САЙРИ КИШВАРИ АЗИЗ ФАРАҲАФЗОСТ

Дӯстам — корманди рӯзномаи вилоятии “Хатлон” Исматулло Ҳасанов занг зада гуфт, ки ба сафари ноҳияи Сангвор, ба зиёрати мақбараи ҳазрати Бурхи Сармасти Валӣ тайёр шавам. Чордаҳуми июл ҳар ду савори мошини сабукрави Исматулло роҳ сӯи Душанбе пеш гирифтем. Дар пойтахт ду нафар ҳамкурсонаш — Абдуҳафиз ва Талабшоҳ моро интизор буданд. Дар соати ваъдагӣ онҳо ба мошин нишастанд ва ба якдигар сафари бехатар хостем.
Роҳи мо қад-қади дарёи Хингоб идома меёбад. Ду соҳили дарёи Хингоб пур аз дарахтони гуногун, арчаҳои сарсабзи хушнамуд ва гулҳои шукуфони худрӯй манзараи кӯҳистонро ботароват намудаанд.
Мошини мо деҳаи Лайронро паси сар намуд. Баъди гузаштан аз Дашти Ғурк ба маркази ноҳияи Сангвор – Тавилдара расидем. Маркази ноҳия дар доманаи кӯҳи баланд, ки сокинонаш кӯҳи Тамара меноманд, доман паҳн намудааст. Ин кӯҳи баланд, ки аз харсангҳои суфтаи бодхӯрда асос ёфтааст, ба панорамаи маркази ноҳия ҳашамати бузургеро ато месозад. Русдухтар Тамара дар солҳои 30-юм ба Тавилдара омада, ба мардум забони русиро омӯзониданӣ буд. Босмачиён ва хурофотпарастон инро нахоста, муаллимаро таъқиб намуда, қасди куштанашро карданд. Ӯ бо мақсади ба дасти босмачиҳо наафтодан ба кӯҳ баромада, худро аз кӯҳ партофт. Инак, қариб 100 сол мешавад, ки кӯҳи баландро ба номи Тамара ба забон оварда, хотираи русдухтари саводомӯзро ба некӣ ба ёд меоранд.
Талабшоҳ ва Ҳофизи ҳамсафарамон ҳамкурси 43 сол надидаашонро, ки дар Тавилдара кору зиндагӣ мекард, ҷустуҷӯ намуданд. Дар як маркази хурдакак ҳама якдигарро мешиносанд ва ба зудӣ нишонияшро ёфтанду меҳмони гиромии муаллими нафақахӯр Саъдӣ Идиев гардидем.
Саҳари зуд озими деҳаи Лангар шудем. Деҳаҳои Сайёд, Шпилион, Луфиғор, Миёнаду, Лайрон, Арғанкӯл паси сар шуданд ва охирон деҳаи Лангар ҷои истамон гардид, чунки аз ин деҳа то назди марқади ҳазрати Бурх 50 километр роҳ буда, танҳо ба воситаи мошинҳои “УАЗ-469”, “Муссо”, “Нисан” рафтан мумкин аст. Роҳ ноҳамвор буда, таги “шикам”-и мошинҳои сабукравро сангҳо харошида, корношоям мегардонанд.
Ронандаи мошини “УАЗ-469” — Исмоил розӣ шуд, ки чор нафари моро ба ивази 150 сомонӣ ба оромгоҳи Ҳазрати Бурхи Валӣ бирасонад. Роҳи мошингард қад-қади дарёи Хингоб тӯл кашида, чашми бинандаро жарфнои пур аз оби дар хурӯш ба ҳарос меандозад. Баъди 25 километри ҳаракат ба деҳаи Сангвор, ки дар ҳамворӣ ҷой гирифта будааст, расидем. Ғурроси мошинҳои боркашони “Дулан”, экскаватору дигар навъҳои техника майдони дашти Найгуфтро пур карда буданд. Аз нақли Исмоил маълум шуд, ки чор сол боз ин мавзеъ мавриди майдони корзор қарор гирифтааст. Соли аввал хитоиҳо ба кофтукови тилло шуруъ намудаанд ва се соли охир олмониҳо ҷои онҳоро гирифтаанд. Мошинҳо дар ҳаракат, кандану шустану ҷудо кардани тиллои Сангвор давом дорад. Сокинони маҳаллии деҳаҳои ноҳия соҳиби кор шуда, дар шикастану ҷудо намудани маҳсулоти гаронбаҳо ҳиссагузор гардидаанд. Роҳи мо давом мекард ва аз болои пули деҳаи Сангвор гузашта, ба дашти Гурумун расидем ва ҳамоно ба пеш ҳаракат мекардем. Пули дуюми болои дарёи Хингобро убур карда, баъди чанде печутоби роҳро тай намудем. Дар назди мақбараи ҳазрати Бурхи Сармасти Валӣ мошин қарор гирифт.
