ФАЙЗИ НАВРӮЗ

Соати тарбиявӣ ба муносибати ҷашни Наврӯз
Ташкили дарси тарбиявӣ аз омӯзгор донишу маҳорати баланд тақозо дорад. Ин гуна дарсҳоро вобаста ба ҷашну идҳои миллӣ метавон бештар ташкил кард.
Воситаҳои аёнӣ дар гӯшаи синфхона: ду хони наврӯзӣ: дар яке “ҳафт син”, дар дигаре “ҳафт шин”, паҳлуи онҳо гулҳои сияҳгӯш ва қоқу. Китобҳои “Осор-ул-боқия”- и Абурайҳони Берунӣ ва “Наврӯзнома”- и Умари Хайём ва чанд китобу рӯзнома ва маҷалла гузошта шудааст.
Муаллим: — Шогирдони азиз, мо имрӯз дар бораи яке аз идҳои қадимию машҳурамон — Наврӯзи оламафрӯз суҳбат мекунем. Ҳоло ман аз Паринамо хоҳиш мекунам барои мо порчаеро аз китоби “Осор-ул-боқия” — и Абурайҳони Берунӣ бихонад.
Паринамо: (китобро ба даст гирифта мехонад) — “Чун Сулаймон ибни Довуд ангуштарии хеш гум кард, салтанат аз дасти ӯ берун рафт. Вале пас аз чил рӯз бори дигар ангуштарии худро биёфт ва подшоҳию фармондиҳӣ бар ӯ баргашт ва мурғон ба даври ӯ гирд омаданд. Эрониён гуфтанд: “Наврӯз омад!” Яъне рӯзи тоза биёмад. Ва Сулаймон бодро амр кард, ки ӯро бардорад. Ва парастуе дар пеши рӯи ӯ пайдо шуд, ки мегуфт: “Эй подшоҳ, маро ошёнаест, ки чанд тухм дар он аст, аз онсӯтар рав, ки ошёни маро дарҳам нашиканӣ”. Пас Сулаймон роҳи худро каҷ кард. Ва чун аз тахти худ, ки бар бод ҳаракат мекард, фуруд омад, парасту бо минқори хеш қадре об оварду ба рӯи Сулаймон пошид ва як рони малахро низ ҳадя овард. Ва аз ин ҷост, ки мардум дар Наврӯз ба якдигар об мепошанд ва пешкашиҳо ба назди ҳам мефиристанд”.
Муаллим: Шогирдони азиз, матнро фаҳмидед?
– Фаҳмидем.
Муаллим: — Калима ва ё иборае бароятон номафҳум набуд?
– Не.
Муаллим: (китобро аз дасти Паринамо гирифта, мегӯяд) — Аз ин китоб бароятон боз як-ду ҷумла мехонам: “…Рӯзи Наврӯз дар канори хона ҳафт навъ аз ғалла бар ҳафт табақ бикоранд. Ва аз рӯидани ин ғалла ба хубию бадии зироат ва ҳосили солиёна пешгӯӣ кунанд”. Шогирдони азиз, боқиро худатон дар хона аз ин китоб мутолиа бикунед. Оё шумо медонед, ки Наврӯз аз идҳои қадимист ва дар мамлакатҳои гуногун ҷашн гирифта мешавад. Кӣ мегӯяд, кадом мамлакату давлатҳо?
Шогирдони зиёд даст боло мекунанд.
Таҳмина: — Дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, Туркманистон, Озарбойҷон ва Афғонистону Эрон, Покистону Ҳиндустон.
Муаллим: — Наврӯз чӣ хусусиятҳо дорад?
Шогирдони зиёд даст боло мекунанд.
Ҷамшед: — Яке аз хусусиятҳои Наврӯз он аст, ки табиат зинда мегардад. Гулу гиёҳҳо мерӯянд, дарахтони дар зимистон як навъ хушку урёнгашта аз нав сабз мешаванд. Бар замми ин, рӯзи Наврӯз шабу рӯз баробар мешаванд.
Гулбаҳор: — Мардумон бар замми тозаву озода кардани маҳалли зисташон, боз баҳри оростани хони наврӯзӣ омодагӣ мебинанд. Дар ташт ва карсонҳо барои суманак пухтан гандум месабзонанд. Барои кӯдакон сарулибоси наву идона медӯзонанд ва рӯзи иди Наврӯз мепӯшонанд.
Зебо: — Дар шаби ҷашни Наврӯз дар бисёре аз хонаҳои мардум, маҳаллаҳои Тоҷикистони азизи мо кадбонуҳо ҷамъ омада, суманак мепазанд. Аз сари шаб то саҳар даври деги калон гашта, кафгир задаву суруд мехонанд:
Суманак дар ҷӯш, мо кафча занем,
Дигарон дар хоб, мо дафча занем.
Ёсуман: — Тавре ки гуфтанд, бо наздик шудани мавсими баҳор кадбонуҳо дар таштҳо ва карсонҳои калон гандумро кам-кам ҳар рӯз нам карда меистанд, то дами неш задани донаҳои гандум. Баъд онро кӯфта, обашро бо дока полида, каме орд ҳамроҳ карда, ба ду шакл мепазанд.
Афшана: — Якеро бо обу орд шӯрида, кулча карда, дар зери алови оташдон, дегдон ё танӯр мепазанд. Дигареро ба деги калон рехта, таги дег алови паст монда, барои он ки таги суманак насӯзад, даруни дег чанд дона чормағз ва ё сангча мепартоянд ва то рӯз гирди дег гашта, кафгир-кафча зада, тавре ки гуфтанд, суруд мехонанд.
Муаллим: — Наврӯз ба дине алоқаманд ҳаст?
Шогирдон:
– Не!
Муаллим: — Кишоварзон дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз чӣ корҳоро анҷом медиҳанд?
Зафар: — Деҳқонон рӯзҳои наврӯзӣ ба саҳро баромада, ба омода кардани замин ба киштукори баҳорӣ машғул мешуданд. Дар ин бора бисёре аз шоирону нависандагон ишораҳо карда, баъзеҳо батафсил навиштаанд.
Муаллим: — Барои мо якеро номбар кунед.
Зафар: — Ман пештар ҳам дар ин бора огаҳӣ доштам. Ба қарибӣ китоби “Илм фидоӣ мехоҳад” — и Абдуғаффори Партав, романи “Вахш”-и Сайидаҳмади Зардонро мутолиа кардам. Он ҷо дар ин бора гуфта шудааст.
Муаллим: — Дар замони истиқлол Наврӯз чӣ мақом пайдо кардааст?
Салим: — Бо ҷаҳду талоши Сарвари давлатамон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирию ҷонибдории сарварони ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Афғонистон, Эрон ва Туркманистону Озарбойҷону Қирғизистон Наврӯз аз соли 2006 ба феҳристи ҷашнҳои байналмилалӣ ворид карда шуд. Ҳоло дар бисёр давлатҳои ҷаҳон онро ҷашн мегиранд. Дар ҷумҳурии мо ҳар сол дар маркази яке аз шаҳру ноҳияҳо дар сатҳи давлатӣ ба таври хоса, бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад.
Муаллим: — Дар ин рӯз чӣ гуна чорабиниҳо баргузор карда мешаванд?
Ширин: — Ба ифтихори ҷашни Наврӯз мусобиқаҳои варзишӣ ва озмунҳои зиёд эълон, ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда, ғолибон бо мукофотҳо қадрдонӣ мешаванд.

Абдуғаффор Партоев,
Аълочии маорифи
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Дилҷӯ Партоева,
корманди кӯдакистони №130,
ноҳияи Сино