Бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёну унвонҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, олимону муҳаққиқони ҷавони муассисаҳои илмию тадқиқотии ҳудуди шаҳри Душанбе дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе даври ноҳиявии озмуни стипендияи Раиси шаҳри Душанбе доир гардид.
Дар озмун нахуст хонандагони синфҳои 7-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт иштирок намуда, аз рӯйи фанҳои таълимӣ вобаста ба синфу гурӯҳи таҳсил ва типи муассисаҳои таълимӣ тариқи тестӣ ба таври электронӣ имтиҳон супориданд.
Раиси комиссия, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, котиби комиссия, сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода, раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои ҷавонон, рушди варзиш ва сайёҳӣ Гулмо Қодирова, муовинони раисони ноҳияҳои пойтахт иштирок ва оид ба дастгириҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар заминаи таваҷҷуҳу ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба наврасону ҷавонон, толибилмони муассисаҳои таълимии пойтахт суханронӣ намуданд.
Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёну унвонҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, олимон ва муҳаққиқони ҷавони муассисаҳои илмию тадқиқотии ҳудуди шаҳри Душанбе бо қарори Раиси шаҳри Душанбе таъсис ёфтааст. Иқдоми мазкур бори нахуст барои донишҷӯёну унвонҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, олимон ва муҳаққиқони ҷавони муассисаҳои илмию тадқиқотии ҳудуди шаҳри Душанбе татбиқ мегардад.
Мавриди зикр аст, ки даври ноҳиявии озмун 2-3 апрели соли равон дар сатҳи ноҳияҳои шаҳр бо иштироки беш аз 2 ҳазор довталаб доир гардида, 500 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки холҳои сазоворро ба даст меоранд, ба истиснои донишҷӯёну унвонҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, олимон ва муҳаққиқони ҷавони муассисаҳои илмиву тадқиқотии ҳудуди шаҳри Душанбе ба даври шаҳрии озмун роҳхат мегиранд. Даври шаҳрии озмун 4 — 7 апрели соли ҷорӣ бо иштироки 500 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯёну унвонҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, олимон ва муҳаққиқони ҷавони муассисаҳои илмию тадқиқотии ҳудуди шаҳри Душанбе баргузор гардида, 240 нафаре, ки холҳои баландро соҳиб мешаванд, сазовори номи гирандагони стипендияи Раиси шаҳри Душанбе мегарданд.
Ҷамъбасти озмун дар арафаи Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел баргузор мегардад, дар назар дошта шуда, ғолибон дар вазъияти тантанавӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Салима МӮСОЕВА,
«Омӯзгор»