ҲАМА РӮЗГОРИ ТУ НАВРӮЗ БОД!

Тоҷикон бо адабиёту фарҳанги бостониву ғании хеш дар саросари ҷаҳон шуҳратёранд. Бисёр анъанаҳои ин халқи тамаддунпарвар решаҳои амиқи таърихӣ доранд ва бо тинати поку орзуву омол ва ҳадафҳои неку башардӯстона пайванданд.
Дар ин миён фархундаҷашни Наврӯз ҷойгоҳи ифтихорию вижаеро дорост ва он чун рӯзи оғози офариниш, рӯзи хилқати олам, рӯзи пирӯзии равшанӣ бар торикӣ, рӯзи фарҷоми сармову даррасидани гармо, нишоту шодмонӣ, рӯзи паёмовари шукуфоӣ, рӯзи бедории табиат, рӯзи раҳоӣ аз ҳама мушкилот, рӯзи ворастагию дилбастагӣ, рӯзи баршустани кинаҳо аз синаҳост. Наврӯзи зебоҷамол ва накухисол посдори ҷавонии ҷаҳон ва хушрӯзию хушбахтии мардумон бувад. Ин ҷашни пояндаву безавол, ки оламро саршор аз ҳусну тароват ва фараҳу шодмонӣ мекунад, аз лиҳози ғанои таркиб ва рангинии муҳтаво низ назир надорад ва шояд дар ҳама ҷаҳон ба гунаи он ҷашне, ки ин қадар пайвастагӣ бо табиат, бо воқеият ва бо азму иродаи мардум дорад, набошад. Наврӯз ба куллӣ мувофиқ ба ормонҳои башарист ва дар меҳвари он тарғиби ғояи олии «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» қарор гирифта.
Бо ҳусну тароват, шукӯҳу шаҳомат ва неруву азамати хеш Наврӯз ҳазорсолаҳост, ки ҳамагонро мафтуну мамнун мекунад ва ҳар фарди дилогоҳе мекӯшад, ки сухане чанд аз сидқи дил дар ситоишу тавсифи ин ҷашни хуҷаста бигӯяд. Ин аст, ки адабиёти тоҷик моломол аз ашъору гуфтори наврӯзист ва ба тасдиқи манобеи муътамад, ситоиши Наврӯз ҳатто аз бостонитарин осори хаттии тоҷикон – «Авасто» ибтидо мегирад. Дар ин китоби муқаддас Наврӯз чун рӯзи пирӯзии нур бар зулмот, рӯзи тантанаи Ҳурмузди фаррухзод ва мағлубии Аҳримани бадниҳод ва рӯзи оғози кишту кору бахту барор тавсиф ёфта.
Дар ситоиши Наврӯз Одамушшуаро Рӯдакӣ, ҳамосаофарин Фирдавсӣ, маънигустар Хайём ва волосуханон Фаррухию Манучеҳрӣ, лисонулғайб Ҳофиз, Ҷомию Бедил… ашъори баланду дилписанд гуфтаанду ворисони эшон – адибони муосири тоҷик ин анъанаро ба таври шоиста идома бахшидаанд ва ҳадиси Наврӯз боз ҳам идома дораду хоҳад дошт.
Наврӯз барҳақ чун ҷашни қаҳрамон низ тавсиф мешавад, зеро он дар масири таърих чандин садду вартаро баршикаста ва ҷаста, аз чандин маҳдудаву монеа вораста, бо ҳамон шаҳомату хилқати азалияш то замони мо расидааст, заррае коста нашудааст, балки боз ҳам рангину дилработар гардидааст. Баҳри таъмини умри безаволи Наврӯзи хуҷастафол дар баробари омилҳои дигар абармардони накукору ҷонсупори миллат дар ҳар давру замон талошҳои бобарору мондагор кардаанд.
