ҚОНУНИ ВАТАНДОРӢ

Тоҷикон ҳамчун халқи мутамаддин дорои хотираи таърихӣ ва хислатҳои хосси миллӣ мебошанд ва ватандӯстӣ яке аз ҳамин гуна вижагиҳост. Сатҳу сифати ватандӯстӣ аз омилҳои зиёде вобастагӣ дорад, ки миёни онҳо сиёсати давлат ва чӣ гуна ба роҳ монда шудани таълиму тарбияи миллӣ аҳаммияти хос дорад.
Азбаски ҷаҳони мутамаддин дар таҳаввулоти ҳамешагӣ қарор дорад, дар мафкураи шаҳрвандон ҷой карда тавонистани ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ барои амалӣ намудани барномаву стратегияҳои давлатӣ муҳим аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ (23.12.2022) доир ба ватандӯстӣ сухан ронда, аз ҷумла, таъкид намуданд:
«Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад. Яъне ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои «ватандӯстӣ» ва «рушд»-ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем.
Илова бар ин, ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он — сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти ҷомеа бошад».
Ватандӯстӣ падидаи сиёсию иҷтимоист, вобаста ба матни равандҳои муҳимми ҷаҳонӣ онро бо мазмунҳои нав ғанӣ гардонида, ба мазмуни замон мутобиқ бояд намуд. Дар ин раванд фарҳанги сиёсии шаҳрвандон низ бояд мутобиқ бо мазмуну муҳтавои тарбияи ватандӯстӣ куллан тағйир дода шавад. Муҳим аст, ки урфу одат, расму оин ва тафаккури замони гузаштаро, ки монеи рушду такомули шахс ва ҷомеа мегарданд, бо тафаккури ҷавобгӯйи талаботи рӯз иваз намоем.
Сарчашмаҳои зиёди хаттие мавҷуданд, ки барои дарку фаҳми эҳсоси ватандӯстии тоҷикон маълумоти фаровоне дода метавонанд. Модаркитоби башарият “Авесто”, “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ, “Сиёсатнома”-и Низомулмулк, “Футувватнома”-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров, “Тоҷикон дар оинаи таърих”, “Чеҳраҳои мондагор”-и Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои омӯзиши эҳсоси ватандӯстии миллати мо маълумоти фаровоне дар худ доранд.
Шоҳасари Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” ба шаҳрвандон, бахусус, ҷавонон ашрофияту ҷавонмардӣ, қаҳрамонию ватандӯстиро меомӯзад. Тоҷикон имрӯз дар асоси шинохти таърихӣ, фарҳангӣ, фалсафӣ, шинохти муҳимтарин хусусиятҳои миллии худ, моҳияти марҳалаи имрӯзаи таърихиро амиқ дарк карда, барои иҷрои ҳадафҳои миллӣ дуруст амал намуда метавонанд. Тавассути омӯзиши китоби “Тоҷикон” мо ҳаёту корномаи ниёгонамонро меомӯзем ва чун аҷдоди бошарафамонро шинохтем, худро мешиносем…
Тавре медонем Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” аз 5 боб ва 21 модда иборат аст. Қонуни мазкур ҳадаф, усулҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд.
Боби якуми ин қонун “Муқаррароти умумӣ” ном дошта, моддаи якуми он мафҳумҳои Ватан, ватандӯстӣ, субъектҳои тарбияи ватандӯстӣ, дастгирии давлатии субъектҳои тарбияи ватандӯстӣ, низоми тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, тарбияи ватандӯстӣ, тарбияи маънавӣ-ахлоқӣ, тарбияи шаҳрвандӣ-ватандӯстӣ, ҳисси шаҳрвандиро дар бар мегирад.
Боби дуюми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” фарогири моддаҳои 3–10 буда, мавзуъҳои мақсад ва вазифаҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон (моддаи 3), усулҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон (моддаи 4), субъектҳои тарбияи ватандӯстӣ (моддаи 5), салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон (моддаи 6), ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон (моддаи 7), ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон (моддаи 8), ваколатҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон (моддаи 9), танзими ҳуқуқии муносибатҳо дар соҳаи тарбияи ватандӯстӣ (моддаи 10) шарҳу тавзеҳ додааст.
Боби сеюми Қонуни ватандӯстӣ аз ҳафт модда (моддаҳои 12-18) иборат буда, масъалаҳои таъмини иттилоотӣ-таҳлилии низоми тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон (моддаи 12), таъмини илмӣ ва таълимию методии тарбияи ватандӯстӣ (моддаи 13), таъмини меъёрии ҳуқуқии фаъолият дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон (моддаи 14), таъмини ташкилию методии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон (моддаи 15), таъмини идоракунии низоми тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон (моддаи 16), омода намудан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо барои низоми тарбияи ватандӯстӣ (моддаи 17), таъмини молиявӣ-иқтисодии тарбияи ватандӯстиро (моддаи 18) тафсир менамояд.
Боби чорум танзими давлатӣ ва идоракунӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон номгузорӣ шуда, танҳо аз як модда (моддаи 19) иборат аст.
Боби панҷум аз моддаҳои 20,21 иборат буда, “Муқаррароти хотимавӣ” ном дорад. Моддаи 20 ба ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонун ва моддаи 21 ба тартиби мавриди амал қарор додани қонун бахшида шудаанд.
Зубайдулло ДАВЛАТОВ,
сардори Раёсати таъминоти иттилоотиии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон