Бо мақсади эҳё кардани бозиҳои миллии ниёгон, тарбия намудани хонандагон дар руҳияи эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ, ташвиқу тарғиби анъанаҳои ниёгон дар варзишгоҳи «Хуррамшаҳр»-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров даври вилоятии озмуни «Бозиҳои миллӣ» баргузор гардид.
Дар ин давр хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз 15 шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд. Сабқат аз рӯйи бахшҳои “Лалакпарронӣ”, “Бодпаракпарронӣ”, “Ҳаппабозӣ”, “Лакпарбозӣ”, “Ланкабозӣ”, “Ошуқбозӣ”, “Чилликбозӣ”, “Арғамчинбозӣ” доир шуд. Аз рӯи натиҷаҳои ҷамъбастгардида ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо диплом, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Мавриди зикр аст, ки озмуни вилоятии «Бозиҳои миллӣ» ҳамасола бо ибтикори Маркази таҳсилоти иловагӣ дар вилояти Суғд баргузор карда мешавад.
