ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДАВУ МАНФИАТОВАР

Тоҷикистон дар миқёси Осиёи Марказӣ дорои захираҳои калони об мебошад. Аз тарафи дигар, дар бисёр минтақаҳои олам норасоии об, хусусан, оби ошомиданӣ ба масъалаи аввалиндараҷа мубаддал гаштааст.
Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди Иҷлосияи 54–уми Созмони Милали Муттаҳид (соли 1999) суханронӣ карда, пешниҳод намуданд, ки соли 2003 Соли байналмилалии оби тоза эълон карда шавад. Ин иқдом аз тарафи бисёр мамлакатҳои ҷаҳон дастгирӣ ёфт. Қобили зикр аст, ки ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро СММ ба назар гирифта, соли 2003-ро Соли байналмилалии оби тоза, солҳои 2005-2015 –ро Даҳсолаи байналмилалии амалиёт “Об барои ҳаёт”, соли 2013-ро Соли ҳамкорӣ дар соҳаи об ва солҳои 2018-2028-ро Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон намуд. Ин иқдомҳо аз ҷониби 197 мамлакати ҷаҳон дастгирӣ ёфт, обрӯву эътибори Тоҷикистонро боз ҳам баланд бардошт.
Гуфтан бамаврид аст, ки рӯзи 23 апрели соли 2022 дар шаҳри Кумамотои Ҷопон Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором баргузор гардид. Дар ин саммит Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо паёми видеоӣ суханронӣ намуданд.
Бори нахуст дар Созмони Милали Муттаҳид конфронс вобаста ба масоили оби тоза соли 1977 баргузор гардида буд. Мавриди зикр ва ифтихор аст, ки давраи дуюм баъди 50 сол (соли 2023) дар ин мавзуъ зери ҳамраисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерландия баргузор гашт. Вақте ки аз ҷониби Тоҷикистон соли 2003 Соли байналмилали оби тоза пешниҳод гардид, мардуми олам кишвари моро кишвари камоб гумон мекарданд, ҳол он ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги об аст ва дар ҷаҳон баъди чунин давлатҳои аз чиҳати масоҳат бузург: Россия, ИМА, Чин, Бразилия, Конго, Ҳиндустон, Канада ҷойи 8-ум, дар миқёси ИДМ ҷойи 2-юм ва дар Осиёи Миёна ҷойи аввалро ишғол менамояд. Захираҳои оби равони Тоҷикистон ба ҳисоби миёна соле 62,0 км3-ро ташкил медиҳад, ки аз он 12 км3 дар қаламрави ҷумҳурӣ сарф мешавад. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 947 дарё, 8492 пирях, 1300 кӯлу обанбор ва беш аз 200 чашмаи шифобахш ҷойгир аст.
Дар дунё кишварҳое ҳастанд, ки аз норасоии оби ошомиданӣ ва одитарин шароити санитарию гигиенӣ азият мекашанд. Шукр, ки мо дар мамлакати сероб, соҳиби дарёҳои фаровону чашмаҳои оби мусаффо ва пиряхҳои азим зиндагӣ мекунем. Мисли сарзамини мо табиати нотакрор, обҳои софу зулол, чашмаҳои оби ширин, кӯҳҳои зебову сарбаланди дорои сарватҳои зиёди зеризаминӣ дар ҳеҷ гӯшаи олам вуҷуд надорад. Пас, моро месазад, ки бо чунин диёри зебоманзар ифтихор намоем, шукри ҳар пора замину ҳар қатраи обаш кунем ва ин ҳама дороияшро, ки сарчашмаи ҳаёти мост, тозаву озода нигаҳбон бошем. Мо бояд дар баланд бардоштани маърифати экологии аҳолии ҷумҳуриямон ҳамеша кӯшишу талош намоем.

Ҳотам КАМОЛОВ,
ассистенти кафедраи идораи
минтақавӣ ва географияи иқтисодии ДДД