МАРДЕ САРОПО МАЪРИФАТ

Хушқадам Холиқов, омӯзгори русто, публитсист, вакили мардумӣ ва ходими давлатию ҷамъиятӣ, аз қабили инсонҳои сарбаланду босаодат буд, ки дар деҳистони Бунай, Ҷамоати деҳоти Ҷовидони ноҳияи Ванҷ ба ҷаҳон омад. Ӯ марди заминӣ, хоксор, босабру пуртамкин ва боандешае буд.
Бемаврид ҳарф намегуфт ва ҳам ба ҳар ош нахӯди пеши қошуқ намешуд, ҳарчанд ки ҳунари баланди маъракаороӣ ва суханофарӣ дошт. Бештар суҳбати мардум ва аҳли зиёро мепазируфт ва ҳарфи ширадору бонамакаш мухотабро ба худ ҷазб месохт ва ҳар кӣ боре мешунидаш, муошираташро бо мардум медид, раҳу рафторашро бо аҳли ноҳия, деҳа ва оила ташхис мезад, чун ӯ будану чун ӯ шуданро орзу менамуд, зеро Хушқадам аз рисолати баланди инсонӣ ва мукарраму ба ҳам баробар будани одам ба хубӣ огаҳ буд ва аҳли дилро дарк мекард, мешинохт ва ҳамин шинохти инсонҳо ӯро барои ҳамагон азизу маҳбуб, бародар ва дӯсти беғараз, маслиҳатгар ва раҳнамо гардонда буд.
Мутолиаи китобро он гуна дӯст медошт, ки дар мактаб «Маҷнуни китоб»-аш лақаб ниҳода буданд. Аз кадомин шоиру нависандаи ҷаҳонӣ, классикони тоҷику форс ва ё адибони муосири тоҷику рус ё кишварҳои ҳамсоя сухан ба миён меомад, омода буд, ки муҳтавои осорашонро қисса кунад, пораи матни асарҳояшонро аз ёд бигӯяд ва ё аз шоҳбайтҳояшон бо садои хуш замзама кунад.
Бемуболиға, Хушқадам Холиқов аз зумраи маъруфтарин чеҳраҳои сиёсиву фарҳангии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз бузургони деҳнишин маҳсуб мешуд, ки бо заҳмати ҳалолу хирадмандӣ роҳи пурпечутобу шарафманди омӯзгорӣ, раисии ҷамоати деҳот, мудирии шуъбаи маорифи ноҳия, муовинии якуми раиси ноҳияи Ванҷ ва вакилии ВМКБ-ро сипарида, номи худро бо донишу фаросат, покзамирӣ, инсоншиносиву сиёсатмадорӣ ва ворастагӣ вирди забонҳову дар дилҳои мардум ҷо бинамуд.
Имрӯз мардуми кӯҳистон бар он назаранд, ки Хушқадам Холиқов ҳамчун омӯзгор аз дониши таърихӣ низ васеъ бархурдор ва дар қаламрав аз тамоми пасту баланд ва соҳоти ВМКБ огаҳ буд. Ӯ аз навоҳии Ванҷу водии Вахё бештар медонист; медонист, ки ин гиёҳ ва оби он чашма ба кадом дард давост, ки мардуми ин деҳистон кай ва аз кадом гӯша ба кӯҳистон омада ва мардуми фулон деҳистон кай ва аз куҷо; паҳлавононро, омӯзгоронро, табибонро, асилзодагонро, ширинкоронро, ҳунармандонро, воизонро, ҳикматшиносонро, оҳангаронро, боғдоронро, ғаллакоронро, пирмуродонро, бунёдгарони кӯҳистон – қариб ҳамаро ном ба ном медонист ва барояшон таври хосса эҳтиром қоил буд.
Аз таърихи саркардагони Иттиҳоди Шуравӣ ва поягузорони Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат ороста, ба ҳар суоли печидае огаҳона посух мегуфт. Бесабаб набуд, ки файласуфи шинохташудаи тоҷик Комил Бекзода ӯро «Энсиклопедияи зиндаи Ванҷ» баҳогузорӣ карду мардум ҳамонро пазируфт, зеро ба ҳар муҳаққиқу пажуҳандае донистани таърихи кӯҳистон зарур меафтод, ҳатман ба ин марди тезҳуш рӯ оварда, мадракҳои воқеияшро мавриди корбаст қарор медод ва ё масоили назарашро пӯё мешуд. Ӯ дар ин мавридҳо ҳеҷ гоҳ «не» бар забон наоварда ва аз касе мададашро дареғ надошта.
