Вазъи тарбияи насли наврас имрӯзҳо нигаронкунанда буда, ин, албатта, ба ҷомеа таъсири манфии хешро мерасонад. Дар коста гардидани одобу ахлоқ ва тарбияи насли наврас киро масъул донем: оила, муассисаи таълимӣ ва ё ҷомеа? Аз рӯи мушоҳидаҳо ва фарзияҳои илмӣ муайян гардидааст, ки дар таълиму тарбияи насли наврас нақши оила бештар аст.
Зеро агар оила солим бошад, таълиму тарбия ва одобу ахлоқи кӯдак ҷиддӣ назорат карда шавад, муҳит чандон зиёд таъсир расонда наметавонад. Муҳити солим ба оилаи солим вобаста аст.
Дар таълиму тарбияи насли наврас мо, калонсолон, якҷо бо мактаб ва ҷомеа нақши муҳим дорем. Якчанд омили таъсиррасонро гуфтан мумкин аст, ки имрӯз боиси коста гардидани одобу ахлоқи насли наврас гардидаанд. Пеш аз ҳама, оилае, ки дар он волидайн тарбияи кӯдакро бар дӯши якдигар ва ё муассисаи таълимӣ вогузор менамоянд. Дигар ин ки волидайн якҷо бо муассисаи таълимӣ ҳамкориро тақвият бахшида, бояд нагузоранд, ки кӯдак вақти хешро беҳуда гузаронад. Муҳити носолим ба коста шудани одобу ахлоқи кӯдак сабаб мешавад. Инчунин, истифодаи бемавриди телефонҳои мобилӣ, ки дар тамоми оилаҳо инро мушоҳида кардан мумкин аст.
Дар маҷмуъ, беаҳаммиятӣ ва бемасъулиятии тарафҳо метавонад ба оворагардию муноқишаҳои гурӯҳӣ ва даст задан ба ҷинояткории насли наврас боис шавад. Ҷомеаи зудтағйирёбандаи муосир ва гурӯҳҳои ифротӣ метавонанд зуд ҷавонони ноогоҳ ва дур аз донишу одобу ахлоқро ба доми хеш афтонанд.
Масъалаи тарбияи насли наврас ва одобу ахлоқ дар ҳама давру замонҳо ҷойгоҳи хос дошту дорад, зеро барқарор будани ҷамъият ба дараҷаи маънавиёт, ахлоқу одоб вобаста аст. Ҷамъият бо доштани инсонҳои нек ва дорои одобу ахлоқи ҳамида устувору побарҷост. Ин се гуфторро риоя бояд кард: “Пиндори нек, рафтори нек, гуфтори нек”. Дар замири насли наврас мафҳуми ҳамин се фазилатро парваридан вазифаи ҷонии падару модар, муассисаи таълимӣ ва ҷамъият мебошад.
Файзулло Исмонов,
директори МТМУ №70, ноҳияи Исмоили Сомонӣ