Дар кишвари соҳибистиқлоламон чанд сол аст, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон–Ватани азизи ман», «Илм — фурӯғи маърифат» роҳандозӣ мешаванд. Ин ибтикороти Роҳбари кишвар танҳо баҳри рӯ овардани тамоми қишри ҷомеа ба китоб, бохабар шудани мардум аз гузаштаи ифтихорбахши худ мебошад.
Сарвари давлат зимни яке аз суханрониҳояшон гуфта буданд: „Китоб дар радифи Модар ва Ватан арзандатарин муқаддасот ба ҳисоб меравад.” Ду даҳсола боз бо ибтикори дастандаркорони Муассисаи давлатии Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар ва хосатан бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои кишвар дар саросари Тоҷикистони азиз Фестивали ҷумҳуриявии „Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” (аз 2-юм то 9-уми апрел) баргузор карда мешавад. Тӯли як ҳафта дар ҳама муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои кишвари азизамон ҷашн аст, ҷашни китобу китобдорӣ.
Омӯзгорон, аҳли китобхонаҳо, кормандони соҳаи фарҳангу маориф дар ҳафтаи фестивал хеле серташвишу сертараддуд мегарданд. Хонандагони муассисаҳои таълимӣ давоми ҳафт рӯзи фестивал бо адибоне, ки барои кӯдакону наврасон шеъру достонҳо ва ҳикояву қиссаҳо меофаранд, аз наздик ошноӣ пайдо мекунанд, бо онҳо мулоқот меороянд. Ҳамин нишасту вохӯриҳо дар раванди таҳсилот ба хонандагон нақши муассире мегузоранд. Ба шарофати баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон–ватани азизи ман», «Илм — фурӯғи маърифат» қисми зиёди хонандагону донишҷуёни муассисаҳои таълимӣ, литсейю гимназияҳо ва донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистон метавон гуфт, ки хурду калони кишвар ба китобу китобхонӣ бештар рӯ оварданд.
Мо, кулли кормандони китобхонаҳои кишвар, бояд ки дар роҳи татбиқи ҳадафҳои маърифатпарваронаи Сарвари муаззами кишвар бетараф набошем. Бояд ҳар чӣ бештар дар кори созмондиҳӣ ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, аз қабили фестивалу озмунҳои ҷумҳуриявӣ, баҳри баланд бардоштани маънавиёти кӯдакону наврасон ва ба ин васила дар ниҳоди онҳо бедор намудани ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ, эҳтиром кардани арзишҳои миллии кишварамон азму талоши ҳамешагӣ дошта бошем. Зарур аст, ки пеш аз ҳама, махзани китобхонаҳои худро аз адабиёти тозанашр комил намоем. Баъдан роҳу усулҳои нави ҷалби кӯдакону наврасонро ба китобу китобхонӣ роҳандозӣ кунем.
Тӯли чанд соле, ки роҳбарии Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакарро ба дӯш дораму ҳини сафарҳои хидматӣ чун мебинам, ки дар рафҳои китобхонаҳои ҷамоату деҳкадаҳои шаҳру ноҳияҳои мо ба ҷуз аз адабиёти куҳнаву фарсуда чизи дигаре ба чашм намерасад, табъам хира мегардад. Чизи дигаре, ки садди роҳи такмили хазинаи китобхонаҳо дар шаҳру ноҳияҳо мегардад, ин аст, ки аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо барои харидории адабиёти тозанашр маблағи хеле кам (аз 5000 то 8000 сомонӣ) ҷудо мегардад. Хуб мебуд, ки ин мала ду ё се баробар зиёдтар мегашту ба тавозуни харҷии китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳо вогузор мешуд. Роҳи дигари пур кардани адабиёт ба худи роҳбарони китобхонаҳо вобаста аст.
Дар ҳар шаҳру ноҳия ва деҳкадаҳо шахсони зиёде кору зиндагӣ доранд, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ доро мебошанд ва барои хариди 100-200 китоб маблағи худро ҳеҷ гоҳ дареғ намедоранд, зеро фарзандону набераҳои эшон низ аз ин адабиёти туҳфашуда истифода хоҳанд бурд. Ғайр аз ин, моро мебояд, ки дар ҳар чор сол як ё ду лоиҳае, барномае барои пешрафти кори муассисаҳои худ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намоем, то раванди кор дар китобхонаҳо ҳам аз лиҳози техникӣ ва ҳам аз лиҳози бештар гаштани адабиёти тозанашр хубтар гардад.
Имрӯз махзани китоби муассисаи мо зиёда 115 ҳазор адабиётро фарогир аст. Ҳамасола аз тарафи адибон ва шахсони хайрхоҳ аз 500 то 1000 китоб ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба китобхона ворид мегардад. Аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ соли 2023 маблағи кофӣ барои хариди адабиёти тозанашр ҷудо гардид. Бори дуюм аст, ки лоиҳаҳои барои боз ҳам хубтар гаштани кори кормандонамон аз тарафи роҳбарияти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ меёбанд, ки мо барои ин аз мақомоти мазкур сипосгузорем.
Ҳама хидматрасонӣ дар муассисаи мо ройгон аст. Ҳар хонандаи мактаби шаҳри Душанбе метавонад тӯли як ҳафта аз адабиёти зарурияш истифода бубарад. Дар боло бурдани савияи дониши кӯдакону наврасон на танҳо китобдорону омӯзгорон, балки падару модарон низ масъуланд. Кам андар кам волидонеро вомехӯрем, ки соле як ё ду бар барои фарзандони худ китоби тозанашреро ҳадя намуда бошанд. Дар шаҳри Душанбе бисёр дуконҳои китобфурӯшӣ ҳастанд, ки дар онҳо рафҳои пур аз китобҳои тозанашр интизори хонандаҳо мебошанд.
Ҳусайн Сафарзода,
директори Китобхонаи
давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи
Мирсаид Миршакар