Наврӯз, ки табиатан гаравиш бо озодагию ворастагӣ дорад, бо фаро расидани даврони Истиқлол дар Тоҷикистони азиз нафаси тоза дарёфту вусъати дигар пазируфт. Истиқлоли диёри арҷманди мо, диёре, ки чун Ватани Наврӯз эътироф шудааст, барои ин ҷашни фархунда марҳалаи тозаеро оғоз бахшид, шуҳратфазои он гашт. Ва дар ин даврони шукуфоии халқи тоҷик низ, хушо, ки Наврӯзи ҷаҳонафрӯз дар симои абармарди фарҳангпарвару хирадгустар Эмомалӣ Раҳмон посдори содиқу неруманди хешро дарёфт.
Президенти муҳтарами Тоҷикистон аз нахустқадамҳои мубораки хеш ба арсаи сиёсат баҳри арҷгузорию эҳтироми арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти миллат садоқатмандонаву пайгирона бикӯшиданд ва дар ин ҷодаи пурифтихор комёбу шарафманд гаштанд.
Шоистаи таъкид аст, ки Сарвари давлати соҳибистиқлоли тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон дар радифи ин ҳама хидматҳои фидокоронаашон баҳри пойдориву рушди миллат дар ҷодаи густариши адабиёту фарҳанг низ корҳои зиёдеро сомон бахшиданд ва дар ин миён ба эҳёи Наврӯз таваҷҷуҳи бештар зоҳир карданд, балки эҳёгари ин фархундаҷашн гаштанд, зеро ормонҳои наврӯзиро ба ормонҳои миллатпарастонаву башардӯстонаи хеш бисёр мувофиқу созгор дарёфтанд. «Ҷашни Наврӯз, ки зодаи хирад, андеша, ҷаҳонбинӣ ва тафаккури гузаштагони бузурги мо мебошад, дар замири худ ҷавҳари некӣ, накукорӣ, бахшишу меҳрубонӣ, покизагии рӯҳӣ ва ҷисмонӣ, созандагию бунёдкориро дорад», — дар солҳои 90-уми садаи гузашта иброз дошта буданд Сарвари хирадсолори кишвари маҳбубамон Эмомалӣ Раҳмон.
Бо ин ибтикори Пешвои садоқатпешаи миллат Наврӯз дар Тоҷикистон марҳала ба марҳала вусъату шукӯҳи бештар ёфт ва дар соли 2010 чун ҷашни ҷаҳонӣ (бо қатъномаи СММ) пазируфта шуд. Ин воқеаи сурурбахши таърихиро Президенти мо бо камоли ифтихор чунин тавзеҳ додаанд: «Аз ҷониби Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки ҳанӯз дар замони қадимтарин ниёгони мо бо холисии ният ва ормони олӣ ҷашнеро падид оварда буданд, ки паёми ваҳдату муҳаббат, покию садоқат, зебоию нафосат ва бедорию заҳмат будааст».
Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар ҷашнҳои наврӯзии тамоми манотиқи Тоҷикистон ва ҳам дар ҷашнҳои наврӯзии кишварҳои хориҷӣ фаъолона ширкат меварзанд ва суханронӣ мекунанд.
Ин ҳама суханрониҳои Сарвари кишварамон дар маҷмуъ «Наврӯзнома»-и муҳташамеро мемонанд, ки саршор аз меҳру муҳаббат, афкори наҷиб ва ормонҳои волоянд. Онҳо ҳамагонро ба посдории арзишҳои миллӣ, ба худогоҳию хештаншиносӣ, ба ватандӯстию бунёдкорӣ, ба дӯстию рафоқат ва некию покизагӣ ҳидоят менамоянд ва шоистаи онанд, ки батакрор мутолиа шаванду мавриди баҳрабардории ҳамешагӣ қарор бигиранд.
… Мо бар он боварем, ки ҳар фарди дилогоҳу соҳибхирад бо шунидани ҳар паёму каломи наврӯзии Пешвои миллат бо эҳтирому эътиқод нисбат ба посдори устувору фидокори анъанаҳои миллии тоҷикон, сиёсатмадори хирадманд ва эҳёгари Наврӯз, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин байти баланди Фирдавсии бузургро чун кафи дуо ва арзи сипос ба забон хоҳад овард:

Ҳамасола бахти ту пирӯз бод,
Ҳама рӯзгори ту Наврӯз бод!
А. Муродӣ,
«Омӯзгор»