Тарбияи ватандӯстӣ аз ғамхорӣ, меҳрубонӣ, дилсӯзии волидону аъзои оила ба хурдсолон сарчашма мегирад. Дар оила ба кӯдак падару модар, бародару хоҳар, бобою бибӣ ва дигар хешу табор меҳрубонӣ мекунанд.
Анъанаҳои оилавӣ – нишастани аҳли оила гирди дастархон, суҳбатҳо оид ба мавзуъҳои ҷолиб, якҷо хондани китобҳо, тамошои суратҳои оилавӣ, шунидани нақлҳои аҷоиби калонсолон, якҷо ба тамошо ва сайругашт баромадан, ҷашн гирифтани идҳои маросимӣ – тақвимӣ ба ташаккули эҳсоси ватандӯстии кӯдакону наврасон мусоидат менамоянд.
Оила ва муассисаи томактабӣ ҳар ду донишкадаи иҷтимоии кӯдак ба шумор мераванд. Вазифаҳои тарбиявии онҳо гуногунанд, вале ҳаматарафа тарбия намудани кӯдакон ва ҳамкории онҳо мувофиқи мақсад мебошад.
Мусаллам аст, ки асоси тарбияи руҳию ахлоқиро маданияти руҳии ҷомеа ташкил медиҳад, оила ва муассисаи томактабӣ, ки кӯдак дар он ҷо рушд меёбад, ба маданияти ҷомеа вобастагӣ дорад. Руҳияи тарбиявие, ки дар оила ва муассисаи томактабӣ ҳукмфармост, дар ташаккули кӯдак асар гузошта, ба ҷаҳони маънавии вай таъсири муҳим дорад.
Яке аз вазифаҳои оила ва муассисаҳои томактабӣ инкишоф додани қобилиятҳои равонию зеҳнии тифлакон ва ба мактаб омода намудани онҳо мебошад.
Волидонро зарур аст, ки пеш аз ҳама, забон, таърих ва анъанаҳои хуби ниёгонамонро хуб донанд ва фарзандони хешро дар чунин руҳия тарбия карда тавонанд. Роҳу усулҳои тарбия гуногунанд. Онҳо ба синну сол, хусусиятҳои инфиродии кӯдак ва ҳолатҳои мушаххас вобаста мебошанд. Педагоги машҳури рус Макаренко дар бораи тарбия гуфтааст: «Тарбияи хуб давлати пирии мост, тарбияи бад мусибат, ашки ҳасрат, гуноҳи азими мо дар назди тамоми кишвар мебошад». Ба ақидаи бузурге, “Агар тарбия набошад, доноёни олам моро аз доираи инсоният хориҷ хоҳанд кард. Пас, ба тарбияи ҳамаҷонибаи фарзандони ватандӯст, хештаншинос ва ватанпарвар бо дарки баланди масъулиятшиносӣ бояд назар кард”. Хулоса, муҳимтарин воситаи тарбияи ватандӯстӣ дар машғулиятҳои хештаншиносӣ, инкишофи нутқ, адабиёти бадеӣ, шиносоӣ бо муҳит, мусиқӣ, тарбияи ҷисмонӣ, санъати тасвирӣ, сайругашт дар ҷойҳои таърихии шаҳр, бозиҳое, ки дар он хусусиятҳои беҳтарини забони модарӣ, одату анъанаҳои миллӣ, маросиму ҷашнвораҳои халқию умумибашарӣ ифода мегарданд, барои беҳтар кардани кори тарбияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ мадад мерасонанд.
Ватандӯст ба Ватан, халқ ва миллати хеш содиқу вафодор буда, барои ободию сарсабзии кишвараш кӯшиш менамояд.
Ӯ инсондӯстӣ, табиатдӯстӣ, заҳматдӯстӣ, ҳаётдӯстӣ, озодипарастӣ, ҷасурӣ ва дигар эҳсосоту хислатҳои беҳтарини инсониро аз хурдсолӣ дар муҳити оила, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар замири худ парварида, ба воя мерасад.
Марҷона Ғуломова,
мудири кӯдакистони №1-и шаҳри Бохтар