Субҳи 23 декабри соли 2022 мо Паёми Пешвои муаззами миллат-ро дастаҷамъона тариқи оинаи нилгун тамошо кардем. Дар бораи дастовардҳои назарраси Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан карда, Роҳбари давлат бори дигар мардумро ҳушдор доданд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати имрӯзаи Президенти кишвар саҳмгузор бошанд.
Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо, омӯзгорон, вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем. Ҷавонони мо давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, неруи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, ояндаи миллат буда, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо минбаъд низ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати Ҳукумат боқӣ мемонад.
Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти кишвар тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаро ба тариқи возеҳ таҳлил намуданд. Нахуст Сарвари давлат таваҷҷуҳи аҳли нишастро ба комёбиҳое, ки дар солҳои охир Тоҷикистон ба даст овардааст, равона намуда, изҳори қаноатмандӣ намуданд. Дар Паёми имсолаи худ Пешвои миллат бори дигар соҳаи афзалиятнок будани маорифро таъкид сохтанд. Инчунин, ба тадриҷ баланд бардоштани маоши омӯзгорон исботи он аст, ки дар ҳақиқат, таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба мактабу маориф бениҳоят зиёд мебошад. Ин амал мутахассисонро дилпур менамояд, ки фаъолияти худро баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат дучанд намоянд. Имрӯз омӯзгорон дар симои Пешвои миллат пуштибони боэътимоди худро мебинанд. Чунин таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар, мо — омӯзгоронро вазифадор менамояд, ки рисолати аслӣ — таълиму тарбияи насли навраси ояндасозро содиқона адо намоем.
Баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём зикр ёфтаанд, мо — омӯзгорон вазифадорем, ки мазмуну муҳтавои Паёмро хуб дарк намуда, онро ба мардум фаҳмонем, пеш аз ҳама, худ содиқона аз паи ба анҷом расонидани рисолати омӯзгории худ бошем.
Мо бояд ба хотири пешрафти давлати соҳибистиқлоламон ва Ватани азизамон – Тоҷикистони маҳбуб минбаъд низ сарҷамъона заҳмат кашем ва барои наслҳои ояндаи халқи худ мулки ободе мерос гузорем, то ки онҳо аз натиҷаи заҳмати ватандӯстонаи мову шумо ифтихор намоянд.
Маҳфиза Мукаррамова,
омӯзгори МТМУ №15,
ноҳияи Айнӣ