Мактаби миёнаи №5-и деҳаи Дарғ таърихи тӯлонӣ ва ибратомӯз дорад, зеро дар ин боргоҳи илму маърифат шахсоне фаъолият доштанд, ки ҳар яке зиёда аз 30-40 соли умри хешро сарфи таълиму тарбияи насли навраси ин куҳандиёр кардаанд. Кадрҳои шуҳратёфта дар сар то сари ҷумҳурӣ ва берун аз он номбардори ин таълимгоҳанд.
Муаллим кист? Ишқу кунҷи хомӯшӣ дабистонаш,
Сабақ нодонию доно дилам тифли сабақхонаш.
Ҷомӣ
Кадрҳои ин мактаб сафир, вазир, мушовир (Нарзуллои Назар, Султон Сафар, Қурбон Восеъ) шуда, дар паҳлуи Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муаррифии Ватан дар арсаи байналмилалӣ заҳмат кашидаанд. Садҳо ҷавон соҳиби маълумот шуда, барои халқу Ватани хеш софдилона хидмат кардаанд ва карда истодаанд. Хонандагон ҳамасола Квотаи Президентӣ, Стипендияи Президентӣ, Стипендияи раиси ноҳия, Стипендияи Ойбибӣ Ашӯрова ва дигар мукофотҳоро соҳиб шудаанд. Хидмати софдилонаи зиёда аз 40 нафар омӯзгор бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон», «Аълочии маорифи ИҶШС» (Н. Боқиев) ва дигар мукофотҳо аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон қадр карда шудааст.
Чун ба озмунҳо хонандагону омӯзгорон довталаб мешуданд, ҳама пешакӣ мегуфтанд, ки ҷойи аввалро мактаби миёнаи №5 хоҳад гирифт. Онҳо (дигар мактабҳо) ҳарфе доштанду мо фахр мекардем, зеро: шоирро шеъри хуб, ҳофизро овози хуш, ҳунармандро дастранҷи зебо, муаллимро шогирди баркамол шуҳрат мебахшад.
Ҳадафи мо дар ин мақола устод Абдуваҳҳоб Шарифов мебошанд.
Муаллим чашми дилҳо боз созад,
Ҷаҳон бар одамӣ анбоз созад.
Муаллим он, ки дар анҷоми таълим
Зи шогирдони худ устод созад.
Яке аз омӯзгорони ҳалими ин диёр устод Абдуваҳҳоб Шарифов омӯзгори хоксор, шикастанафс ва ба касби хеш дилсӯз, ба хонанда меҳрубон, дар айни ҳол серталаб, бо ҳамкорон муносибати хайрхоҳона доштанд. Бо одамони қаллоб, дурӯғгӯ, коргурез ва дорои муносибатҳои манфӣ оштинопазир буданд. Ҳама вақт самараи кори хешро месанҷиданд, ҳамеша аз пайи ислоҳи камбудҳо ҷадал доштанд.
Ман се навбат ба устод Абдуваҳҳоб Шарифов шогирд будам ва фахр мекунам, ки бо чунин устод ҳамнишину ҳамкору ҳамсуҳбат шудаам.
Аввал устод Абдуваҳҳоб Шарифов ба мо аз фанни таърих ва ҳуқуқ дарс гуфтаанд. Ҳар дарси устод хотирмон аст. Хонанда ҳаракат мекард, ки аз дарс қафо намонад, чизе омӯзад.
Ҳамон солҳо устод барои худ дафтарчае сохта буданд, ки ҳама ҳодисоти таърихӣ бо рӯз ва солаш сабт шуда буд, яъне як навъ ҷадвали хронологӣ ва ба хонандагон санаҳои муҳимми таърихиро конспект мекунонданд. Он солҳо (солҳои рукуд) аз давлатдории халқи тоҷик на ҳама ҳарф задаву ҳикояҳои ҷолиб мекарданд. Ин замон шукр мекунем, ки соҳиби давлати миллӣ ҳастем, истиқлол насибамон гаштааст.
Оғози Ҷанги Бузурги Ватаниро бо мароқ нақл мекарданд, гӯё худашон дар майдони ҷанг бошанд, гоҳе бо эҳсосот гап мезаданду ба хоинони Ватан нафрат мехонданд.
Ҳар ҷумлаи устод бо ибораи “Гитлери лаин” оғоз мешуду бо ҳамин ибора хотима меёфт. Конститутсияро боб ба боб аз ёд медонистанд ва хуб тафсир мекарданд:
Дувум, пас аз хатми донишгоҳ соли 1983 ба сифати омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик ба кор омадам. Боз дар суҳбати устодон, дастгирии устодон, роҳнамоии устодон қарор гирифтам.
Устодон Шарифи Ниёз, Нурмаҳмади Ҳусейн, Бобо Аюбов маро ҳамеша дастгирӣ мекарданд. Бахусус, панду ҳикматҳои А.Шарифов, Қ.Авезов, Н.Расулов фаромӯшношуданист, — мегуфтанд.
— Шогирдонро фарзанди худ донед.
— Ин суханро дар гӯшатон ҳалқа кунед. Ва мегуфтанд, ки агар дар як синф 20 нафар хонанда бошаду ту соҳиби 5 фарзанд бошӣ, гӯё ту 25 фарзанд дорӣ.
— Ба шогирд хиёнат накунед, нағз дарс диҳед. Агар таълиму тарбия суст шавад, ҳеҷ кас шуморо намебахшад.
Насиҳатҳои устодро шогирдон Мирзоюсуф Одинаев, Муҳаммадсаид Давлатов, Нарзулло Қурбонов, Абдуҳамид Раҷабов, Холмаҳмад Бадалов бо ҷону дил қабул доштанд. Дар воқеъ, инҳо беҳтарин омӯзгор дар сатҳи ноҳия ба камол расиданд. Шогирдон ҳамеша панду насиҳатҳои устодро дар ёд доранд ва ҳамеша сипосгузоранд. Барҳақ, устод хазинаи панду андарз ва ҳикмат буданд.
Сеюм, устод дар арафаи ба нафақа баромадан буданд. Он замон мактаб баъд аз таъмир ва номгузорӣ ба қабули меҳмонон омода шуда буд. Меҳмони олиқадр, ҷонишини вазири маориф Ирина Каримова ба мактаб ташриф оварда, ба устод Абдуваҳҳоб Шарифов ва ман нишони “Аълочии маорифи Тоҷикистон”-ро супориданд.
Файзулло Боқизода,
омӯзгори нафақахӯр,
Аълочии маорифи Тоҷикистон