ТИФЛОПЕДАГОГИКА ВА АҲАММИЯТИ ОН

Тифлопедагогика яке аз қисмҳои илми дефектология аст. Калимаи “тифлос” аз забони юнонӣ гирифта шуда, маънояш “нобиноӣ” мебошад. Тифлопедагог шахсе шуда метавонад, ки илмҳои анатомия, психологияи синнусолӣ, психофизика, педагогика ва дефектологияро омӯхта бошад, зеро вай бо кӯдакони нобино фаъолият мебарад.
Вазифаи тифлопедагог аз инҳо иборат аст: 1) таълиму тарбияи кӯдакон; 2) омӯхтани ҳуруфи брайлӣ; 3) шиносоӣ бо муҳити атроф; 4) нишон додани тарзи дуруст роҳ гаштани кӯдакони нобино; 5) ошноӣ бо таълимоти замона; 6) ба ҳаёти мустақил тайёр намудани кӯдаки нобино; 7) ба қайд гирифтани калонсолоне, ки баъд аз таваллуд ба сабабҳои гуногун нобино шудаанд.
Мувофиқи иттилоъ, дар ҷумҳурии мо ба омӯзиши ин фан кам таваҷҷуҳ карда мешавад. Бино бар ин, пешниҳод дорам, ки таълими фанни мазкур дар мактабҳои олию миёнаи касбии омӯзгорӣ ба роҳ монда шавад, зеро ба мутахассисони ин самт шахсони зиёди нобино эҳтиёҷ доранд. Аз ҷумла, тибқи нишондодҳо дар кишварамон зиёда аз 1500 нафар кӯдаки нобинои синну соли мактабӣ аз таълиму тарбия дур мондааст.
Дар ҷумҳурӣ 4 мактаб-интернати махсус барои кӯдакони нобино фаъолият дорад, ки ҳамагӣ беш аз 500 нафар кӯдакро ба таълиму тарбия фаро гирифтааст. Хуб мешуд, агар барои ҷалби бештари кӯдакони нобинои аз мактаб дурмонда ба таълиму тарбия аз ҷониби ниҳодҳои масъул чораҳои мушаххас андешида шаванд.

Одилҷон МИРЗОЕВ,
омӯзгори мактаб-интернати
ҷумҳуриявии кӯдакони
нобинои шаҳри Ҳисор