Фазои сиёсии имрӯзаи ҷаҳон гувоҳи он аст, ки бисёр неруҳо дар хориҷ оромӣ, истиқрор ва суботи Тоҷикистонро намехоҳанд ва аз ҳар ҷиҳат талош доранд, то вазъиятро ноором кунанд. Таҳмили ҷанги дохилӣ дар солҳои 90 – уми асри гузашта барои аз дохил заиф намудани пояҳои давлатдорӣ роҳандозӣ гардида буд. Ба вуҷуд овардан ва ба қудрат расонидани терроризм дар Афғонистон ва номуайян боқӣ мондани сарҳади давлатӣ бо Қирғизистон барои Тоҷикистон хатару таҳдидҳои эҳтимолиест, ки ҳар лаҳза метавонад ба воқеият табдил ёбад. Муҳимтар аз ҳама, раванду омилҳои манфии гумроҳсозию мағзшӯие, ки ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ сурат мегиранд, мавҷи таҳдиду хатарҳоро дучанд мегардонад, яъне, айни замон кишвари азизамон Тоҷикистонро фазое иҳота кардааст, ки беш аз ҳар вақтаи дигар муттаҳидии кулли неруҳо ва дар умум миллати тоҷикро тақозо менамояд. Барои миллати мо фурсате фаро расидааст, ки аҳаммияту моҳияти давлат бояд ҳамчун сақфи ҳимоят ва зарфи манфиатҳои ҳамагонӣ дарк гардида, ҳифзу устувории он ҳамчун ниҳоди асосӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ ҳамчун арзиши ҳаётии умумӣ дар авлавият қарор дода шавад, яъне, ҳамаи неруҳо ва мардум бояд бидонанд, ки имрӯз ҳифзи давлат муҳим аст. Бо вуҷуди доштани манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ, ҳизбию сиёсӣ ва моддию арзишӣ набояд аз устувории давлат ва манфиатҳои милливу давлатӣ боло гузошта шаванд, зеро танҳо дар сурати пойдорию устувории давлат амнияти шахс, ҷомеа ва худи давлат аз хатару таҳдидҳои эҳтимолии дохилию берунӣ таъмин карда мешавад.
Бо ҳифзи оромӣ ва нигоҳдории фазои сулҳу субот дар кишвар ва дар ин замина фароҳам овардани шароит барои пешрафту тараққиёти кишвар ба ҷаҳониён бояд аз азамати таърихии худ намунае диҳем, намунае, ки аз доштани фарҳангу тамаддуни бузурги мо гувоҳӣ медиҳад. Бояд барои дигар халқияту миллатҳое, ки иродаву тафаккури худро аз даст додаанд, намунае бошем. Ба он таърифу тавсифҳое, ки аз доштани маданияти баланди мо садо медиҳанд, содиқ бимонем ва нагузорем, то таърихи миллати мо ба дасти дигарон навишта шавад.
Ф.Эшонҷонова,
коршиноси масоили сиёсӣ