Бо мақсади ташаккул додани донишу малака, маҳорат ва дарёфти истеъдодҳои нав ва инкишоф додани қобилияти амалии хонандагон дар рӯзҳои таътили баҳорӣ (аз 21 то 24 март) ва тантанаҳои наврӯзӣ хонандагони литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе бо роҳбарии омӯзгори математика Х.Фазлоншоева дар олимпиадаи байналмилалии «Ҳамадонҳои сайёра-2023», ки дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, иштирок намуданд.
Таълимгирандагони муассиса тавонистанд илму маорифи кишвари худро ба таври шоиста муаррифӣ намоянд ва Парчами Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ боло бардоранд.
Олимпиадаи мазкур ба таври тестӣ аз фанҳои алгебра, биология, химия, физика, география, таърихи ҷаҳон ва иҷрои корҳои хурди илмӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ таълимгирадагони литсейи №2 барои хонандагони болаёқат сазовори нуҳ медали тилло ва як медали биринҷӣ шуданд. Аз ҷумла, хонандаи синфи 9 Шукрона Мирзоева баъди ба даст овардани медали тилло, дубора дар ҳамин олимпиада дар ҳалли тестҳо ихтиёрӣ ширкат варзида, медали биринҷӣ низ ба даст овард. Инчунин, хонандагони синфи 8 Амирҳамза Нуров, Фарҳод Шодиев, Бибиоиша Абдуллоева, хонандагони синфи 6 Сумая Зарифова, Зуҳал Муродова, Абубакр Абдулҳақов, Фирдавс Аминов, Раиза Верезуб сазовори ҷойи аввал ва медали тилло гардиданд.
Аз рӯи натиҷаи ҷамъбасти даставии олимпиада хонандагони тоҷик сазовори ҷойи аввал гашта, Ҷоми олимпиадаро ба даст оварданд.
Дар охир ба литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе барои комёбии барҷастаашон дар олимпиада Ҷоми махсуси даставӣ супорида шуд.
Сайфиддин МУРОДОВ,
«Омӯзгор»