ҲИФЗИ СУБОТ — ОМИЛИ РУШДИ КИШВАР

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, ки 23-юми декабри соли 2022 ироа гардид, санади барномавӣ, раҳнамунсоз ва муайянкунандаи ояндаи дурахшон буда, таҳлили вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, дастовардҳо, рақамҳои мушаххас доир ба иҷрои барномаву стратегияҳо, ҳадафҳои стратегӣ, бурду бохти давлати соҳибистиқлоли мо дар панҷ соли охир ва да-стуру супоришҳои мушаххас ба солҳои минбаъдаро дар бар мегирад.
Дар Паём Пешвои миллат бо ёдоварӣ аз вазъи мураккаби сиёсиву иқтисодии ҷаҳон, давраи ниҳоят ҳассосу душвортарини таърих, ки инсоният қариб сад соли охир қарор дорад, оид ба рушди иқтисод, ташаккули буҷаи давлатӣ, шуғли аҳолӣ, амалигардии ҳадафҳои стратегӣ, инкишофи соҳаҳои иҷтимоӣ, ба монанди маориф, тандурустӣ, фарҳанг, занону ҷавонон, зиёдгардии маошу нафақа, такмили қонунгузорӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, терроризму экстремизм, робитаҳои хориҷии Тоҷикистон ибрози андеша намуда, барои солҳои минбаъда дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар Паёми навбатӣ Сарвари давлат зикр намуданд, ки таъмини суботу амнияти ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳимтарине мебошад, ки зери таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар қарор дорад. Воқеан, дар замони муосир суботу амнияти давлату ҷомеа масъалаи аввалиндараҷаи тамоми давлатҳо ба шумор рафта, муносибати ҷиддӣ ва зиракии сиёсии шаҳрвандонро талаб менамояд.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз хатарҳои ҷиддӣ барои амнияту суботи мамлакатро терроризм ва экстремизм медонанд ва дар суханрониҳои худ доир ба хавфу хатарҳои он ибрози андеша ва изҳори нигаронӣ мекунанд. Дар Паём Сарвари давлат таъкид намуданд, ки: “Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд”.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари шаҳрвандон, махсусан, ҷавонони ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ фирефташуда ва ба хурофоту ҷаҳолат сироятёфта, маҳз аз бесаводӣ, дониши дурусти динию дунявӣ ва касбу ҷои кори доимӣ надоштан, инчунин, тамошои бемавриди барномаву суханҳои касифонаи хоинони миллат, гӯш кардани насиҳатҳои дурӯғини муллоҳои ифротӣ аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин роҳи торик рафтаанд.
Вобаста ба ин, Пешвои миллат ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориш доданд, ки: “…ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд”.
Барои пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-ифротӣ муайян намудани омилу сабабҳои он аҳамияти муҳим дорад. Ба омилҳои асосии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундраву ифротӣ таълимоти ғайриқонунии динӣ ба наврасону ноболиғон, таълими ғайрирасмӣ дар донишгоҳҳои динии хориҷа, чоп, паҳн ва ворид намудани адабиёти муҳтавои динӣ-эксремистидошта, динситезиву бетарафии баъзе қишрҳои ҷомеа, дастрасии ҷавонону ноболиғон ба шабакаҳои интернетӣ ва бе назорати волидайн, устодон ворид шудани онҳо ба шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ, таъсири муҳити криминалӣ-ифротӣ ба зеҳни онҳо, дар муҳоҷирати меҳнатӣ ба ваъдаву амалҳои экстремистон бовару эътиқод кардан, дохил мешаванд.
Таҷрибаи мақомоти тафтишотиву судӣ собит месозад, ки аксари ҷавонони дастгиршуда бо ҷурми содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ дошта тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернет ба гумроҳӣ даъват ва фирефта шуданашонро баён мекунанд. Ин ҳолат моро водор месозад, ки ба ҷавонону наврасон одоби истифодаи интернет, ворид шудан ба сомонаҳову барномаҳо ва гирифтани маълумотро омӯзонем. Онҳо бояд хуб дарк намоянд, ки ҷонибдорӣ намудан, паҳн кардан, маъқул донистан ва ҳатто дӯст шудану паёмак навиштан бо нафарони ифротӣ дар интернет амали ғайриқонунӣ ва ҷиноят ҳисобида мешавад. Тамошои мунтазами сомонаву барномаҳои хусусияти экстремистидошта, аз ҷумла, “ютуб” тафаккуру ҷаҳонбинии шахсро тангу торик менамояд, инсонро ба бадбинии сохти давлатдорӣ, сохтори ҷамъиятӣ, нодида гирифтани дастовардҳо, бегонапарастӣ, куҳнапарастӣ ва каҷравию якравӣ даъват мекунад.
Халқи тоҷик сабақҳои талхи мухолифату нооромиҳо, амалҳои террористиву экстремистӣ ва беназмиву беқонунии солҳои 1992-1997, ки аз ҷониби наҳзатиёни ифротӣ ва хоҷагони хориҷиашон ба сари давлату миллати мо омад, ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад. Аз ин лиҳоз, мо бояд тамоми амалу рафтори худро дар доираи талаботи қонунгузорӣ ба риоя ва иҷрои бечунучарои қонунҳо, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ҳифзи Ватан ва таъмини оромиву суботи мамлакат ва ҳамкории судманд бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба роҳ монем.
Сарвари давлат дар Паём ба Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ супориш доданд, ки якҷоя бо дигар вазорату идораҳои марбута ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистидошта ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир мегарданд, барои таъсис додани Маркази ягонаи иттилоотӣ пешниҳодҳои худро ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд. Таъсиси чунин марказ барои боз ҳам беҳтар гардидани мубориза ва ошкор сохтани ҷиноятҳои марбут бо экстремизм ва терроризм аҳамияти муҳим дорад.
Ҳамин тариқ, ҷавобан ба вазъи печидаи ҷаҳони муосир, манфиатҷӯии абарқудратҳо ва омоли тахрибкорон тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, махсусан, зиёиёнро мебояд, ки таҳти сиёсати оқилонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳлона ва софдилона фаъолият намоем, андешаву афкори ҷавононро беолоиш нигоҳ дорем ва нагузорем, ки ягон душмани нохалафу ифротӣ ба якпорчагӣ, сулҳу субот, пешрафту гулгулшукуфоии Ватани маҳбубамон халал расонад. Роҳи асосии ноил гардидан ба ин мақсаду ҳадафҳо дар атрофи давлату Ҳукумат, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муттаҳид шудан, бетарафӣ накардан, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, касбомӯзӣ ва дар руҳияи таҳаммулпазирӣ, ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва боварии қавӣ ба фардои дурахшон тарбия намудани насли ҷавону ояндасоз мебошад.
Ҷамшед ҶӮРАЗОДА,
муовини аввали
Вазири маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
доктори илмҳои таърих, профессор