Аз нақли мутаваллӣ Шокир бармеояд, ки 980 сол пеш мақбараи ҳазрати Бурхи Валӣ бо хишти пухта сохта шуда будааст. Дар соли 2004 аз нав эҳё кардани оромгоҳ ба миён омад. Оромгоҳ бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав сохта шуд. Ғафсии девори мақбара як метр мебошад. Бинои мақбараи қаблӣ дар шакли мудаввар сохта шудааст, ки ишора ба ҳашт равзанаи ҷанат мебошад. Худи Ҷаноби Олӣ ду маротиба оромгоҳи Бурхи Сармасти бор зиёрат намудаанд. Зиёрати оромгоҳ аз моҳи июн то моҳи октябр давом мекунад ва меҳмонони дохилию хориҷӣ аз оромгоҳ ва тамошои манзараҳои табиат бархурдор гардида, ба кӯҳҳои Ванҷу Дарвоз, қуллаи Исмоили Сомонӣ шинос мешаванд. Барои зиёраткунандагон шароити мусоид: ҷои хоб, хӯрок ҳама вақт муҳайёст.
Гурӯҳи панҷнафараи мо баъди зиёрати оромгоҳ ба сӯи деҳаи Лангар роҳ пеш гирифт. Давоми 2,5 соати ҳаракат ба деҳаи Лангар расидем ва пагоҳии барвақти рӯзи дигар ба Миёнаду — маркази Ҷамоати Заршӯён омадем.
Пуле, ки болои дарёи Хингоб дар мавзеи Тавилдара сохта шудааст, мусофиронро бо Ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз мепайвандад. Аз деҳаи Дашти Шер гузашта, қад-қади дарёи Хингоб роҳ сӯи деҳаи Қалъаи Ҳусейн гирифтем. Талабшоҳи ҳамроҳамон моро ба хонаи хешаш Давлатбеки устои оҳангар овард. Усто Давлатбеки 64-сола барои сокинони деҳа ва мардуми гирду атроф дос, каланд, зоғнӯл, табар, теша ва дигар номгӯи асбобу анҷоми рӯзгорро аз фӯлоду оҳан тайёр мекунад. Тамошои устохонаи усто ба мо таассуроти нек бахшид, чунки дар он ҷо қариб ҳамаи фармудаҳои ниёзи мардум бо як маҳорат дар ҷойҳои даркорӣ гузошта шудаанд.
Роҳи пурпечутоби ағбаи Хобурубот мошини моро ба боло мебаровард. Оби хунуки чашмаи Рубот аҷаб гуворост. Майдони гандумзори Сағирдашт ҳоло сабз аст ва алафдаравӣ нав сар шудааст. Ағбаи Хобурубот моро ба поин, ба сӯи маркази ноҳияи Дарвоз — Қалъаи Хумб раҳнамоӣ мекунад. Нишебии дароз, ҷариҳои бетаг, роҳи пурпечутоб охиран моро ба соҳили дарёи Хумбоб, ки оби софу хурӯшонаш сар ба сангҳо зада, ба поин, ба дарёи Панҷ ҷорӣ мешавад, расонид. Дар пастӣ сарҳадбонон аз куҷо омадану ба куҷо рафтанамонро ба қайд гирифтанд ва аскарбачаҳои посбон ба мо роҳи сафед хостанд.