Ин ҳам асрор намонда, ки Хушқадам Холиқов аз сари хоксорӣ хешро дар радифи олимону соҳибназарон намениҳод, вале сухану афкори қотеу воқеиаш хирадмандии ӯро бозгӯ месохт. Ҳамзамон, ӯ дар русто худро нависандаву шоир ва публитсист низ эълон намедошт, аммо асарҳое, ки ба зевари чоп ороставу дастраси мардум гардондааст, аз савқу истеъдод ва ҳунари модарзодияш мегӯянд. Мавсуф аз зумраи аввалин ходимони давлатӣ ва маҳаллии ноҳияи Ванҷ аст, ки китобҳои публитсистии «Сарнавишти падар», «Ванҷ дар роҳи маърифат», «Табибони Ванҷ», «Баракати умр», маҷмуаи шеърии «Шабранги хаёл», романҳои «Кӯҳи оҳан» ва «Сояи мурғи Ҳумо» (бо ҳаммуаллифии банда) — ро дар солҳои гуногун интишор додааст.
Ин нукта саҳеҳ аст, ки лавҳаву очерк ва ҳикоёти ӯ ба хонанда руҳу равони тоза ва нафаси гарм мебахшанд. Бахусус, ҷавонон пас аз мутолиаи нигоштаҳои табиии Хушқадам дармеёбанд, ки дар наврасӣ ва ҷавонӣ чӣ гуна бояд буд? Гоҳи интихоби пешаи омӯзгорӣ, сарвари мактаб таъйин шудан, ё вазифаҳои пурмасъуляти давлатиро ба ҷо овардан, кас ба дигарон, бо шогирдону одамон бояд чӣ гуна муошират кунад? Мавсуф тавре дар зиндагӣ ба шогирдон таълим медоду ба муаллимони ноҳия сарварӣ мекард, дар асарҳояш низ аз намунаҳои рафтору кирдори инсони бомаърифати замон дақиқан хирмани пурбори маънӣ ва фазилати олӣ мегустард.
Ин аст, ки омӯзгори ҳунарманди русто ва вакили тавонои мардум Хушқадам Холиқовро раиси вақти Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед масъулиятшиностарин ва пуркортарин раҳбар ва вакили мардумӣ донистааст. Олими рус, профессор Сергей Левин вайро беҳтарин дӯст ва рафиқ хондааст. Адибону олимони номдори кишвар: Лоиқ Шералӣ, Гулназар, Раҳим Масов, Басир Расо, Нодир Одилов, Ҳайдаршо Пирумшоев, Комил Бекзода, Ғаффор Мирзо ва даҳҳо дигар ходимони сиёсию шахсиятҳои маъруфи ҷомеа ба зиндагиномаи Хушқадам баҳои хеле баланду ҳаққонӣ додаанд. Шоири халқии Тоҷикистон, шодравон Ширин Бунёд гоҳи ҳаёт худро на танҳо ошнову шиноси аҳли хонаводаи Хушқадам, балки яке аз бародарону дӯстони содиқи ӯ медонист.
Баъзеҳо бар ин ақидаанд, ки дар деҳот ва ноҳияҳои Тоҷикистон имкони эҷоди адабӣ вуҷуд надорад. Акнун бояд бори дигар сари ин мавзуъ биандешанд, ки илму фарҳанг дар замони мо дигар шаҳру деҳот надорад, балки масъулияти шахсӣ ва ҳуббулватанро тақозо менамояд.
Бо як калима, устод Хушқадам дар рӯзгори ноҳия ва кишвари мо як равшанфикри намунавӣ ва фидокору ростин буд. Кор ва фаъолияташ намунаи ибрат.
Аз ӯ ҳафт китоб, даҳҳо матлаби хонданӣ дар ҷаридаву маҷаллаҳои гуногуни тоҷик, боғи боҳашамати мева, ҷиҳози оҳангарӣ, сангҳои тарошидаи осиёб, ҳуҷраи барҳавои меҳмон ва 10 фарзанди некуному чандин набераву чабераҳо, ки ҳамагӣ аз пайи барумандтарин инсони русто ва шахсияти хушназари ноҳияи Ванҷ Хушқадам Холиқов рафтаанд, мерос мондаанд.

Сайдаҳмади Зардон,
нависанда