ВУСЪАТИ ФАЪОЛИЯТ – ТАҚОЗОИ ЗАМОН

Мусоҳиба бо ректори ДДХ ба номи Моёншо Назаршоев, доктори илмҳои сиёсӣ Комилбек Амид Ёрбек
— Устод, нахуст Шуморо бо ҳимояи рисолаи докторӣ дар риштаи сиёсатшиносӣ табрик мегӯем. Медонем, ки роҳбари тозатаъйин ҳастед. Чун ба кор оғоз кардед, вазъи таълиму тарбия, заминаи моддию техникӣ ва хоҷагидориро чӣ гуна дарёфтед?
— Сипос. Чун ба донишгоҳ ба ҳайси ректор корро сар кардам, пеш аз ҳама, маро вазъи хоҷагидорӣ ва молиявӣ ба ташвиш овард. Кор дар ин самт ба талабот ҷавобгӯ набуд. Мисоли одӣ: дар синфхонаҳои таълимӣ мизу курсиҳои фарсудаи даврони пешро дидам, сифати пасти ороишу аёниятҳои солҳои қабл маро дар ҳайрат гузошт. Барои пешбурди кори таълим дар донишгоҳ заминаи моддию техникӣ аҳамияти нахустдараҷа дорад. Заминаи моддию техникии донишгоҳ дар ҳоли ногувор буд ва ниёз ба таҷдиду таҳким дошт. Қисмате аз васоити техникиву таълимӣ ҷойи мувофиқу муносиб надоштанд, чанде аз он боре ҳам истифода нашуда буд. Яке аз муҳимтарин вазифаҳо дар ҳар донишгоҳ беҳдошти вазъи молиявӣ дониста мешавад. Вақте ки омадам, вазъи молиявии донишгоҳро хароб дарёфтам, муассиса аз бисёр ниҳодҳои хидматрасонӣ қарздор ҳам буд.
— Фаъолияти худро аз чӣ оғоз кардед? Чӣ гуна нақшаҳоро дар кадом самти фаъолият тарҳрезӣ намудед ва корбасти тадбирҳо чӣ тавр ҷараён гирифт?
— Қабл аз он ки дар донишгоҳ ба кор даст занам, дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аввал ба ҳайси мудири кафедра ва сонӣ чун муовини ректор оид ба илм ва инноватсия фаъолият доштам, яъне таҷрибаи кориям кофӣ буд. Ибтидо нақшаи чорабиниҳои Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоевро “Оид ба рушд ва дурнамои фаъолияти донишгоҳ дар давраи солҳои 2022-2025” таҳия намудем ва он аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Корро аз низому тартиби хоҷагидорӣ оғоз намудам. Таъриф нашавад, имрӯз намои беруниву дохилии бинои донишгоҳ ба куллӣ тағйир ёфтаасту зебову диданист. Барои тамоми синфхонаҳои биноҳои таълимии донишгоҳ мизу курсии нав дастрас намудем, утоқҳои кориро бо мебели хушсифат таъмин карда, барои таълиму тарбия ва фаъолияти омӯзгорон шароит фароҳам овардем.
Қайд кардан зарур аст, ки дар соли таҳсили ҷорӣ Маркази бизнес — инкубатор, Маркази сайёҳӣ, Маркази системаи иттилоотии географӣ (СИГ), озмоишгоҳҳои муосири биология, физика, химия, геология, иншооти гидротехникӣ, сангтарошӣ азнавсозӣ гардида, технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти муосир насб карда шуд. Дар самти ташкили Маркази муосири тестӣ, студияи сабт, китобхонаи илмӣ, синфхонаи лексионӣ ҳанӯз кор ба охир нарасидааст. Аз тарафи раёсати донишгоҳ тамоми чораҳо андешида шуданд, ки пойгоҳи илмию техникии донишгоҳ ба андозаи зарурӣ таҳким ёбад.
11 озмоишгоҳи илмӣ – таълимӣ, 1 парки технологӣ, китобхонаи электронии дорои 89529 нусха китоб, 4 маркази компютерӣ, 220 нуқтаи хатти Интернет дар ихтиёри аҳли донишгоҳ қарор дорад.
— Имрӯз дар бораи костии ахлоқу адаб бисёр мегӯянду менависанд ва аксар мавридҳо ҷавононро айбдор медонанд. Назари Шумо ба ин мушкил чӣ гуна аст?
— Бояд гуфт, ки ин ҳолат, аслан, проблемаи глобалии ҷаҳони муосир аст. Бо он одамоне, ки бештар ҷавононро айбдор мекунанд, чандон мувофиқ нестам, чунки на ҳамаи ҷавонон бадахлоқанд. Аксарияти ҷавонон боақлу хирад буда, ливобардори нангу номуси Ватан ҳастанд ва дар пешрафти ҳаёти ҷомеа саҳми арзандаи худро мегузоранд. Шумораи ками ҷавононе ҳастанд, ки дар ҳақиқат, ахлоқи онҳо хароб аст, одитарин қоидаҳои одобро намедонанд. Эҳтиром ба калонсолон низ кам ба мушоҳида мерасад. Вале чӣ кор кунем, дар урфият дуруст мегӯянд: “аз мост, ки бар мост”. Ин ҷавонон худ ба худ аз ҷое пайдо нашудаанд, мо онҳоро ба дунё овардаем, дар оилаву мактаб тарбияташон кардаем ва онҳо фарзандони мо, пайвандону хешони моянд. Он чизе, ки имрӯз бо чашми сар мебинему дар тарозуи ақл бармекашем, маҳсули таълиму тарбияи худи мост, дар ҷараёни таълиму тарбия гоҳе риштаи калобаро аз даст додаем, мавридҳое хато кардаем, ин ҳамаро наметавон ба сари дигарон бор кард, ҳар чи коридем, ҳамонро даравидем. Албатта, шахси тарбиятдида ба дониш шавқу рағбати бештаре дораду дар пайроҳаи илм гом хоҳад зад. Ба ин хотир банда бештар ба тарбияи насли наврас таваҷҷуҳ дорам. Фард тарбиядида бошад, роҳи илму донишро худ меёбад.
