ҚОНУН ИҶРО МЕШАВАД?

Дар ҳар як суханронияшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муваззаф будани падару модар ва дигар пайвандон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеаро дар таълиму тарбияи кӯдакону наврасон таъкид мекунанд. Ин буд, ки соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қабул карда шуд.
Оё қабули қонун пас аз гузашти 12 сол дар самти пешгирии насли наврас аз амалҳои номатлуб ва бештар намудани масъулияти волидону мактаб ва ҷомеа таъсир расонида тавонист? Оё иҷрои талаботи қонун моро қонеъ карда метавонад?
Коршиноси масоили соҳаи маориф Сабрина Рустамзода дар робита ба таъсири қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” изҳор намуд, ки дар таҳлил ба 12 сол қабл дар таълиму тарбияи фарзанд то андозае муваффақ гаштаем. Масъулиятнокии волидон ва шахсони онҳоро ивазкунанда, омӯзгорон беҳтар шуда, ба таълиму тарбия, таҳсилот, одобу рафтор ва дониши наврасон диққати бештар медиҳанд, ки иштироку ғолибияти онҳо дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва ҷамъомаду чорабиниҳо гувоҳи гуфтаҳои болост. Аммо, мо куллан гуфта наметавонем, ки ба ҳадафи асосӣ расида тавонистем, зеро, иҷрои талаботи қонуни номбурдаро на ҳамаи волидон таъмин карда истодаанд.
Сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода гуфт, ки қонуни мазкур дар беҳтар шудани ҳамкории волидон бо муассисаи таълимӣ мусоидат кард. Маҳз ин буд, ки фаъолияти Кумитаи падару модарон ва Ассотсиатсияҳои волидони назди муассисаҳои таълимӣ дар самти таълиму тарбияи насли наврас ва муҳайё кардани шароити муосир беҳтар гардидааст. Масалан, соли 2022 падару модарон дар сохтмони биноҳои иловагии 56 муассисаи таълимӣ кумаки худро расониданд, ки беш аз 280 синфхонаи иловагӣ бо талаботи муосир мавриди истифода қарор гирифт. Бахусус, дар 12 муассисаи таълимӣ зиёда аз 60 синфхонаи иловагӣ бевосита бо ҳашар ва кумаки падару модарон ба истифода дода шудааст, ки гувоҳи гуфтаҳои боло мебошад. Сохтмони 8 синфхонаи иловагиро дар муассисаи таълимии №49-и ноҳияи Қубодиён мисол оварда метавонем, ки аз ҳисоби кумитаи падару модарони муассисаи таълимӣ қомат афрохта, ба истифода дода шуд. Барои 192 нафар хонандаи муассисаи таълимии мазкур ҷойи нишаст дар синфхонаҳои тозаву барҳаво муҳайё гардид. Бунёди бархе аз биноҳои иловагӣ бо маблағгузории мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорон мебошад, аммо аз ҳисоби қувваи корӣ ба таври ҳашар волидони хонандагон кумак намуда истодаанд. Ғайр аз ин, дар 26 муассисаи таълимӣ синфхонаҳои иловагиро худи кумитаи падару модарон ба таври ҳашар бунёд карда истодааст, ки дар самти аз байн рафтани мушкилоти норасоии ҷойи нишаст мусоидат мекунад.
Директори муассисаи таълимии №6-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Фарҳод Юсуфов таъкид кард, ки тибқи таҳлилу мушоҳидаи мо волидон дар ду маврид ба таҳсили фарзандашон диққат медиҳанд. Агар дар синфи якум барои таҳсили фарзандашон назди омӯзгор ва синфи беҳтарин диққат диҳанд, дар синфи 11 ба баҳогирӣ ва аттестати онҳо аҳаммият медиҳанд. Боиси таассуф аст, ки аксари волидон ҳангоми бори аввал ба муассиса овардани фарзандашон барои дар назди омӯзгори пешқадам мондан талошу баҳс мекунанд, вале давоми чанд соли таҳсил беаҳаммиятӣ зоҳир менамоянд, ки кори таълиму тарбияи омӯзгоронро мушкил мегардонад.
Фарзанди Хайрия Комилова дар муассисаи таълимии №1, ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таҳсил менамояд. Ӯ давоми чанд соли ахир ба сифати раиси маҳалла ва раиси кумитаи падару модарони муассисаи таълимӣ фаъолият мекунад. Мавсуф гуфт, ки ҳеҷ падару модар аз таълиму тарбия дур мондани фарзандашро намехоҳад. Аммо бори гарони зиндагӣ ва ғаму ташвишҳои пайдарпай, мушкилоти дарёфти рӯзӣ боис мегардад, ки волидон ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд ё аз субҳ то шом кор кунанд. Дар чунин маврид ё бори таълиму тарбияи фарзанд ба дӯши модар мемонад ва ё ин ки аз таваҷҷуҳ каме дур мешавад.
Аз андешаҳои боло чунин хулоса кардан мумкин аст, ки бо мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар самти таълиму тарбияи насли наврас ва мустаҳкам кардани ҳамкории волидон бо муассисаи таълимӣ то андозае муваффақ гаштаем. Аммо тарғиб ва корҳои иттилоотию тарғиботӣ бештар бо волидон аз тарафи сохторҳои қудратӣ, маориф ва дигар мутасаддиён дар баланд бардоштани масъулияти волидон мусоидат хоҳад кард.

Суҳроб Азизӣ,
“Омӯзгор”, шаҳри Бохтар