МЕҲВАРИ ФАЪОЛИЯТИ ОМӮЗГОР

Нишондиҳандаҳои фаъоли яти омӯзгор гуногунанд, вале дар ин миён мавқеи асосиро дарс ишғол менамояд. Таълиму тарбияи хонандагон, пеш аз ҳама, ба воситаи дарс ба роҳ монда мешавад. Машғулиятҳои дигар, аз қабили саёҳат, маҳфил, ҳамоиши адабию тарбиявӣ, вохӯрӣ, ҷашнвора ва монанди инҳоро метавон ҳамчун василаҳои ёрирасони дарс тавсиф бахшид. Онҳо барои мукаммал гардидани мавзуъҳои дарсҳо ва умуман, барои такмили таълиму тарбия мусоидат мекунанд. Аз ин рӯ, ҳар омӯзгорро мебояд, ки ба дарс ба таври ҷиддӣ ва бо масъулияти комил омода шавад. Чунонки мутахассисони соҳа муайян кардаанд, вобаста ба дарс бароиомӯзгор се марҳилаи асосӣ вуҷуд дорад: омодагӣ (то оғози дарс), фаъолият дар дарс, мулоҳизаву андешаҳо пас аз дарс.
Ҳар яке аз ин марҳалаҳо муҳиманд. Зимни омодагӣ ба дарс омӯзгор гӯё таҳкурсии биноро мегузорад. Он бояд устувору қаноатбахш ва мукаммал бошад. Омӯзгор бо муайян кардани мавзуи дарси навбатӣ онро худ амиқ меомӯзад, вобаста ба он аёниятҳо омода ё интихоб мекунад, меандешад, ки дар ин дарс кадом усулҳоро истифода бояд кард, кадом лаҳзаҳои дарс чӣ гуна бояд бошад, кадом истилоҳотро истифода бояд намуду шарҳ бояд дод, хонандагони сустхонро ба чӣ тариқ ҷалб бояд сохт… Мулоҳизаву андеша ва хулосаву қарордодҳои худро омӯзгор ба таври мухтасар дар дафтари нақшаи дарс (план- конспект) дарҷ мекунад. Дар ин сурат омӯзгор метавонад бо дили пур, бо азму иродаи қавӣ, бо кӯлбори пурбори маънавӣ ба дарс ҳозир шавад ва ҳадафҳои некашро амалӣ кунаду ҷаҳони маънавии шогирдонро ғанитар намояд.
Чун дарс оғоз меёбад, ба қавли маъруф, омӯзгори ҳақиқӣ ва пуртаҷриба ба ҳунарвар (актёр) табдил меёбад, вобаста ба мавзуи дарс нақш мебозад, то таваҷҷуҳи хонандагонро ҷалб карда тавонад, шавқу завқи онҳоро ба омӯзиш бештар бикунад. Вақте ки омӯзгор ба дарс комилан омода аст, дар рӯ ба рӯи шогирдон суханаш муассиру дилпазир мешавад, онҳоро мафтуну мамнун мекунад. Хонандагон бо камоли майл устоди худро мешунаванд ва супоришҳояшро бо масъулият иҷро менамоянд. Кӯшиш мекунанд, ки фаъолият нишон диҳанд, савол диҳанд, баҳс ороянд, мубодилаи афкор ба миён оранд.
Чунин дарс, воқеан, ҷолибу судманду хотирмон мешавад ва муҳимтар аз ҳама, тамоми шогирдон моҳияту мазмуни мавзуи навро дарк ва аз худ менамоянд. Комёбии ҳам устодон ва ҳам шогирдон ба ин гуна дарс вобаста аст.
Пас аз анҷоми дарс омӯзгорро мебояд, ки дар танҳоӣ ба андеша равад ва дарси гузаштаашро батакрор пеши назар оварда, перомуни он мулоҳиза кунад ва барои худ муқаррар намояд, ки то кадом дараҷа ба ҳадафҳояш расидааст, дарсаш чӣ бурду бохте дошт ва минбаъд чӣ гуна метавон дарсҳоро боз ҳам такмил бахшид…
Чун омӯзгор марҳилаҳои мазкурро пайваста пайгирӣ мекунад, давра ба давра фаъолияташ бавусъаттару пурсамартар мешавад ва шогирдонаш ба комёбиҳо дар таҳсил ноил мегарданд.
Майгуна ЭВАЗОВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоии
мактаби №54-и шаҳри Ҳисор