 нафар занон (24%)-ро ташкил медиҳад. Синну соли миёнаи докторони илм 65-сола, номзадҳои илм 51-сола ва доктори фалсафа, (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос 32-сола мебошанд.
Дар се моҳи соли 2023 ба Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 243 диссертатсия ворид гардида, аз ин шумора 68 диссертатсия тасдиқ гардидааст. Аз ҷумла, дар самти илмҳои табиӣ-математикӣ ва техникӣ 7, самти илмҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ — 42, ҳамзамон, дар самти илмҳои тиббӣ, фарматсевтӣ, биологӣ, байторӣ ва аграрӣ 9 диссертатсия тасдиқ гардидааст. Дар давраи ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ 14 Шурои дессертатсионӣ, ки дар назди Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия ба қайд гирифта шудааст, фаъолият менамояд. Дар шуроҳои мазкур дар се моҳи аввали соли ҷорӣ 13 нафар, аз ҷумла, 1 нафар рисолаи докторӣ ва 12 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя карданд…
Дар охир вазир таъкид намуд, ки новобаста ба корҳои анҷомдода итминон дорем, ки дар сурати татбиқи дастуру супоришҳои маорифпарварона ва хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта ҷиҳати рушди соҳаи калидии кишвар ва тарбияи насли ояндасози давлат дар руҳияи худшиносӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил мегардем.
Сипас, дар қисмати музокира суханронии Мумин Шарифзода– ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Хуршед Сафарзода – директори коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода ва Қурбоншо Абдуллозода– директори Мактаби Президентӣ барои кӯдакони лаёқатманд дар ноҳияи Данғара шунида шуда, аз ҷониби онҳо ҳисоботи вазири маориф ва илм оид ба фаъолияти вазорат дар се моҳи аввали соли 2023 қаноатбахш ҳисобида шуд.
Дар охир миёни ҳозирин мубодилаи афкор сурат гирифта, барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани фаъолияти соҳаи маориф иштирокдорон фикру мулоҳизаҳои худро ироа намуданд.
Аҳмадшоҳи МАСЪУД,
корманди Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон