ХИДМАТ БА ВАТАН МАРДОНАГИСТ

«Омӯхтани таърих, — таъкид менамоянд Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, — танҳо ба хотири донистани гузашта нест, балки он дурнамоест, ки роҳи ояндаи миллат ва пешомадҳои давлатдориро равшан намуда, барои худогоҳии миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва рушди тафаккури таърихии наслҳои оянда хизмат мекунад».
Шоири маҳбуби халқи тоҷик Лоиқ Шералӣ дар ситоиши Ватан гуфтааст:
Ватан сар мешавад аз гаҳвора,
Зи шири поку аз пистони модар.
Ватан сар мешавад аз он тавора,
Ки онро сохта дастони модар.
Шоир тақдири хешро ба тақдири Ватани худ — Тоҷикистони азиз алоқаманд намуда, таърихи гузаштаи онро ба риштаи тасвир мекашад:
Тоҷикистон-мазҳари ман,
Сарзамини камзамин.
Ту саросар кӯҳсорӣ,
Ту саросар сангзорӣ,
Чунки фарзандони ту дар тӯли таърихи дароз
Ҳар куҷо рафтанд, муште хок бо худ бурдаанд.
Чунки фарзандони ту дар ҷустуҷӯйи бахти худ
Дар биёбонҳои тафсон дур аз ту мурдаанд.
Тоҷикон аз халқҳои қадимтарини ҷаҳон ва сокинони аслии Осиёи Марказӣ, инчунин, ворисони асосии ориёиҳои қадим мебошанд. Таърихи тоҷикон бо таърихи кулли мардуми ориёиасл пайванди ногусастанӣ дорад. Миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ ба сари миллате ё кишваре шамшер накашидааст. Ғосибони аҷнабӣ ба хоки муқаддаси сарзамини мо борҳо ҳамла оварда бошанд ҳам, халқи тоҷик бар зидди онҳо ҳамеша ҷасурона ҷангида, нангу номус ва ягонагии марзу бумашро дифоъ кардааст.
Имрӯзҳо иддае аз ҷавонони мо аз хидмати Ватан-Модар саркашӣ намуда, аз мактаби мардонагӣ ва шуҷоат канораҷӯӣ мекунанд. Дар ин маврид падару модарон ба ҷойи раҳнамоӣ ба баҳонаҳои гуногун фарзандони худро аз муҳофизати ин Ватани маҳбубу азиз канор кашида, руҳияи онҳоро хароб менамоянд. Ҳол он ки тамоми шароит барои наваскарон ва сарбозон муҳайё гардонида шуда, қисмҳои ҳарбии ҷумҳурӣ бо техникаҳои муосир ва лавозимоти ҳарбӣ таъмин мебошанд.
Мо, ҷавонони даврони Истиқлол, таҳти сиёсати ватанпарастонаи Сардори давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, дар пешравию ободонии кишвар камари ҳиммат мебандем, зеро ин Ватан барои мо муқаддас ва ягона мебошад.
Тоҳир НАЗАРЗОДА,
Файзалӣ ҶУМЪАЕВ,
омӯзгорони коллеҷи тиббии
шаҳри Бохтар