ПАЖУҲИШГАР, ТАРҶУМОН ВА ЗАБОНШИНОС

Доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи забони англисӣ ва типологияи муқоисавии факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Абдусалом Мамадназаров инсонест арҷманду гиромӣ ва пажуҳишгарест оқилу фозил.
Ӯ ба ҷуз муаллим будан боз забоншиноси чирадаст, мутарҷими тавоно ва луғатнигори дақиқкор низ мебошад. Аз умри 75-солаи худ наздики сӣ соли онро ба таълифу таҳияи фарҳангномаҳои тарҷумавии англисию тоҷикӣ бахшидааст. Муаллим рисолаи номзадияшро соли 1986-ум ва докторияшро соли 2014-ум дифоъ намудааст, яъне фосилаи байни кори номзадию докторӣ 27 солро дар бар мегирад ва дар чунин муддат табиист, ки устод баробари анҷом додани пажуҳиши илмии фаровон ва рисолаҳои арзишманд дар риштаи забоншиносии муқоисавӣ пайваста дар таҳияву таҳрир ва такомули луғатнома низ будааст.
Профессор А. Мамадназаров муаллифи беш аз 140 асари илмӣ, дастури таълимӣ ва рисола буда, ҳамчун тарҷумони тавоно беш аз 20 асари илмӣ ва таърихию фарҳангиро бевосита аз забони англисӣ ба забони тоҷикӣ ё аз тоҷикӣ ба англисӣ тарҷума кардааст.
Мавсуф ба сифати муаррифи забоншиносии муқоисавии тоҷик дар конференсияву ҳамоишҳои байналмилалӣ дар як қатор шаҳрҳои дунё, мисли Лондон, Вашингтон, Амстердам, Индиана, Блумингтон, Висконсин, Ванкувер, Тошканд, Самарқанд, Бишкек, Ҳирот… суханронӣ кардааст. Номбурда солҳои 1993-1994-ум дар Донишгоҳи Бритиш Коламбияи шаҳри Ванкувери Канада ҳамчун устоди забони англисӣ кор мекард, соли 2000-ум дар Донишгоҳҳои Индиана ва Ҷон Ҳопкинс, Вашингтон ДС дар мавзуи «Низоми макотиби олии ИМА» шуғли пажуҳиши илмӣ дошт.
Устод А. Мамадназаров профессори ҷаҳонгашта аст. Солҳои 1996-1998-ум мавсуф ба сифати ҳамкотиби Комиссияи муштараки Ҳукумати Тоҷикистон барои таъсис ёфтани Донишгоҳи байналмилалӣ дар шаҳри Хоруғ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, Россия, Америка, Канада, Британияи Кабир, Шветсария, Франсия, Германия, Покистон, Непал сафар анҷом дода, бо низоми илму таълим ва тарбияи макотиби олии пешқадамтарини ин сарзаминҳо аз наздик ошно гардид.
Дар хусуси баъзе вижагиҳои «Фарҳанги англисӣ-тоҷикӣ», (таҳияи А.Мамадназаров, нашри сеюм), ки соли 2011-ум чоп шудааст, чанд сухан мегӯем. Ин фарҳанг фарогири 1015 саҳифа буда, аз бахшҳои дебоча ба ду забон: англисӣ ва тоҷикӣ, рӯйхатти адабиёт, аломатҳои овоӣ, раҳнамои фарҳанг, ихтисораҳои шартӣ, алифбои ҳарду забон ва худи фарҳанг иборат буда, дар охир 23 замима оварда шудааст, ки дар онҳо феҳристи феълҳои аз рӯи қоидаи умум тасрифнашаванда, забони англисии Британия ва Америка, ойини кӯтоҳнависӣ дар ҳар ду забон, номҳои ҷуғрофиёӣ, тарзҳои хитоб, пешванду пасвандҳо, воҳидҳои арзии кишварҳои дунё ва ғайра тазаккур ёфтаанд. Лозим ба таъкид аст, ки худи ҳамин фарҳанг, чунонки муаллиф низ дар муқаддимаи он ишора кардааст, маҳсули заҳмати беш аз 20-солаи мавсуф ҳисоб ёфта, як навъ ҷамъбасти таҷрибаи тарҷумаи бевосита аз забони англисӣ ба тоҷикӣ ва аз тоҷикӣ ба англисӣ мебошад ва барои ашхосе, ки ба омӯзиши васеи забонҳои англисӣ ва америкоӣ рағбат доранд, инчунин, барои хориҷиёни омӯзандаи забони тоҷикӣ ҳамчун раҳнамои беназир хидмат менамояд. Фарҳанги мазкур ҳам барои тоҷике, ки забони англисиро меомӯзад ва ҳам ба америкоӣ ё британиягие, ки хостори омӯзиши забони тоҷикист, баробар зарур аст. Дар маҷмуъ, фарҳанги мавриди баррасӣ ба хонанда аз ҷиҳатҳои зер мадад мерасонад: 1) барои бо забони англисӣ беҳтар ҳарф задану навиштан; 2) зуду осон аз худ кардани забони англисӣ; 3) роҳ надодан ба ғалатҳои маъмул; 4) ба таври самарбахш омӯхтани забони англисӣ.