Талабшоҳ, ки зодаи Дарвоз буда, дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад, моро ба деҳаи Сангнев бурд. Акаи Нодиршоҳ моро болои кати дар соҳили дарёи Панҷ рӯ ба рӯи Афғонистон оро додааш даъват кард. Дарёи Панҷ бо хурӯшу валвала хурӯшида, байни ду давлат хатти марзро ташкил медиҳад. Оби лойолуди Панҷ, ба гуфтаи акаи Нодиршоҳ, дар моҳҳои октябр — ноябр чун шир соф мешудааст.
Баъди ба роҳ баромадан дар деҳаи Доробак ба зиёрати мазори Хоҷа Фатҳуллоҳи ишқ рафтем. Оби чашмаи мазор, ки аз таги санг ҷорӣ мешавад, хуш лаззате дошт, мисли ях хунук. Дар тоблуи рӯи ҳавлии мазор навишта шуда буд, ки Хоҷа Фатҳуллоҳ ҳамроҳи 6 нафар барои ба дини ислом даъват намудани одамон 1200 сол пеш омадаанд. Мадфани Хоҷа дар иҳотаи садҳо чанор ҷо гирифтааст ва қутри чанд чанораш 26-27 метрро ташкил медиҳад. Дар деҳаи Паткуноб, Чорчаман ҳақиқатан Чорчамани ҳақиқист. Дарахтону буттаю гулҳои гуногун, обпари баланд, ҳайкали аспу одамон ва ҳар гуна санъати меъморӣ ҳусни Чорчаманро дучанд гардондаанд. Дил намехоҳад, ки аз он ҷо берун бароӣ. Пас аз Чорчаман деҳаҳои Ёгед, Пунишор, Нулванд, ки назди роҳи мошингарди Хоруғ-Душанбе ҷойгиранд, ба чашми кас фараҳ мебахшанд.
Пас аз чанд лаҳзаи ҳаракат дар роҳи тахту ҳамвор ба сарҳади ноҳияи Шамсиддини Шоҳин расидем. Ниёб, Хирманҷо, Ёл, баъдтар маркази ноҳия ва охирон Тебалай, Боғистон, Кӯлоб ва Восеъ. Дар Восеъ 2 ҳамроҳамон – Талабшоҳ ва Ҳофиз ба мошини кирокаш нишаста, ба Душанбе рафтанд. Ману Исматулло ба деҳаи Тосқалъа ба дидани ҳамкурсаш Ғулом Музаффаров рафтем. Пагоҳ роҳамонро тавассути ноҳияи Темурмалик давом дода, аз деҳаи Хуррамзамини ноҳияи Данғара баромадем. Баъдан, ба воситаи роҳи автомобилгарди Данғара-Леваканд-Бохтар ба Хуросон расидем. Дар маҷмуъ, 1100 километр дар давоми 6 рӯз роҳу ноҳияҳоро тай намуда, ба манзилҳои иқоматӣ баргаштем. Дар ин сафари 6 — рӯза бо як қатор чеҳраҳои гуногуни ватандорони соҳибкасб, табиати гармо ва салқини Ватанамон шинос шудем.
…Бо роҳи ағбаи Хобурубот ба ноҳияи Дарвоз рафтан дар моҳҳои барфу боронӣ ба ҳаракати нақлиёт мушкил ба миён меоварад. Баландии ағба 3000 метрро ташкил медиҳад ва агар ҳукумати марказӣ барои аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ин роҳи мавриди истифода аз нав таваҷҷуҳ мекард, бисёр хуб мешуд. Ин роҳи алтернативӣ агар аз Дарвоз то Душанбе 280 километрро ташкил диҳад, роҳи наву ҳамвори Дарвоз — Кӯлоб — Душанбе 371 километр мебошад. Агар роҳи ағбаи Хобурубот аз нав таҷдид мегардид, мусофирону нақлиёти боркаш ҳам аз нигоҳи масофа ва ҳам аз сарфаи вақт бурд менамуданд.
Зайнулобиддин Ҳусейнов,
омӯзгори мактаби №12, ноҳияи Ёвон