Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №62 ба номи Абдумалик Баҳории ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таҳти унвони «Тараннумгари сулҳу дӯстӣ» бахшида ба 145-солагии зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ ва баифтихори Рӯзи пойтахт бо иштироки китобдорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, намояндагони сарраёсати маорифи шаҳр ва мудири шуъбаи маорифи ноҳияи мазкур Ҳусния Кучарзода, ҳамоиши адабию фарҳангӣ баргузор гардид.
Пеш аз оғози чорабинӣ хонандагони муассиса дар заминаи достони «Рустам ва Суҳроб» -и Абулқосим Фирдавсӣ саҳнаеро намоиш доданд, ки ба ҳамагон писанд омад.
Ҳамоишро директори муассиса Муқаддам Шамсиева оғоз бахшид. Сипас, хонандагон аз зиндагинома ва фаъолияти эҷодии устод Садриддин Айнӣ шеърҳо қироат намуда, намоишеро вобаста ба қиссаи «Мактаби куҳна»-и устод пешкаши ҳозирин намуданд.
Ҳусния Кучарзода зикр намуд, ки се моҳ боз шуъбаи маорифи ноҳия дар ҳамкорӣ бо китобдорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия бо иштироки шоиру нависандагон чорабиниҳои адабию фарҳангӣ баргузор менамояд. Иқдоми мазкур бо ҳадафи такмил додани дониши хонандагон ва ҷалби онҳо ба китобу китобхонӣ роҳандозӣ гардидааст. Ба шарофати ин гуна ҳамоишҳо хонандагон ба таҳсил бештар ҳавасманд шуда шеърҳои зиёдро аз бар менамоянд ва ба мутолиаи фаъолонаи китобҳои бадеӣ машғул мешаванд.
Салима Мусоева,
«Омӯзгор»
