ДИПЛОМАТИЯИ ИСТИФОДАИ ОБ

Об захираи нодири табиӣ ба ҳисоб рафта, бе он ҳастии инсон ва дигар мавҷудот имконнопазир аст. Дар дунёи муосир вазъи захираҳои об сол то сол ба сабаби афзоиш ёфтани эҳтиёҷот ба онҳо ва тағйир ёфтани иқлим муташанниҷ гардида истодааст. Аз рӯи маълумоти сарчашмаҳои гуногун, дар шароити имрӯза талабот ба оби ошомиданӣ дар байни 20%-и аҳолии шаҳрҳо ва 75%-и аҳолии деҳоти дунё қонеъ нагардида истодааст. Тақрибан 1 млрд нафар одам ба оби ошомидании тоза дастрасӣ надорад ва 2,6 млрд нафар дар шароити ногувори санитарӣ қарор доранд.
Бино бар ин, ҳамкории ҳамаҷониба барои дастгирии ҳадафҳои байналмилалӣ дар ҷодаи истифодаи оқилонаи захираҳои об мавриди баррасии сатҳи баланд қарор гирифтааст. Барномаи ҳадафҳои рушди устувор то давраи соли 2030 аз тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ талаб менамояд, ки баҳри истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ чораҳои мушаххас андешанд.
Дар чорчӯби амалӣ кардани Ҳадафҳои рушди устувор Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва дигар шарикони рушд мунтазам ҷамъомадҳои муфид дар доираи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028” ташкил менамояд. Соли 2022 дар шаҳри Душанбе конференсияи байналмилалии сатҳи олӣ дар мавзуи “Ҳавасмандгардонии амал ва ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои обӣ дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” баргузор шуда буд. Баргузории ин конференсия қисмати “Раванди оби Душанбе” ба ҳисоб рафта, барои имконот ва ташаккули муҳити мусоид баҳри васеъ намудани ҳамкориҳои шарикони рушд, мусоҳибаҳои сиёсӣ, татбиқи барномаҳои Даҳсола, инчунин, инкишофи ҳамкориҳо дар дигар самтҳо такон бахшид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти масъалаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои об дар арсаи ҷаҳон яке аз мамлакатҳои пешқадам маҳсуб мешавад, зеро бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои вобаста ба об дар арсаи ҷаҳонӣ дар ҳошияи ҳамкории судманд бо СММ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Доир ба дипломатияи истифодаи захираҳои об дар ҳошияи Ҳадафҳои рушди устувор Сарвари давлат дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ки дар СММ баргузор гардид, роҳбарӣ ва суханронӣ намуданд. Дар суханронии худ Роҳбари кишвар обро сарчашмаи ҳама мавҷудоти зинда дар олам ва қудрати муттаҳидсозандаи одамони сайёра номиданд. Моро зарур аст, ки вобаста ба об дидгоҳи наве дошта бошем, ки дурнамои рушди захираҳои онро инъикос намуда, ҳамзамон, ба таҳкими нақши захираҳои оби тоза дар рӯзномаи баъдии ҷаҳонӣ мусоидат намоем. Ибтикороти Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи кулли иштирокчиёни ин конференсия ҷонибдорӣ карда шуданд.
Кӯшишҳо ва иқдомҳои Пешвои миллат барои мо – мардуми сарбаланди тоҷик боиси ифтихор гардида, тамоми ҷамъияти ҷаҳониро ба масъалаҳои мубрамтарини ҷаҳони муосир ҷалб намуд.
Дар ҷамъбасти конференсияи сатҳи олӣ дар СММ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли ҷомеаи ҷаҳониро ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор даъват намуда, зикр карданд, ки “Рӯзномаи Амал оид ба об бояд дар се ҳамоиши калидии дарпешистодаи Созмони Милали Муттаҳид, яъне Саммити ҳадафҳои рушди устувор-2023, Саммити оянда-2024 ва Саммити ҷаҳонӣ оид ба масоили иҷтимоӣ-2025 ва тавассути форумҳои солонаи сиёсии сатҳи баланд оид ба Ҳадафҳои рушди устувор, конфронсҳои ҷонибҳои манфиатдор оид ба масоили иқлим, гуногунии биологӣ, инчунин, дигар равандҳои Созмони Милали Муттаҳид ва албатта, Раванди оби Душанбе ба таври мушаххас пайгирӣ карда шавад”.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шарикони рушди кишварҳои аъзои СММ-ро ба конференсияи навбатӣ оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии об, ки соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, даъват намуданд.
Мо — тоҷикон ифтихор аз он дорем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дар раванди дипломатияи истифодаи об дар доираи Ҳадафҳои таъмини рушди устувор ҳамчун кишвари боэътимод ва офаранда шинохта шудааст.
Ҷ. Алиҷонов,
доктори илми иқтисодӣ,
профессор, мудири кафедраи
назарияи иқтисодии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров