«ДАСТЁР»-И БЕМИННАТИ КИШОВАРЗОН

Солҳои ахир дар ноҳияҳои Мастчоҳ, Спитамен, Ашт ва дигар мавзеъҳои ба ин ноҳияҳо ҳаммарз ин намуди лаклакҳо зуд-зуд ба чашм мерасанд. Охири тирамоҳ то аввали баҳор дар найзорҳо, заҳбурҳо, заминҳои кишт селаи лаклакҳоро метавон дид. Дар ин мавзеъҳо онҳо бештар барои худ ғизо ҷустуҷӯ мекунанд.
Баъди дастрасӣ бо ғизо баъзан ин ҷойҳоро барои истироҳат муносиб дониста, муддати тӯлонӣ бо як пой рост истода, дам мегиранд. Сипас, қариби шом тарки макон карда, барои гузаронидани шаб ба ҷойҳои ба одамон номаълум парвоз карда мераванд.
Баробари фаро расидани ҳавои гарми баҳор ин парандаҳо села-села дар заминҳои юнучқа ва пахта пайдо мешаванд. Майдони фурудоии онҳо, ки одатан макони зисти малахҳо ва дигар ҳашароти зараррасон аст, майдони ҳавоии шаҳрҳои бузургро мемонад. Аввал чанд лаклак пайдо шуда, болои он майдон парвози “кашшофӣ”-ро анҷом дода, оҳиста–оҳиста ба замин наздик шуда менишинанд. Пас аз гузашти муддате шумораи зиёди лаклакҳоро метавон болои он майдони “интихобшуда” мушоҳида кард.
Лаклакҳо мисли тайёраҳои омодаи нишаст ба фурудгоҳ, тадриҷан, бо навбат ба замин фуруд меоянд. Ин парандаҳо бо навбат, села — села ҳар кадом, мувофиқи хатти парвози худ ба замин мешинанд, ки байнашон фосилае вуҷуд дошта, ба парвози якдигар ҳеҷ гоҳ халал намерасонанд ва ҳамчунин, боиси озору нороҳатии лаклакҳои пеш аз онҳо нишаста намешаванд.
Лаклакҳои пештар фурудомада баробари нишаст ба канори киштзор ҳаракат намуда, паси ҳамдигар мисли дастаи кишоварзони ба коркарди замин омода, ҳар кадоме “саф”-и худро ишғол намуда, ба кор шуруъ мекунанд Дигар лаклакҳое, ки аз паси онҳо нишастаянду ва ҳанӯз дар ҳаво ҳастанд, низ ин амалро анҷом медиҳанд. Дар ин ҳолат оҳиста – оҳиста шумораи лаклакҳо ба 50-60 ва ҳатто бештар аз он мерасад. Баробари расидан ба охири қитъа, бо ҳамон сафи ташкилшуда мисли коргарони майдони пахта қатори нав мегиранд, ё ки такроран дар ҳамон саф буда, бозпас мегарданд.
Баъди сер шудан аз ғизо ё тамом шудани “майдони кор” боз бо тартиби муайяни пешакӣ банақшагирифташуда паси ҳам парвоз карда, аз назар нопадид мешаванд, гоҳе дар ҳаво болою поин аз ҳамдигар қанотҳои худро озодона кушода ба бозӣ медароянд ва овозҳои аҷиби кӯтоҳе ба атроф паҳн мекунанд. Баъзан онҳо ба майдоне, ки дар ҳамсоягӣ ҷой дошта, барои идомаи “кор” ё истироҳат парвоз карда мераванд.
Хушбахтона, ба сабаби ғайри қобили истеъмол будани гӯшти лаклакҳо аз нигоҳи мазҳабӣ ин парандаҳои беозор дар кишвари мо қариб шикор намешаванд, Бино бар ин, дар ин ҷойҳо аз одамон чандон ҳарос надоранд.
Вале ҳангоми наздиктар омадани одамон ба ҷои фурудоияшон бе ҳеҷ таҳлука, бо риояти қонуни парвози аҷдодӣ села-села аз ҷой ҷаста, ба парвоз медароянд. Аз мушоҳидаи ин манзара метавон тахмин намуд, ки дар дигар кишварҳо лаклакҳо дучори тири туфанги шикорчиёни қонуншикан мегарданд, вагарна аз одамон ин қадар ҳарос намекарданд. Ин расмро мо субҳи зуд дар замини пахтазор ноаён аккосӣ намудем. Ҷонваракон шояд фароғати шабонаро ба поён мерасониданд. Ҳангоми истироҳати села, ки шумори лаклакҳо ба бештар аз 70 — то мерасид, ду — се посбони навбатдор болои сари онҳо парвоз намуда, таъмини амнияти истироҳаткунандагонро анҷом медоданд. Чӣ тавре ки дар акс мебинед, ҳангоми истироҳат сафороии миёни лаклакҳо хуб риоят шудааст, ки вақти парвози ғайринақшавӣ ё оҷил боиси монеа нашавад. Сарфи назар аз шумори бисёри худ, ин парандагони беозор дар сарзамини мо меҳмонанд. Қариб дар ҳеҷ ҷой лона ва ҷои доимии шабгузаронии онҳо ба чашм намерасад.
Дар бештари мавридҳо инсон барои зиндагии боҳаловат ва серу пур манфиати “бародарони кӯчак”-и худро нодида гирифта, макони зисти онҳоро маҳдуд месозанд. Хушбахтона, гоҳе инсон ғайриихтиёр, бидуни тарҳрезии пешакӣ шароити хуби зиндагӣ барои онҳо низ муҳайё мекунад. Агар гузоратон ба шоҳроҳи Бекобод — Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистони ҳамсоя афтода бошад, ин чизро метавонед хуб ба мушоҳида бигиред. Миёни пахтазорон ва дигар зироатҳо хатти начандон баланди барқи аз замони Шуравӣ боқимонда мегузарад. Нуқтаи баланди онро лаклакҳо барои сохтани лона интихоб кардаанд Вақте ки аз посгоҳи Ойбек гузаштед, болои ҳар сутуни барқии оҳанин лонаи онҳоро мебинед. Аҷиб аст, ки чунин сутунҳои барқӣ дар ҳудуди мамлакати мо низ боқӣ мондаанд, вале дар болои онҳо лонаи лаклакҳоро намебинем.

Неъмати Неъматзода,
рӯзноманигор