Ба ин тариқ, дар фарҳанги мазкур 100 ҳазор калима ва ибораҳои озоду рехта, 200 ҳазор тарҷума ва шарҳу тафсири унсурҳои луғавӣ, 8000 ҷумла, 1000 зарбулмасалу мақол зикр гардида, он барои ба таври қиёсӣ омӯхтани таркиби луғавии ҳар ду забон ба хонанда ёрӣ мерасонад.
Яке аз муҳассаноти ин фарҳанг ҳамин аст, ки муаллиф ҳангоми зикри моддаҳои луғавӣ теъдоди фаровони вожаҳои муродифиро зикр намудааст, ки он ба хонанда имкони интихоби дурус-ту саҳеҳи аносири луғавиро фароҳам меорад. Муаллифи фарҳанг барои шарҳи маъно ё тобишҳои мухталифи маъноии вожаҳо беш аз 8 ҳазор ҷумла овардааст, ки он ба омӯзандаи ин забон баҳри истифодаи дуруст ва бамавқеи воҳидҳои луғавӣ имкони хубе медиҳад.
Заҳмати фаровони профессор А. Мамадназаровро дар таҳияи ин фарҳанг аз ин нукта низ метавон дарк кард, ки номбурда ҳангоми зикри як ҳазор зарбулмасалу мақол аз додани маъноҳои таҳтуллафзии онҳо худдорӣ намуда, дар аксар мавридҳо муодилҳои тоҷикии онҳоро ҷустуҷӯ кардааст ва чунин иқдомаш натиҷаи хубе ба бор овардааст. Заҳматписандии профессор А. Мамадназаровро вақти дарёфти мувозии тоҷикии чунин зарбулмасалу мақолҳо аз ин чиз низ метавон дарк намуд, ки мавсуф танҳо бо пайдо намудани шакли ҳозираи онҳо қаноат накарда, аз пайи ҷустуҷӯи гунаи асримиёнагии онҳо низ шудааст. Чунончи, дар саҳифаи 395-уми фарҳангнома муаллиф шакли тоҷикии як зарбулмасали англисӣ: «даҳ ангушташ ҳунар»-ро зикр карда, баробари ин истифодаи шакли ба он наздикро аз ашъори Сайидои Насафӣ пайдо намудааст, ки он чунин аст: «Боғбон ризқи худ аз пушти гулистон мехӯрад».
Устоди арҷманди мо шахси басо хоксор аст ва чунин фурӯтанияш ба дониши қавӣ доштани ӯ сахт робита дорад. Муҳаммад Ҳиҷозӣ мефармояд, ки «дониши ноқис худсозию такаббур ва тамаллуқу ҳирс ва кинатӯзӣ меоварад, дониши комил-озодагӣ ва фурӯтанию қаноат». Устод А. Мамадназаров, воқеан, шахси дорои дониши комил аст.
Устоди гиромии мо ба синни камолоти 75-солагӣ қадам ниҳод. Мо ба он кас саломатӣ, комёбӣ ва саодати рӯзгор орзу дорем.
Абдуҷамол Ҳасанзода,
доктори илмҳои
филологӣ, профессори
ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров