МАДАДГОРИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

Оламе, ки моро иҳота кардааст, ниҳоят аҷиб ва мураккаб мебошад. Инсоният дар тамоми давраҳои таърих кӯшиш бар он намудааст, ки мавҷудияти қувваҳо, ҳаракати ҷисмҳо, материя, гармию сардӣ ва сахтии ҷисмҳо, қонун ва қонуни мазкур табиатро омӯзад, то ки сатҳу сифати зиндагии худро бо кашфиёти илми физика тағйир диҳад.
Ҳама мавҷудоти табиат дар назари инсонҳо муаммо менамояд, лекин мо, инсонҳо, бояд кӯшиш намоем, ки сирри ин муаммоҳоро кушода, дарк намоем, ки барои чӣ, чаро ва чӣ тавр ин ё он ҳодисаи табиат ба амал меояд.
Агар ба илми таърих назар афканем, дармеёбем, ки нахустин инсонҳо дар бораи рӯшноӣ, торикӣ, соя, сахт ва моеъ будани ҷисмҳо ва ҳатто, дар бораи одитарин қонунҳои табиат маълумот надоштанд. Ба вуқуъ омадани баъзе ҳодисаҳои табиат боиси пайдо шудани тарсу ваҳм дар вуҷуди онҳо гардида буд. Табиат ва ҳар он чизе, ки ҷаҳони инсониятро иҳота намудааст, инсонҳоро водор намуд, то ки онҳо дар бораи ҳодисаҳои табиат фикр кунанд ва онҳоро омӯзанд ва дар ҳаёти рӯзмарраи худ истифода намоянд. Ҳамин тавр, инсоният ба омӯзиши илми физика шуруъ намуд.
Физика, ки маънояш “табиат” мебошад, як илми беканор аст. Тавассути илми физика инсон бештар боақлу бохирад ва тафаккураш баланд мегардад. Ӯ дар назди ҳодисаҳои фавқулодаи табиат оҷиз намонда, онҳоро меомӯзад, қонунҳои табиатро муқаррар мекунад ва онҳоро ба манфиати худ истифода мебарад. Вобаста ба омӯзиши навъҳои ҳаракати материя физика ба панҷ қисм ҷудо мешавад: механика, физикаи молекулӣ ва асосҳои термодинамика, электрик ва магнитизм, оптика ва физикаи квантӣ (физикаи атомӣ ва ядроӣ).
Олимони маъруф Архимед, Афлотун, Арасту, Суқрот, М.Фарадей, А.Эйнштейн, Г.Галилей, Ҳ.Ҳертс, И.Нютон, А.Сино, А.Берунӣ, Б.Паскал, М.Ломоносов, А.С.Попов ва дигарон бо кашфиёт ва тадқиқоти худ вобаста ба илми физика тавонистанд зиндагии инсониятро боз ҳам беҳтар намоянд.
Дар инкишофи илми физика саҳми олимони рус низ зиёд мебошад. Аз ҷумла, назарияи кинетикии гармӣ, қонуни бақои ҳаракат ва материяро Ломоносов, машинаи буғиро Ползунов, лампаи электрикиро Лодигин ва Яблочков, камони электрикиро Петров, қонуни фотоэффектро Столетов, фишори рӯшноиро Лебедев, радиоро Попов, асосҳои аэродинамика ва назарияи авиатсияро Жуковский, гидродинамикаро Бернули кашф ва пешниҳод намудаанд.
Саҳми олимон ва мутафаккирони халқи тоҷик низ дар пешрафти илми физика назаррас мебошад. Мутафаккири барҷастаи халқи тоҷик Абуалӣ ибни Сино доир ба маънидоди ҳодисаҳои гуногуни табиат дар асарҳояш фикрҳои ҷолиб баён намудааст. Ӯ дар бораи механизмҳои сода ва татбиқи амалии онҳо дар асарҳояш маълумоти муфид додааст. Физикдонҳою астрономҳои тоҷик С.Умаров, А. Адҳамов, Б. Нарзуллоев, П.Бобоҷонов ва дигарон бо тадқиқоту кашфиёти худ шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардаанд. Дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пажуҳишгоҳҳои физикаю техника ва астрофизика фаъолият менамоянд, ки дар онҳо як қатор олимони машҳури ҷумҳурӣ доир ба соҳаҳои гуногуни физика, астрономия ва техника корҳои тадқиқотӣ мебаранд.
Дар асри 21 омӯзиши илми физика барои оламиён боз ҳам муҳимтар гардидааст, зеро бе илми физика пешрафти техника ва технологияи муосир амри муҳол аст. Рушди технологияи ҳозиразамон ба омӯзиши илми физика вобастагии зич дошта, тамоми илмҳо аз он сарчашма мегиранд.
Эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ба олимони илми физика дар оянда имкон медиҳад, ки бо тадқиқоти илмии худ навгониҳои зиёдеро ба амал оварда, дар пешрафти кишвари азизамон саҳми арзанда гузоранд.

Сабзбаҳор Кӯчакшоева,
омӯзгори физикаи МТМУ №4
ба номи Б.Асоева,
шаҳри Ваҳдат