ШОҲАСАРИ МИЛЛАТ

Тоҷикон таърихи қадим доранд ва ин боиси ифтихору сарфарозии ҳар шаҳрванди мамлакат аст.
Ба қавли Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳо ба шарофати шахсиятҳои муборизу ҷасур, ватандӯсту меҳанпарвар, донишманд ва бонангу номус тавонистааст, ки ба ганҷинаи таърих ва тамаддуни башар саҳми назаррас гузорад. Ин миллати фарҳангдӯсту тамаддунсоз дар давраҳои гуногун зулму ситам ва фоҷиаву даҳшатҳои аҷнабиёнро паси сар намуда, дар ҷое бо қавмҳои зиёд ҳамкорӣ кардаву бар зидди иддаи дигар муборизаи беамон бурдааст.
Дар тақвияти андешаҳои Сарвари мамлакат доимо ба хонандагону толибилмон таъкид менамоям, ки халқи тоҷик диловарону қаҳрамонҳои ҷасур дорад, ки номи онҳо абадан дар саҳифаҳои таърих сабт гардидааст.
Яке аз сарчашмаҳои муҳим ва муътамад китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров мебошад, ки он оид ба таърихи қадимтарин, қадим, асри миёна ва давраи нав маълумоти муфассал медиҳад.
Дар Паёми Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 26 декабри соли 2019) зикр гардида буд, ки таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносист ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамонию диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстию садоқат ба Ватан ташвиқ намоем.
Вобаста ба ин, тибқи супориши Роҳбари кишвар бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров – «Тоҷикон» аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда шуда, дастраси ҳар як оилаи кишвар гардид. Ин китоби арзишманди илмӣ ба оилаи мо низ дастрас шуд, ки онро ҳамроҳи аҳли оила мутолиа намуда, аз корномаҳои тоҷикон огоҳ мешавем.
Инчунин, бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихор миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллат дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва ба ин васила шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик ва ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров соли 2023 озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» — оинаи таъри-хи миллат» баргузор мегардад.
Имрӯз дар тамоми муассисаҳои таълимӣ омодагиҳо ба Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» ҷараён дорад. Банда низ ҳамарӯза ҳамроҳи наберагон ба хондани китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров машғул мешавам.
Шоҳасари «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров дар баланд бардоштани ҳисси худогоҳӣ, худшиносӣ ва меҳанпарастии ҳар як шаҳрванди мамлакат заминаи боэътимод мегузорад.
Ӯғулой БОБОҶОНОВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоии
муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии
№11-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров