СОХТМОНИ МАКТАБИ ДАРНАЙЧӢ ТАЪХИР МЕЁБАД. ЧАРО?

Муассисаи таълимии №38-и ноҳияи Восеъ мероси солҳои панҷоҳуми асри гузашта буда, тариқи похсадевор сохта шудааст. Таълимгоҳи мазкур дар деҳаи Дарнайчии Ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабов, дар доманакӯҳи Сартез, аз маркази ноҳия 40 км дур воқеъ гардидааст. Айни ҳол дар мактаб 507 нафар хонанда дар ду баст ба таълим фаро гирифта шудаанд. Бояд зикр кард, ки солҳои тӯлонӣ муассиса таъмир нашудааст.
Омӯзгорону сокинони деҳаи Дарнайчӣ бо мактубу дархост ба ташкилоту идораҳои дахлдори вилояту ҷумҳурӣ муроҷиат карданд, аммо афсӯс, ки ба муроҷиати онҳо касе аз роҳбарон то ба имрӯз ҷавоб нагардондааст. Гирду атрофи мактабро бо мурури замон хонаҳои иқоматӣ фаро гирифта. Бинои мактаб аз 12 синфхона, майдончаи хурдакаки варзиш ва биноҳои иловагӣ иборат аст. Синфхонаҳои тангу тор ҳолати ногувор дошта, аз девору сақфи харобгашта, фаршҳои фарсуда, дару тирезаҳои аз асри гузашта бамеросмонда иборат аст. Омӯзгорону хонандагон аз он шикоят доштанд, ки бо фаро расидани фасли зимистон синфхонаҳо чунон торик мешаванд, ки агар дар рӯзи равшан дари синфхонаро кушода намонӣ ё синфро бо шамъ равшан накунӣ, дар тахтаи синф навиштан наметавонӣ. Таҳкурсии бино бо мурури замон ба замин фурӯ рафтааст.
Директори собиқи муассисаи таълимии мазкур Наҷмуддин Сайфуддинов иброз дошт, ки солҳои тӯлонӣ дар ҳамин мактаб фаъолият мекунам ва ёд надорам, ки дар ин муддат он рӯи таъмирро дида бошад. Дар давраи директорӣ аз нарасидани синфхонаҳо соли 2018 бо хамкории омӯзгорону сокинони деҳа бо тариқи ҳашар 2 синфхонаи иловагӣ сохта, ба истифода додем. Аммо ин тадбир мушкилоти мактабро ҳал кардан натавонист. Ҳоло дар ин деҳа зарурати сохтмони мактаби замонавӣ ба миён омадааст. Мактаб то соли 2003 ҳамчун муассисаи таълимии зинаи асосӣ фаъолият мекард ва баъдан, бо зиёд шудани шумораи хонандагон, соли 2003, мактаби таҳсилоти асосии №38 ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №38, деҳаи Дарнайчии Ҷамоати деҳоти ба номи Х. Раҷабов табдил дода шуд. Аризаи шикоятии аҳолии деҳаи мазкур ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.10.2013, №29\Д-9045 ворид гардидааст ва ҷавоби он аз тарафи мутахассисони Вазорати маориф Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4.11.2013, №11\ 4- 425 мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифта, дар ин масъала чунин хулоса шудааст:
-Дар ҳақиқат бинои мактаби мазкур дар ҳолати ногувори санитарӣ — гигиенӣ қарор дошта, ба талаботи меъёрҳои сохтмонӣ ҷавобгӯ намебошад. Вазорати маориф аз рӯи имкониятҳои молиявӣ соли 2014 сохтмони 10 синфхонаи иловагиро ба нақша гирифтааст. Ҳамзамон, аз тарафи Вазорати маориф ба масъулини соҳа супориш дода шудааст, ки чунин ҳуҷҷатгузорӣ аз ҷумла:
-Санади интихоби қитъаи замин, қарори раиси ноҳия оид ба тасдиқи санади интихоби қитъаи замин ва иҷозати лоиҳакашӣ, хулосаҳои шуъбаҳои ҳифзи муҳити зист, оташнишонӣ, барқ, обу корезӣ ва санитарӣ- эпидемиологӣ, супоришҳои меъморӣ (АПЗ) ва нақшаи ҷойгиршавии иншоот бо нишондоди муҳандисиро ба анҷом расонанд.
