Ватан зодгоҳ, деҳа, ноҳия ва ё шаҳрест, ки ҳар яки мо дар он ба дунё омадаем ва чашм ба олами ҳастӣ кушодаем. Ватан маконест, ки аз хушунат ва таҳқирҳои шахсони дигар дар амнему бо руҳияи баланд ва дилпурӣ кору фаъолиятамонро давом медиҳем.
Моро дар ватанамон ҳеҷ халқият ё миллат озор додан наметавонад, чунки мо соҳибватанем. Ба истилоҳи дигар, Ватан-Модар ифодакунандаи як маъно мебошанд, аммо дар ҳар маврид ба маънои хоси хеш баёнгари ин ё он мафҳуманд. Ҳар модарро мебояд, ки муҳаббат ва арҷгузорӣ ба Ватан-Модарро дар дили фарзандони хеш ҷой диҳад.
Албатта, Ватан модари мушфиқу меҳрубони ҳамагон аст. Агарчанде модари табиӣ моро таваллуд кардааст ва модари дигари мо Ватан аст, ки то охири умр меҳри худро дар дили мо мепарварад ва моро мебояд барои боз ҳам шукуфон шудани ин меҳан саҳмгузор бошем. Ҳар яки моро мебояд Ватан-Модарро чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва арҷгузорӣ намоем.
Халқи тоҷик аз шумори он миллатҳоест, ки марзу буми худро хеле дӯст медорад ва барои ҳастии он ҷоннисорӣ мекунад. Қахрамониҳои Темурмалик, Деваштичу Восеъ далели гуфтаҳои болост.
Оромию шукӯҳ ва шукуфоии Ватан ба масъулияти ҳар як сокини он вобаста acт. Aгар Ватан орому осуда ва дар саросари он cyлҳу субот ҳукмрон бошад, нозу неъмат фаровон мешавад, муҳаббати мардум меафзояд. Дар он ҷое, ки пояҳои маънавиёт ycтувop набошанд, акси ин ҳол ба миён меояд.
Myҳaббат ба Ватан, асосан, дар давраи кӯдакӣ зоҳир шуда, минбаъд ташаккул меёбад. Инсон ба ҳар зарра хоку ҳар қaтpa оби Baтан ончунон дил мебандад, ки бе ин неъмати бебаҳо наметавонад хушбахту бахтёр бошад. Ҳиссиёти ватандӯстӣ худ садоқат ба Ватан ва саъю кӯшиш намудан барои ободии Ватани азизу маҳбубамон мебошад.
Табиатан ҳамаи мо танҳо дар Ватани худ эҳсоси амният мекунем, зеро бароямон маҳз ин ҷо шароити озодона зистан муҳайёст. Имрӯз мо ҳам соҳибватанем ва он озодию истиқлоле, ки мардуми моро насиб гаридааст, боз як атои беҳамтои худовандист, зеро ҳар фарди аз таърих огоҳ имрӯз медонад, ки ин ё он қавму миллат озодӣ ва истиқлоли хешро ба осонӣ ба даст наовардааст. Таърих миллатҳо ва халқҳои зиёдеро дар ёд дорад, ки дар гузаштаи начандон дур барои ба даст овардани истиқлолу озодӣ даҳсолаҳо мубориза бурда, ҳазорҳо фарзанди онҳо дар ин роҳ ҷони худро аз даст додаанд.
Убайдулло Соатов,
омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и
ноҳияи Айнӣ