— Имрӯз, тавре ки мушоҳида мекунем, синну соли бисёр устодони донишгоҳ ба ҷое расидааст. Дарёфт, ҷобаҷогузории кадрҳои ҷавон ва муҳайё намудани шароит барои онҳо чӣ тавр сурат мегирад?
— Бале, синну соли қисме аз устодони мо махсусан, устодони соҳибунвон ба ҷое расидааст. Аз ин лиҳоз, такя бар ҷавонон кардаем ва ин принсипи асосии кори мост. Лозим донистем, ки тағйироти кадриро дар донишгоҳ амалӣ созем. ҷавононро омӯхта, лаёқатмандонро дар вазифаҳои мувофиқ таъйин намудем, то кор кунанд, ёд гиранд ва оянда номбардори ин донишгоҳ шаванд.
— Дар баробари боргоҳи маърифату дониш будан донишгоҳ маркази пешбурди корҳои илмию тадқиқотист. Чӣ дастовардҳоеро дар ин самт метавон ном бурд?
— Бе пешбурди илм кор дар донишгоҳ маъное надорад. Алъон дар донишгоҳ 74 нафар омӯзгори соҳиби дараҷа ва унвони илмӣ фаъолият менамоянд, аз ин миқдор 15 доктори илм ва 59 нафар номзади илм мебошанд, аммо ин қонеъкунанда нест. Дар ин самт ҷиддӣ кор карда истодаем. Соли ҷорӣ бояд аз 10 то 15 нафар рисолаҳои илмияшонро ҳимоя намоянд.
Дар шаш моҳи ахир як конференсияи сатҳи байналмилалии илмӣ — назарӣ ба муносибати 30 — солагии Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олӣ ва 30-солагии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршов таҳти унвони “Рушди илм ва маориф дар шароити ҷаҳонишавӣ дар мисоли шароити кӯҳистон: мушкилот, равишҳои нав ва тадқиқоти дахлдор” ва конференсияи сатҳи ҷумҳуриявӣ ба ба муносибати 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев дар мавзуи «Рушди илму маорифи миллӣ дар даврони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон» дар донишгоҳ дар сатҳи баланд баргузор шуд ва маводи илмии онҳо дар маҷмуаи мақолаҳо дарҷ гардид. Дар донишгоҳ маҷаллаи назарӣ ва илмии “Паёми Донишгоҳи Хоруғ” амал менамояд, ки аз бахши илмҳои табиию риёзӣ ва бахши илмҳои ҷамъиятшиносӣ — гуманитарӣ иборат аст. Маҷаллаи мазкур ба махзани байналмилалии низоми иқтибосоварӣ ва реферативӣ Science index ворид мебошад.
Ба наздикӣ нақшаи дурнамои корҳои илмӣ-тадқиқотии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоевро барои солҳои 2023-2027 ба тасвиб расонидем ва умед дорем, ки тибқи он ба дастовардҳои назаррас ноил хоҳем шуд.
— Бисёр донишгоҳҳои мо бо кишварҳои хориҷӣ ҳамкории қавӣ доранд ва аз ин ҳисоб даромади муайян низ ба даст меоранд. Ин самти фаъолият дар донишгоҳ чӣ тавр роҳандозӣ мегардад?
— Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев дар аввали соли 2022 бо 6 лоиҳаи Эрасмус + кор мекунад. Донишгоҳ алҳол бо лоиҳаи (HiEdTec) “Модернизатсиякунонии системаи мактабҳои олӣ дар Осиёи Миёна бо истифодаи техника ва технологияи муосир“, лоиҳаи (UNICAC) «Ҳамкории донишгоҳҳо дар соҳаи интиқоли дониш дар Осиёи Марказӣ ва Чин”, лоиҳаи (TRIGGER) «Ташаккули равишҳои инноватсионӣ ва малакаҳои соҳибкорӣ барои донишҷӯён тавассути фароҳам овардани шароит барои шуғли хатмкунандагон дар Осиёи Марказӣ» кор карда истодааст ва ин раванд фоидаи хубе ба даст меорад. Инчунин, дар донишгоҳ чор лоиҳаи фармоишии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди корбаст қарор дорад.
— Шумо саҳми нашрияи “Омӯзгор”-ро дар пешбурди соҳаи маорифи кишвар чӣ гуна баҳо медиҳед?
— “Омӯзгор” — ро нашрияи рақами як дар соҳаи маорифи мамлакат мешуморам ва ин ҳафтанома ҳаводорони басо зиёд дорад. Тамоми бурду бохти маорифи кишвар дар он инъикос меёбад ва ҳафтанома дар пешбурди соҳаи маорифи кишвари азизамон саҳми басазо мегузорад. Барои ташвиқу тарғиби соҳаи маориф ба ҳафтаномаи “Омӯзгор” минбаъд низ тавфиқу таманно дорам.

Суҳбаторо
Ҷангибеки Улфатшоҳ,
“Омӯзгор”, ВМКБ