Усулҳои фаъоли таълим дар синфҳои ибтидоӣ
Омӯзгори синфҳои ибтидоӣ барои пурсамар гардонидани дарсҳои худ бояд кӯшиш кунад, аз усулҳои муосири таълим васеъ истифода барад. Усулҳои муосири таълим, аз ҷумла, техникаи раҳнамунсоз, усулҳои хониши якҷоя, овозӣ, театрӣ, усули «Савол ба хонанда» барои баланд бардоштани маҳорату малакаи хондан ва беғалат навиштан мусоидат мекунанд.
Санавбар ДАДАЕВА,
омӯзгори мактаби №11,
шаҳри Душанбе
МАОРИФПАРВАРИ РАВШАНФИКР
Яке аз чоргонаҳои бузурги соҳаи маорифи башар, ки амалияи таҷрибӣ ва назарии он дар афкори педагогии асри 20 бо қарори ЮНЕСКО дарҷ гаштааст, бонуи итолиёӣ Мария Монтессори мебошад. Мавсуф табиб, педагог ва файласуф буда, соли 1896 соҳиби дипломи духтур – муолиҷагар гардида, нахустин духтурзани касбии итолиёӣ ба ҳисоб меравад.
Варқаи ЗАЙНИДДИН,
шаҳри Бохтар
ҲУНАРҲОИ МАРДУМИРО МЕОМӮЗАНД
Сокинони Ҷамоати деҳоти Қиблаии ноҳияи Рӯдакӣ, аз ҷумла, деҳаи Лойоб ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили дӯзандагӣ, бофандагӣ, тоқидӯзӣ, зардӯзӣ, зарбофӣ, ҷӯроббофӣ, сабадбофӣ, табақу қошуқ ва чӯбтарошӣ, сохтани асбобҳои мусиқиро ба роҳ мондаанд. Ба омӯзиши ҳунарҳо хонандагони мактаби мо низ машғуланд.
Абдусалом НОЗИМОВ,
омӯзгори МТМУ №129, ноҳияи Рӯдакӣ
ПЕШАИ АҲРИМАНӢ
Терроризм ҳамчун зуҳуроти зишттарин дар ҷомеаи инсонӣ таърихи дурудароз дорад. Аммо он дар охири асри 20 дар ҳошияи равандҳои ҷаҳонишавӣ босуръат ташаккул ёфта, алҳол барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба яке аз хатарҳои мудҳиш табдил ёфтааст. Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамеша ин зуҳурот ва пешаи аҳриманиро маҳкум намуда, ҷаҳониёнро даъват менамоянд, ки бар зидди тахрибкорон муборизаи беамон баранд.
Исфандиёр БАДАЛОВ,
ассистенти кафедраи таърих ва ҳуқуқи ДДК, ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари орому осуда аст. Моро мебояд, ки ҳамеша ба қадри неъмати бузург – сулҳу ваҳдат расем ва дар ҳифзи амнияту суботи Ватани азиз ҳамеша омода бошем. Бархе аз кишварҳои ҷаҳон мавриди ҳамлаҳои террористон қарор гирифтаанд ва аз пайомади нохуши омоли онҳо мардум ранҷ мебинанд.
Заррина РАҲМАТОВА,
омӯзгори ДМТ