Бо мақсади равшанӣ андохтан ба ин масъала мо бо раиси собиқи Ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷаб Ҷ. Икромов суҳбат доштем. Ӯ чунин гуфт:
Вай шахсан дар ҳолати садамавӣ қарор доштани муассисаро медонад ва барои сохтмони муассисаи нави таълимӣ кӯшиш намудааст. Аз заминҳои хоҷагии деҳқонии «Саидаҳмад» бо маслиҳати раиси хоҷагии деҳқонӣ қитъаи замин ҷудо шудааст.Баъдан бо мактуби Ҷамоати деҳоти ба номи Х.Раҷабов аз 16.01.2017,№1-7 ба сардори саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мусоидат намудан хулосаи мутахассисон вобаста ба қитъаи замини ҷудошуда ирсол гардидааст. Дар навбати худ саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мактуби худ аз 23.02.2017, №6-215 хулосаи тадқиқоти муҳандисӣ-геологии қитъаи заминро барои сохтмони мактаби нав дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳ. Раҷабов чунин арзёбӣ намудааст:
-Дар рафти тадқиқоти муҳандисӣ-геологӣ дар қитъаи замини пешниҳодшуда айни замон равандҳои экзогенӣ- геологии ба ин мавзеъ таҳдидкунанда вуҷуд надорад ва он барои сохтмон мувофиқ аст. Қарори раиси ноҳияи Восеъ аз 26.02.2016, №83 «Дар бораи додани иҷозат ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиб додани лоиҳа ва додани қитъаи замин барои сохтмони муассисаи таълимӣ барои 620 ҷойи нишаст дар қитъаи замини интихобшуда» ба тасвиб расида, тамоми масъулини соҳаро вазифадор намуд, ки ҳуҷҷатҳои заруриро таҳия намуда, ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд. Бояд тазаккур дод, ки аз тарафи Кумитаи идораи замини ноҳияи Восеъ парвандаи танзими заминро «Оид ба ҷудо намудани майдони умумии 2,0 га гектар замини корами обӣ барои сохтмони муассисаи таълимӣ» дар деҳаи Дарнайчии Ҷамоати деҳоти ба номи Х. Раҷабов дар ҳаҷми 22 саҳифа омода намуда, лоиҳаи қарори раиси ноҳияи Восеъ ва Қарори раиси вилояти Хатлон ва ҳамзамон, хулосаҳои ташкилоту идораҳои дахлдори вилоятро ба Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ пешниҳод намудаанд. Мутобиқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2016, №23371(28-3) парвандаи заминсозӣ ва лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гирифтан ва ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон додани қитъаи замин» дар майдони 2,0 гектар замини корами обӣ барои сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 620 хонанда дар деҳаи Дарнайчии Ҷамоати деҳоти ба номи Х. Раҷабови ноҳияи Восеъ аз тарафи гурӯҳи кории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шуда, хулосаи зарурӣ бароварда шудааст.
Мутаассифона, ин масъала то имрӯз ҳал нашудааст. Омӯзгорону хонандагон ва мардуми деҳаи Дарнайчӣ 10 сол боз интизор ҳастанд, ки кай Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ барои омӯзгорону хонандагони деҳа мактаби нав месозад… Бояд хотиррасон намуд, ки оид ба додани қитьаи замин барои сохтмони мактаби нав қарори раиси ноҳияи Восеъ аз 26 феврали соли 2016, №83 ва қарори раиси вилояти Хатлон аз 8 сентябри соли 2017, №172 бо дарназардошти хулосаҳои идораҳои дахлдори ноҳиявию вилоятӣ қабул гардидааст. Пас, дар сохтмони мактаби нав чаро ба кашолкорӣ роҳ медиҳанд?

Шариф АБДУЛҲАМИД,
«Омӯзгор», шаҳри Кӯлоб